Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

А1

Қоидаву усули тарҷумаи Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас ба забонҳои қадимаи ибрӣ, арамӣ ва юнонӣ навишта шуда буд. Дар рӯзҳои мо он пурра ё қисман қариб ба 3000 забон дастрас аст. Аксари хонандагони Китоби Муқаддас он забонҳои қадимаро намедонанд, барои ҳамин тарҷумаи онро мехонанд. Пас, пурсидан бамаврид аст, ки Китоби Муқаддас бояд аз рӯйи кадом қоидаву усул тарҷума шавад ва «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддас аз рӯйи кадом қоидаҳо тарҷума шудааст.

Баъзеҳо чунин фикр доранд, ки тарҷумаи ҳарф ба ҳарф ва калима ба калима ба хонанда имкон медиҳад, фикри матни аслро ҳар чӣ дурусттар фаҳмад. Вале ин ақида на ҳамеша дуруст аст. Биёед якчанд сабабашро бинем:

  • Ҳеҷ ду забон аз ҷиҳати грамматикӣ, луғавӣ ва ҷумласозӣ як нестанд. Профессори забони ибрӣ С. Р. Драйвер навишта буд, ки забонҳо «на танҳо аз ҷиҳати грамматикаву решасозӣ, балки... бо тарзи баёни фикрҳо дар ҷумла фарқ мекунанд». Забонҳои гуногун аз қолабҳои фикрии гуногун истифода мекунанд. «Аз ин рӯ — суханашро давом медиҳад профессор Драйвер,— ҷумлабандию ҷумласозии забонҳои гуногун аз ҳам фарқ дорад».

  • Дар рӯзҳои мо ҳеҷ забоне аз ҷиҳати луғавию грамматикӣ ба забонҳои ибрӣ, арамӣ ва юнонии қадима айнан монанд нест. Аз ин рӯ тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи Китоби Муқаддас метавонад маънои матни аслро норавшан ва баъзан ҳатто хато баён кунад.

  • Маънои калима ё ибора вобаста ба матн гуногун буда метавонад.

Дар баъзе мавридҳо тарҷумон метавонад матни аслро як ба як тарҷума кунад, лекин ин корро бо эҳтиёти зиёд кунад.

Ана якчанд мисоли он ки тарҷумаи ҳарф ба ҳарфро нодуруст фаҳмидан мумкин аст:

  • Дар Навиштаҳо калимаи «хоб» баъзан ба маънои хоби аслию баъзан ба маънои хоби марг омадааст (Матто 28:13; Корнома 7:60). Дар ҷое ки калимаи «хоб» ба маънои марг меояд, тарҷумонони Китоби Муқаддас метавонанд рӯирост «ба хоби марг рафтан» гӯянд, то хонанда хоби аслӣ нафаҳмад (1 Таслӯникиён 4:13; 2 Петрус 3:4).

  • Павлуси расул дар Эфсӯсиён 4:14 ибораеро истифода мебарад, ки онро айнан «нард бозидани одамон» тарҷума кардан мумкин аст. Ин ибораи рехтаи қадимӣ ба фиреб кардани касе ишора мекунад, мисли он ки як бозингар дигареро дар бозии нард фиреб медиҳад. Дар аксари забонҳо тарҷумаи калима ба калимаи ин ибора маъно надорад. Агар он «фанду фиреби одамон» тарҷума шавад, маънояш хеле равшантар мешавад.

  • Дар Румиён 12:11 ибораи юноние истифода шудааст, ки онро айнан «ба рӯҳи ҷӯшон» тарҷума кардан мумкин аст, ки ба забони тоҷикӣ маънои ин ибораи юнониро дуруст баён намекунад. Аз ин рӯ дар ин тарҷума он «аз шӯру шавқи рӯҳ пур бошед» тарҷума шудааст.

  • МАТТО 5:3

    Айнан: «мискинон дар рӯҳ»

    Маъно: «онҳое, ки аз ниёзҳои рӯҳонии худ огоҳанд»

    Дар яке аз суханрониҳояш ҳазрати Исо ибораеро истифода бурд, ки бисёр вақт «Хушо мискинони рӯҳ» тарҷума шудааст (Матто 5:3, нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). Аммо чунин тарҷума дар бисёр забонҳо норавшан аст. Агар ин ибораро аз юнонӣ калима ба калима тарҷума кунӣ, хонанда гумроҳ шуда касеро тасаввур карда метавонад, ки саломатии рӯҳиву равонияш хуб нест ё бечораҳолу сустирода аст. Аммо мақсади Исо аз ин ибора ин аст, ки хушбахтии кас на ба қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмонӣ, балки ба ҷустани ҳидояти илоҳӣ вобаста аст (Луқо 6:20). Аз ин рӯ чунин тарҷума кардани ин қисми Матто 5:3 фикрро равшантар баён месозад: «Хушбахтанд касоне, ки муҳтоҷи Худо буданашонро медонанд» (Тарҷумаи оммафаҳми Китоби Муқаддас) ё «Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд».

  • Дар бисёр ҷойҳои Китоби Муқаддас калимаи ибрие, ки «рашк» ё «ҳасад» тарҷума шудааст, маънои ба ғазаб омадан аз бевафоии ёру дӯст ё ба чизу чораи дигарон чашм ало карданро дорад (Панднома 6:34; Ишаъё 11:13). Лекин ин калимаи ибрӣ маънои мусбат низ дорад. Масалан, он ба маънои бо «ғайрат» халқашро ҳимоя кардани Яҳува ё аз бандагонаш «вафодории бекаму кост» талабидани ӯ омадааст (2 Мӯсо 34:14; 4 Подшоҳон 19:31; Ҳизқиёл 5:13; Юил 2:18). Баъзан калимаи «рашк» ба садоқату вафодории бандагони Худо ишора мекунад, вақте онҳо тобу тоқат надоранд, ки касе Худоро сиёҳ кунад ё шахсеро ба Худо баробар донад (Забур 69:9; 119:139; 3 Мӯсо 25:11).

  • Калимаи ибрии «яд» одатан «даст» тарҷума мешавад, вале дар мавридҳои гуногун онро «ҳокимият», «саховатмандӣ», «қудрат» ва дигар хел тарҷума кардан мумкин аст

    Калимаи ибрие, ки одатан «даст» тарҷума мешавад, маъноҳои гуногун дорад. Вобаста ба матн он ба маънои ҳокимият, саховат ва қудрат омада метавонад (2 Подшоҳон 8:3; 3 Подшоҳон 10:13; Панднома 18:21). Барои ҳамин дар саросари «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддас ин калимаи ибрӣ ҳар хел тарҷума шудааст.

Ҳамаи ин сабабҳоро ба назар гирифта, гуфтан мумкин аст, ки ҳарф ба ҳарф тарҷума кардани матни Китоби Муқаддас кифоя нест. Тарҷумон бояд фикру андеша кунад, ки барои баёни фикри матни асл кадом калимаҳои забонашро истифода барад. Ғайр аз ин, ҷумлабандияш ҳам бояд мувофиқи грамматикаи забонаш бошад, то матн осонхон шавад.

Ҳамзамон тарҷумон набояд табиӣ мекунам гуфта, аз тарҷума ба тафсири матн гузарад ва маъноро дигар кунад. Дар чунин ҳол хатаре ҳаст, ки ӯ фаҳмиши хатои худро ба матн медарорад ё ягон нозукии муҳими матнро мепартояд. Гарчанд тарҷумаҳои тафсирӣ осонхону осонфаҳм буда метавонанд, баъзан аз маънои матни асл дур мераванд.

Баъзе таълимоти динӣ низ метавонад ба тарҷума таъсир кунад. Масалан, дар Матто 7:13 гуфта шудааст: «Васеъ аст он роҳе, ки сӯйи нобудӣ мебарад». Баъзе тарҷумонон, шояд, зери таъсири таълимоти динии худ ин ҷо «ҷаҳаннам» ё «дӯзах» гуфтаанд, ҳол он ки маънои калимаи юнонӣ «нобудӣ» аст.

Тарҷумон бояд ба назар гирад, ки Китоби Муқаддас ба забони одии оммафаҳм навишта шуда буд, яъне ба мардуми одӣ, аз ҷумла деҳқонон, чӯпонон ва моҳигирон, фаҳмо буд (Наҳемё 8:8, 12; Корнома 4:13). Тарҷумаи хуби Китоби Муқаддас ҳамонест, ки мазмунаш ба одамони гуногун фаҳмо аст. Аз ин рӯ беҳтар аст, ки ба ҷойи калимаву ибораҳои душвору камистеъмол калимаҳои фаҳмову мардумӣ истифода шаванд.

Бисёр тарҷумонони Китоби Муқаддас аз ҳад озодона рафтор карда, номи Худо, Яҳуваро, дар тарҷумаашон партофтаанд, ҳол он ки ин ном дар дастхатҳои қадимаи Китоби Муқаддас дида мешавад (Нигаред ба Замимаи А4). Аксар тарҷумаҳо ба ҷойи Яҳува «Худованд» навиштаанд, баъзеҳо бошанд, ҳатто ном доштани Худоро пинҳон кардаанд. Масалан, дар баъзе тарҷумаҳо суханони Исо, ки дар Юҳанно 17:26 оварда шудаанд, чунин садо медиҳанд: «Ман ба онҳо Туро ошкор кардам», дар Юҳанно 17:6 бошад: «Ман туро ба касоне, ки... ба ман бахшидӣ, шиносондам». Вале тарҷумаи аниқи ин суханони Исо чунин аст: «Ман номи туро ба онҳо шиносондам» ва «Ман номи туро ба одамоне, ки... ба ман додӣ, маълум намудам».

Дар пешгуфтори нашри аввали англисии «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддас чунин гуфта шуда буд: «Тарҷумаи мо аз ҳад озоду тафсирӣ нест. Мо кӯшиш намудем, ки, то ҷое ки забони англисӣ имкон медиҳад, онро ба матни асл наздик тарҷума кунем, вале эҳтиёт мешудем, ки тарҷума калима ба калима нашавад ва маънои матн норавшан нагардад». Мақсади Кумитаи «Тарҷумаи Дунёи Нав» ин буд, ки ба қадри имкон калимаву ибораҳо ба матни асл наздиктар тарҷума шаванд ва ҳамзамон матн нотабииву норавшан нашавад. Барои ҳамин ин тарҷума осонхон аст ва хонанда дилпур буда метавонад, ки Каломи Худо дурусту аниқ тарҷума шудааст (1 Таслӯникиён 2:13).