Ирмиё 1:1-19

  • Ирмиё пайғамбар таъйин мешавад (1–10)

  • Шохаи дарахти бодом (11, 12)

  • Деги ҷӯшон (13–16)

  • Худо Ирмиёро шаҳри ҳисордор мегардонад (17–19)

1  Суханони Ирмиёи* писари Ҳилқиёҳу — яке аз коҳинони* анотӯтӣ+ дар замини Бинёмин.  Дар рӯзҳои Юшиёи+ писари Омӯн,+ подшоҳи Яҳудо, дар соли 13-уми подшоҳии ӯ, паёми Яҳува ба Ирмиё омад.  Инчунин паёми Худо ба Ирмиё дар рӯзҳои Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, то анҷоми соли 11-уми Сидқиёҳуи+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, то даме ки сокинони Ерусалим дар моҳи панҷум ба асирӣ бурда шуданд, фиристода мешуд.+  Рӯзе аз Яҳува ба ман чунин паём омад:   «Пеш аз он ки дар шиками модарат туро ба вуҷуд орам, ман туро мешинохтам*+Ва, пеш аз он ки ба дунё биёӣ, ман туро барои хизмати худ ҷудо кардам*.+ Ман туро бар халқҳо пайғамбар таъйин намудам».   Аммо ман гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро! Охир, ман ҷавон ҳастам+ ва дуруст гап зада наметавонам».+   Яҳува ба ман гуфт: «Нагӯ, ки “ман ҷавон ҳастам”,Зеро ту бояд назди ҳар касе, ки туро фиристам, биравӣВа ҳар чиро, ки фармоям, бигӯӣ.+   Аз ҳайбати онҳо натарс,+ зеро Яҳува мегӯяд: “Ман бо ту ҳастам, то туро халосӣ диҳам”».+  Сипас Яҳува дасташро дароз карда, ба даҳонам расонид.+ Яҳува гуфт: «Ман суханонамро дар даҳонат гузоштам.+ 10  Инак, имрӯз туро бар халқҳо ва подшоҳиҳо таъйин кардам, то решакан ва чаппа кунӣ, нест ва хароб намоӣ, бино кунӣ ва шинонӣ».+ 11  Паёми Яҳува боз ба ман омад: «Эй Ирмиё, чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Шохаи дарахти бодомро*». 12  Яҳува ба ман гуфт: «Дуруст дидӣ, зеро ман барои иҷрои суханам бедорам». 13  Паёми Яҳува бори дуюм ба ман омад: «Чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Деги ҷӯшонеро дар шимол мебинам, ки сӯйи ҷануб хам карда шудааст». 14  Яҳува ба ман гуфт: «Аз шимол бар сари ҳамаи сокинони замин фалокате меояд.+ 15  Яҳува мегӯяд: “Ман ҳама қабилаҳои мамлакатҳои шимолро ҷамъ хоҳам овард+Ва онҳо омада, ҳар яке тахти худроДар рӯ ба рӯйи дарвозаҳои Ерусалим,+Гирдогирди ҳамаи деворҳояшВа ҳама шаҳрҳои Яҳудо мегузоранд.+ 16  Ман барои ҳамаи бадкорияшон ҳукми онҳоро мебарорам,Зеро онҳо маро тарк карданд+Ва барои худоёни дигар қурбонӣ оварда, дуд мекунанду*+Назди амали дастонашон саҷда мебаранд”.+ 17  Аммо ту камаратро бибандВа бархоста, ҳар чизеро, ки ба ту фармудам, ба онҳо бигӯй. Аз онҳо натарс,+То ман дар назди онҳо туро ба даҳшат наорам. 18  Ман имрӯз туро шаҳри ҳисордор,Сутуни оҳанин ва девори мисине бар зидди тамоми ин замин,+Подшоҳони Яҳудову мирони онВа коҳинону мардуми он гардондам.+ 19  Онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард,Лекин ғолиб нахоҳанд омад,Зеро Яҳува мегӯяд: “Ман бо ту ҳастам,+ то туро халосӣ диҳам”».

Поварақҳо

Коҳин — ниг. ба луғат.
Эҳтимол, маънояш «Яҳува сарбаланд мекунад».
Ё «интихоб кардам».
Дар матни асл «муқаддас гардондам».
Бодом аз аввалин дарахтонест, ки баҳорон «бедор шуда», гул мекунад, аз ин рӯ он дар забони ибрӣ «бедор» номида шудааст.
Ин ҷо ҳамчунин сӯзондани бухур дар назар буда метавонад.