Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 15

Чӣ тавр пирон ба ҷамъомад хизмат мекунанд?

Чӣ тавр пирон ба ҷамъомад хизмат мекунанд?

Финландия

Таълимдиҳӣ дар ҷамъомад

Хабаргирӣ аз тарафи чӯпонони ҷамъомад

Дар мавъиза

Дар ташкилоти мо рӯҳониёни хизматашон пулакӣ нестанд. Чи хеле ки дар ҷамъомадҳои масеҳиёни аввал буд, имрӯз нозирони ботаҷриба барои «назорат кардани» ҷамъомади Худо таъин карда мешаванд (Аъмол 20:28). Ин нозирон, ки ҳамчунин пирон ном доранд, мардони рӯҳан баркамоле мебошанд, ки дар ҷамъомади Худо роҳбариро ба ӯҳда доранд ва онро нигаҳбонӣ мекунанд. Ин корро онҳо «на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ» ва «на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил» иҷро мекунанд (1 Петрус 5:1–3). Онҳо кадом корро ба манфиати мо ба ҷо меоранд?

Онҳо ба мо ғамхорӣ мекунанд ва муҳофизат менамоянд. Пирон ба мо аз Навиштаҳо роҳнамоӣ пешкаш карда ҷамъомадро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳимоя мекунанд. Онҳо медонанд, ки Худо ба онҳо ин вазифаи муҳимро супоридааст. Барои ҳамин пирон ба халқи Ӯ ҳукмфармоӣ намекунанд, балки барои беҳбудӣ ва хурсандии мо амал менамоянд (2 Қӯринтиён 1:24). Чи тавре ки чӯпон ба ҳар як гӯсфандаш боҷидду ҷаҳд ғамхорӣ мекунад, пирон мекӯшанд, ки аз аҳволи ҳар як аъзои ҷамъомад бохабар бошанд (Масалҳо 27:23).

Онҳо ба мо чӣ тавр иҷро кардани иродаи Худоро таълим медиҳанд. Ҳар ҳафта пирон гузаронидани вохӯриҳои ҷамъомадро роҳбарӣ мекунанд, то ки имони мо мустаҳкам шавад (Аъмол 15:32). Ин мардон, ки ҳаёташонро ба Худо бахшидаанд, дар кори мавъиза низ роҳбариро ба ӯҳда гирифта бо мо ҳамкорӣ мекунанд ва роҳҳои гуногуни мавъизакуниро ёд медиҳанд.

Онҳо моро рӯҳбаланд мекунанд. Барои ғамхорӣ кардан оиди ниёзҳои рӯҳонии ҳар яки мо, чӯпонони ҷамъомад метавонанд дар хонаи мо ё дар ҷои вохӯрӣ аз аҳволи мо хабар гиранд. Онҳо ёрии худро ба мо пешниҳод мекунанд ва аз Навиштаҳо тасаллӣ мебахшанд (Яъқуб 5:14, 15).

Ба ғайр аз корҳои дар ҷамъомад доштаашон, аксари пирон ҳамчунин дар ягон ҷо кор мекунанд ва масъулиятҳои оилавӣ доранд, ки ин вақту диққат металабад. Ин бародарон, ки сахт меҳнат мекунанд, сазовори эҳтироми моянд (1 Таслӯникиён 5:12, 13).

  • Пирони ҷамъомад кадом вазифаро ба ӯҳда доранд?

  • Бо кадом роҳҳо пирон ба мо таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекунанд?