САВОЛИ 5
Дар Китоби Муқаддас кадом хабари муҳим навишта шудааст?
«Ман дар байни ту ва зан, дар байни насли ту ва насли вай душманӣ меандозам. Вай сари туро хоҳад кӯфт ва ту пошнаи вайро хоҳӣ кӯфт»
(1 Мӯсо 3:15).
«Ҳамаи халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли ту баракат меёбанд, чунки ту ба гапи ман гӯш додӣ»
(1 Мӯсо 22:18).
«Подшоҳии ту биёяд. Хости ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад»
(Матто 6:10).
«Худои сулҳу осоиштагӣ бошад, ба қарибӣ Шайтонро зери пойҳои шумо партофта несту нобуд мекунад»
(Румиён 16:20).
«Пас аз он ки ҳама чиз ба ӯ тобеъ карда мешавад, худи Писар низ ба Оне, ки ҳама чизро ба ӯ тобеъ кардааст, тобеъ мешавад, то танҳо Худо бар ҳама ҳоким бошад»
«Ба Иброҳим ва насли ӯ [ки Масеҳ аст] низ ваъдаҳо дода шуданд... Ғайр аз ин, агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас, дар ҳақиқат, насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда»
(Ғалотиён 3:16, 29).
«Акнун қудрати бар ҷаҳон подшоҳӣ кардан дар дасти Худованди мову Масеҳи ӯст ва Худо чун подшоҳ то абад ҳукмронӣ хоҳад кард»
«Ҳамин тавр, аждаҳои бузург, яъне он мори қадимӣ, ки Иблис ва Шайтон ном дорад ва тамоми дунёро гумроҳ мекунад, бо фариштаҳояш ба замин партофта шуд»
«Ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки Иблис ва Шайтон аст, дастгир карда, ба муддати 1000 сол бандубаст намуд»