2 Мӯсо 19:1-25
19 Дар моҳи сеюми аз Миср баромадани исроилиён, худи ҳамон рӯз, онҳо ба биёбони Сино омаданд.
2 Исроилиён аз Рафидим+ баромада, ба биёбони Сино омаданд ва дар биёбон, дар рӯ ба рӯйи кӯҳ, хайма заданд.+
3 Мӯсо ба кӯҳ назди Худо баромад ва Яҳува аз кӯҳ ӯро хонда,+ гуфт: «Ба хонадони Яъқуб, ба халқи Исроил, чунин бигӯ:
4 “Шумо бо чашмони худ дидед, ки ман бо мисриён чӣ кор кардам,+ то шуморо бар болҳои уқобон назди худ орам.+
5 Акнун, агар бечуну чаро ба овози ман гӯш диҳед ва аҳди маро риоя кунед, шумо аз байни ҳамаи халқҳо ганҷи барчидаи ман мешавед,+ зеро тамоми замин аз они ман аст.+
6 Шумо бароям халқи муқаддас ва коҳиноне* хоҳед шуд, ки подшоҳӣ мекунанд”.+ Ба исроилиён ин суханонро бирасон».
7 Мӯсо рафта, пирони халқро ҷамъ овард ва ба онҳо тамоми фармудаҳои Яҳуваро расонд.+
8 Он гоҳ тамоми халқ якдилона ҷавоб дод: «Ҳар он чиро, ки Яҳува гуфтааст, мекунем».+ Мӯсо дарҳол суханони халқро ба Яҳува расонд.
9 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Инак, дар абри сиёҳе назди ту меоям, то мардум бо ту гап задани маро бишнавад ва ба ту низ ҳамеша имон дошта бошад». Пас аз ин Мӯсо суханони мардумро ба Яҳува гуфт.
10 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Назди халқ бирав ва онҳоро имрӯз ва пагоҳ пок гардон ва онҳо бояд либоси худро бишӯянд.
11 Бигзор онҳо барои рӯзи сеюм тайёр шаванд, зеро дар рӯзи сеюм Яҳува дар назари тамоми мардум бар кӯҳи Сино фуруд меояд.
12 Ту бояд барои мардум гирдогирди кӯҳ ҳадде бигузорӣ ва ба онҳо бигӯӣ: “Бохабар бошед: ба кӯҳ набароед ва аз ҳадде, ки гузошта шудааст, нагузаред. Ҳар касе ба кӯҳ даст расонад, ҳатман кушта мешавад.
13 Бигзор ҳеҷ кас ба чунин шахс даст нарасонад, балки вай сангсор шавад ё тир зада* кушта шавад. Хоҳ одам бошад, хоҳ ҳайвон, бояд кушта шавад”.+ Лекин, вақте шох* садо диҳад,+ мардум метавонад ба кӯҳ наздик шавад».
14 Мӯсо аз кӯҳ фаромада, назди халқ омад ва онҳоро пок гардонд ва онҳо либосҳои худро шустанд.+
15 Ӯ ба мардум гуфт: «Барои рӯзи сеюм тайёр гардед. Бигзор мардон бо занони худ ҳамхоб нашаванд».
16 Саҳарии рӯзи сеюм раъду барқ шуду бар кӯҳ абри ғафсе фаромад+ ва садои баланди шох шунида шуд ва тамоми халқ ба ларза омад.+
17 Мӯсо халқро аз хаймагоҳ ба назди Худо баровард ва онҳо дар домани кӯҳ ҷойи худро гирифтанд.
18 Тамоми кӯҳи Синоро дуд фаро гирифт, зеро Яҳува дар оташ бар он фуруд омад.+ Аз кӯҳ, мисли он ки аз хумдон бошад, дуд мебаромад ва тамоми кӯҳ сахт меларзид.+
19 Садои шох торафт баланд мешуд ва Мӯсо сухан мегуфту Худо* ба ӯ ҷавоб медод.
20 Ҳамин тавр Яҳува бар қуллаи кӯҳи Сино фуруд омад. Сипас Яҳува Мӯсоро ба қуллаи кӯҳ даъват кард ва ӯ ба он ҷо баромад.+
21 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Фаромада, халқро огоҳ кун, ки ҳадро нагузаранд ва барои дидани Яҳува наздик наоянд, вагарна бисёре аз онҳо мемиранд.
22 Бигзор коҳинон, ки доимо назди Яҳува меоянд, худро пок гардонанд, то Яҳува онҳоро накушад».+
23 Баъд аз ин Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Халқ ба кӯҳи Сино наздик шуда наметавонад, зеро ту аллакай моро огоҳ карда гуфтӣ: “Гирдогирди кӯҳ ҳадде бигузор ва кӯҳро муқаддас гардон”».+
24 Аммо Яҳува ба ӯ гуфт: «Фаро ва ҳамроҳи Ҳорун баргашта биё. Аммо коҳинон ва халқ аз ҳадди гузошта нагузаранд ва ба Яҳува наздик нашаванд, то ки ӯ онҳоро накушад».+
25 Мӯсо фаромада, инро ба халқ гуфт.