Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 7

Исо–пайғамбар кӣ буд?

Исо–пайғамбар кӣ буд?

Яҳува Исоро ба замин фиристод (1 Юҳанно 4:9).

Агар мо дили Яҳуваро хурсанд кардан хоҳем, бояд ба як шахсияти дигари муҳим гӯш диҳем. То офаридани Одам, Яҳува хеле пештар дар осмон як шахсияти бузурги рӯҳониро офарид.

Баъдтар, Худо ӯро ба замин фиристод, то ки дар Байт–Лаҳм аз духтари бокира бо номи Марям таваллуд шавад. Кӯдакро Исо номиданд (Юҳанно 6:38).

Исо чун инсон, комилан хислатҳои Худоро зоҳир мекард. Ӯ шахси нек, меҳрубон ва дастрас буд. Ӯ нотарсона, ҳақиқатро дар бораи Яҳува ба одамон нақл мекард.

Исо кори нек мекард, лекин аз ӯ нафрат доштанд (1 Петрус 2:21–24).

Инчунин Исо беморонро шифо медод ва баъзеҳоро, ки мурда буданд, зинда мекард.

Роҳбарони динӣ аз Исо нафрат доштанд, чунки ӯ таълимоти дурӯғ ва рафтори бади онҳоро фош мекард.

Роҳбарони динӣ ҳокимони румиро маҷбур карданд, ки Исоро зада кушанд.