Забур 32:1-11
Таронаи Довуд. Маскил*.
32 Хушбахт аст касе, ки ҷинояташ бахшида ва гуноҳаш рӯпӯш шудааст.+
2 Хушбахт аст касе, ки Яҳува хатояшро ба ҳисоб намегирад+Ва дар вуҷудаш макре нест.
3 Вақте хомӯш мондам, устухонҳоям аз фиғоне, ки рӯзи дароз мекашидам, хушк шуданд,+
4 Зеро рӯзу шаб дасти* ту бар ман гаронӣ мекард.+
Қувватам мисли об дар гармои тобистон хушк шудааст. (Село)
5 Оқибат назди ту ба гуноҳам иқрор шудамВа хатоямро пинҳон накардам.+
Ман гуфтам: «Ҷиноятҳоямро ба Яҳува маълум месозам»,+Ва ту айбу хатоямро бахшидӣ.+ (Село)
6 Аз ин рӯ, то даме туро пайдо кардан мумкин аст,+Ҳар бандаи бовафоят ба ту дуо хоҳад гуфт+Ва селоб ба вай нахоҳад расид.
7 Ту паноҳгоҳи манӣ,Маро аз ғаму андуҳ ҳимоя мекунӣ.+
Маро халос мекунӣ ва бо нидоҳои шодӣ иҳота менамоӣ.+ (Село)
8 Ту мегӯӣ: «Туро ақлу фаҳм мебахшам ва ба роҳе, ки бояд биравӣ, ҳидоят мекунам.+
Туро насиҳат медиҳам, чашмам бар туст.+
9 Мисли асп ё хачир бефаҳм набошед,+Зеро ин ҳайвонҳои беқарор, то даме ки ҷилаву лаҷомашонро накашӣ, пешат намеоянд».
10 Ғами бадкор зиёд аст,Лекин ҳар кӣ ба Яҳува такя кунад, меҳру вафояш ӯро нигаҳбон аст.+
11 Эй росткорон, аз корҳои Яҳува шодию хурсандӣ кунед.
Нидоҳои шодӣ бароред, эй ҳамаи покдилон.