ҚИСМИ 5
Тӯфони Нӯҳ. Кӣ ба Худо гӯш кард ва кӣ не?
Дар рӯзҳои Нӯҳ аксари одамон бадкирдор буданд (Ҳастӣ 6:5).
Одаму Ҳавво фарзандон таваллуд карданд ва дар замин одамон зиёд шуданд. Баъдтар баъзе фариштагон ба Шайтон ҳамроҳ шуданд.
Онҳо ба замин омада, бадани мардона мегирифтанд, то ки ба худ зан гиранд. Занонашон писарони бузургҷусса таваллуд мекарданд, ки золиму бақувват буданд.
Тамоми замин аз одамони бадкор пур шуд. Китоби Муқаддас дар бораи замони Нӯҳ мегӯяд: «Бадкирдории одамизод дар замин бисёр аст ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст».
Ҳастӣ 6:13, 14, 18, 19, 22).
Нӯҳ Худоро гӯш кард ва киштӣ сохт (Нӯҳ одами хуб буд. Яҳува ба ӯ гуфт, ки бадкоронро ба воситаи тӯфони бузург нест карданӣ аст.
Худо инчунин ба Нӯҳ гуфт, ки киштии калоне созад ва ба он аъзоёни оилаи худ ва ҳар намуди ҳайвонотро дарорад.
Нӯҳ одамонро аз Тӯфон огоҳ мекард, вале онҳо ӯро гӯш намекарданд. Баъзеҳо ӯро масхара менамуданд; дигарон бошад, аз ӯ нафрат мекарданд.
Вақте ки киштӣ сохта шуд, Нӯҳ ҳайвонҳоро ба он даровард.