Модарон
Вазифаи модар чист?
Пнм 31:17, 21, 26, 27; Тит 2:4
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Мс 21:8–12. Вақте Соро дид, ки Исмоил писараш Исҳоқро масхара мекунад, аз Иброҳим хоҳиш кард, ки писарашро ҳимоя кунад.
3Пш 1:11–21. Вақте Батшобаъ дид, ки тахти подшоҳӣ ва ҳаёти ӯву писараш зери хатар аст, аз шоҳ Довуд илтиҷо кард, ки ин масъаларо ҳал кунад.
Чаро мо бояд модарамонро ҳурмат кунем ва ба гапаш гӯш диҳем?
2Мс 20:12; 5Мс 5:16; 27:16; Пнм 1:8; 6:20–22; 23:22
Ҳамчунин нигаред ба 1Тм 5:9, 10
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Пт 3:5, 6. Петруси расул фаҳмонд, ки Соро аз рӯйи имони бақувваташ модари духтарони бисёр гардид.
Пнм 31:1, 15, 21, 28. Модари шоҳ Лемуил ба писараш дар бораи оиладорӣ насиҳат дод ва нақши пуршарафи зану модарро қайд кард.
2Тм 1:5; 3:15. Ҳарчанд шавҳари Авниқо ҳамимонаш набуд, ӯ писараш Тимотиюсро аз хурдӣ дар роҳи Яҳува таълим дод, барои ҳамин Павлус ӯро таъриф кард.