ҚИСМИ 22
Расулон далерона мавъиза мекунанд
Ба мухолифат нигоҳ накарда, шумораи пайравони Масеҳ босуръат меафзояд
СОЛИ 33-юми эраи мо буд. Пас аз 10 рӯз баъд аз он ки Исо ба осмон сууд кард, тақрибан 120 шогирдони ӯ дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим ҷамъ омаданд. Баногоҳ ғулғулае мисли садои тундбод аз осмон баромад ва тамоми хонаро, ки онҳо дар он ҷо буданд, пур кард. Ин ҳодисаи аҷибро чӣ тавр маънидод кардан мумкин аст? Худо ба онҳо рӯҳулқудси худро дод.
Дар пеши хона мардуми зиёде ҷамъ шуданд, ки аз мамлакатҳои бисёр ба ҷашнгирии ид омада буданд. Вақте мардум шуниданд, ки шогирдони Исо ба забони онҳо озодона гап мезананд, онҳо аз ин ба ҳайрат омаданд. Ҳамин ҳодисаро фаҳмонда, Петрус пешгӯии Юилро иқтибос овард. Дар он гуфта мешавад, ки бар онҳое ки Худо рӯҳи худро мерезад инъомҳои мӯъҷизаовар хоҳанд гирифт (Юил 2:28, 29). Ин таъсири пуриқтидори рӯҳулқудс равшан нишон медиҳад, ки тағйироти муҳиме ба амал омадааст. Аз ҳамон вақт сар карда, Худо марҳамати худро на ба халқи Исроил, балки ба ҷамъомади навташкили масеҳӣ зоҳир мекунад. Онҳое ки писанди Худо будан мехостанд, бояд пайрави Масеҳ мешуданд.
Бо гузашти вақт мухолифат сар шуд. Мухолифони динӣ расулони Исоро ба ҳабс гирифтанд. Аммо фариштаи Яҳува шаб дари ҳабсхонаро кушод ва ба онҳо амр дод, ки рафта мавъиза кунанд. Онҳо субҳидам ба маъбад омада, дар бораи Исо таълим доданро сар карданд. Душманон бошад, ба хашм омаданд ва ба онҳо мавъизакуниро манъ намуданд. Дар ҷавоб расулон далерона гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:28, 29).
Таъқибот шиддат гирифт. Баъзе яҳудиён Истефанусро ба куфргӯӣ айбдор намуданд ва ӯро сангсор карда куштанд. Ҳангоми кушта шудани Истефанус Шоули тарсусӣ дар он ҷо истода бо розигӣ нигоҳ мекард. Ин ҷавонмард бо мақсади дастгир намудани пайравони Масеҳ ба Димишқ рафт. Вақте ки ӯ дар аснои роҳ буд, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид ва овозеро шунид, ки чунин мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?» Шоули нобиногашта мепурсад: «Ту кистӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ман он Исо ҳастам» (Аъмол 9:3–5).
Пас аз се рӯз Исо Ҳанониё ном шогирдашро фиристод, то чашми Шоулро аз нав бино кунад. Шоул таъмид гирифт ва аъзои боғайрати ҷамъомади масеҳӣ гашт. Ӯ далерона дар бораи Исо мавъиза мекард ва чун Павлуси расул машҳур шуд.
Шогирдони Исо дар аввал хушхабари Салтанати Худоро танҳо ба яҳудиён ва сомариён мавъиза мекарданд. Аммо рӯзе ба Корнилюс, афсари лашкари Рум, ки шахси худотарс буд фариштае нозил шуд. Ӯ ба вай гуфт, ки кас фиристода Петруси расулро даъват кунанд. Петрус бо ҳамроҳии шогирдони дигар ба Корнилюс ва аҳли байташ мавъиза карданд. Вақте ки Петрус ҳанӯз сухан мегуфт, рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагон нозил шуд ва расул ба онҳо фармуд, ки ба номи Исо таъмид гиранд. Азбаски онҳо ғайрияҳудӣ буданд, аниқ шуд, ки роҳ сӯи ҳаёти ҷовидонӣ ба ҳамаи халқҳо кушода шуд. Акнун ҷамъомад тайёр буд, ки хушхабарро дар ҳама ҷо эълон кунад.
Бар Аъмол 1:1—11:21 асос ёфтааст.