Корнома 3:1-26
3 Боре, ҳангоме ки Петрус ва Юҳанно соатҳои сеи рӯз*, дар вақти дуогӯйӣ, ба ибодатгоҳ наздик мешуданд,
2 одамон шали модарзодеро бардошта оварданд. Он мардро ҳар рӯз назди дари ибодатгоҳ, ки Базеб ном дошт, мегузоштанд, то ӯ аз касоне, ки ба ибодатгоҳ меомаданд, садақа пурсад.
3 Вақте он марди шал дид, ки Петрусу Юҳанно ба ибодатгоҳ даромаданиянд, аз онҳо садақа пурсид.
4 Вале Петрусу Юҳанно рост ба ӯ нигоҳ карданд ва Петрус ба вай гуфт: «Ба мо нигоҳ кун».
5 Он гоҳ ӯ, ба умеди он ки ба ӯ чизе медиҳанд, сӯяшон назар дӯхт.
6 Петрус бошад, гуфт: «Нуқраву тилло надорам, лекин он чӣ дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исои Масеҳи носирӣ аз ҷоят хезу роҳ рав!»+
7 Баъд аз ин вай аз дасти рости мард гирифта, ӯро ба по хезонд.+ Ҳамон замон пойҳояш қувват гирифтанд+
8 ва ӯ аз ҷояш парида хесту роҳ гаштан гирифт. Он мард роҳравон ҷастухез мекард+ ва Худоро шукрона гуфта, бо онҳо ба ибодатгоҳ даромад.
9 Тамоми мардум диданд, ки ӯ роҳ меравад ва Худоро ҳамду сано мегӯяд.
10 Онҳо ин мардро, ки дар пеши дарвозаи Базеб+ нишаста, садақа мепурсид, шинохтанд ва аз он чӣ бо ӯ рӯй дода буд, сахт дар ҳайрат монданд.
11 Вақте ки он мард аз дасти Петрус ва Юҳанно дошта меистод, тамоми мардум ҳайратзада гашта ба назди онҳо, ба роҳрави сутундоре, ки роҳрави Сулаймон+ ном дошт, давида омаданд.
12 Петрус инро дида ба онҳо гуфт: «Эй мардони Исроил, чаро ин қадар ба ҳайрат омадед ва чаро ба мо тавре нигоҳ мекунед, ки гӯё мо бо қудрати худ ё худотарсиямон ӯро шифо дода бошем?
13 Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб,+ Худои бобоёнамон, Хизматгораш Исоро+ ҷалол дод.+ Шумо бошед, Исоро ба марг супурдед+ ва дар пеши Пилотус, ки мехост ӯро озод кунад, аз вай рӯ гардондед.
14 Бале, шумо аз шахси поку росткор рӯ гардонда, озод кардани одамкушеро талаб кардед,+
15 Роҳнамои ҳаётро бошад, куштед.+ Аммо Худо ӯро аз мурдагон зинда кард ва мо шоҳиди ин ҳастем.+
16 Ин марде, ки шумо мебинеду мешиноседаш, ба воситаи номи Исо ва ба воситаи имоне, ки ба номи ӯ дорем, бардаму бақувват шуд. Имоне, ки ба воситаи Исо дорем, ин мардро дар пеши назари ҳамаи шумо сиҳату саломат кард.
17 Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо ҳам мисли роҳбарони худ+ ин корро аз рӯйи нодонӣ кардед.+
18 Аммо Худо бо ин роҳ он чиро, ки пешакӣ ба воситаи ҳамаи пайғамбарон гуфта буд, ба амал овард, яъне онро, ки Масеҳи ӯ азобу уқубат мекашад.+
19 Пас, тавба кунед+ ва сӯйи Худо баргардед,+ то гуноҳҳои шумо шуста шаванду+ бароятон аз ҷониби Яҳува мавсими тароват фаро расад
20 ва ӯ Масеҳи бароятон таъйиншуда — Исоро, бифиристад.
21 Ин Исо бояд то замони барқарор кардани ҳама чиз дар осмон бимонад, ҳамон тавре ки Худо ба воситаи пайғамбарони муқаддаси даврони қадим пешгӯйӣ карда буд.
22 Мӯсо гуфта буд: “Худоятон Яҳува аз байни бародаронатон пайғамбаре мисли ман ба миён меорад.+ Ба ҳар сухани ӯ гӯш диҳед.+
23 Ҳар касе ба он пайғамбар гӯш надиҳад, аз миёни қавми худ нест карда мешавад”.+
24 Ҳамчунин ҳамаи пайғамбарон, аз Самуил сар карда, кушоду равшан дар бораи ин айём пешгӯйӣ карда буданд.+
25 Шумо писарони он пайғамбарон ва писарони аҳде ҳастед, ки Худо бо бобоёнатон баста буд,+ ҳангоме ки ба Иброҳим чунин гуфт: “Ҳамаи хонаводаҳои рӯйи замин ба воситаи насли ту баракат меёбанд”.+
26 Худо Хизматгорашро ба миён оварда, ӯро аввал назди шумо фиристод,+ то ҳар яки шуморо аз корҳои бадатон баргардонда, баракат диҳад».
Поварақҳо
^ Дар матни асл «соати нуҳум [пас аз баромадани офтоб]».