Панднома 7:1-27
7 Эй писарам, гуфтаҳоямро риоя кунВа амрҳоямро нигаҳ дор.+
2 Амрҳоямро ба ҷо оварда, умри дароз бин,+Дастури маро чун гавҳараки чашм нигаҳ дор.
3 Онҳоро ба ангуштонат бибандВа бар лавҳи дилат бинавис.+
4 Ба хирад бигӯ: «Ту хоҳари ман ҳастӣ»Ва фаҳмро хеши худ бихон,
5 То худро аз зани бероҳа*+ нигаҳ дорӣ,Аз зани бадахлоқ ва суханони дилфиреби ӯ.+
6 Рӯзе аз тирезаи хонаам,Аз панҷара, назар андохтам
7 Ва содаҳоро мушоҳида кардам.
Дар миёни ҷавонон беақлеро дидам.+
8 Ӯ аз канори кӯчаи вай мегузаштВа сӯйи хонааш мерафт,
9 Вақти офтобнишин, шомгоҳон,+Қарибии шаб ва зулмот, аз он ҷо гузар мекард.
10 Сипас ман занеро дидам, ки ба пешвози ӯ баромад,Либосаш мисли фоҳиша+ ва дилаш пур аз макр буд.
11 Ӯ серғавғову худсар аст,+Пояш аз кӯча канда нест*.
12 Ӯ як дар қади кӯча асту як дар майдонҳо,Дар назди ҳар гӯша камин мегирад.+
13 Ӯ он ҷавонро қапиду бӯса кардВа берӯёна ба вай гуфт:
14 «Ман бояд қурбониҳои осоиштагӣ+ меовардамВа имрӯз назрҳоямро* иҷро кардам.
15 Аз ин рӯ ба пешвози ту баромадамВа туро кофта, ёфтам.
16 Бар ҷогаҳам матоъҳои базеб,Катони мисрии ранга, паҳн кардаам,+
17 Бар бистарам мурру уду дорчин пошидаам.+
18 Биё то саҳар аз ишқбозӣ сер шавемВа сармасти бӯсу канор гардем,
19 Зеро шавҳарам дар хона нест,Ба сафари дур рафтааст.
20 Ӯ бо худ халтаи пул гирифтаастВа то рӯзи моҳи пурра барнамегардад».
21 Бо суханони дилфиреби бисёр ӯро гумроҳ месозад+Ва бо ширинзабонӣ фирефта мекунад.
22 Ӯ дарҳол аз пайи вай меравад,Мисли гове, ки ба куштан мебарандаш,Мисли аблаҳе, ки бо занҷирҳо ҷазояш медиҳанд,+
23 То даме ки ба ҷигараш тир хӯрад,Мисли парандае, ки сӯйи дом мешитобаду намедонад, ки ҷонашро аз даст медиҳад.+
24 Акнун, эй писаронам, ба ман гӯш диҳед,Ба суханони даҳонам диққат кунед.
25 Эй писарам, нагузор, ки дилат ба роҳҳои ӯ майл кунад.
Ба пайраҳаҳои вай қадам намон,+
26 Зеро аз пушти ӯ бисёриҳо нобуд гаштаанд+Ва одамони зиёде аз дасти ӯ кушта шудаанд.+
27 Хонаи ӯ сӯйи гӯр мебарадВа ба таҳхонаҳои марг фуруд меравад.