Муносибатҳои байнимазҳабӣ
Оё ҳамаи диндорон як Худоро парастиш мекунанд?
Оё Яҳува ҳамаи динҳоро, ки таълимоти гуногун доранд, қабул мекунад?
Мт 7:13, 14; Юҳ 17:3; Эф 4:4–6
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Юш 24:15. Юшаъ кушоду равшан гуфт, ки мо бояд интихоб кунем, ки ба Яҳува хизмат мекунем ё ба худоёни дигар.
-
3Пш 18:19–40. Яҳува ба воситаи пайғамбар Илёс нишон дод, ки хизматгоронаш набояд дигар худоёнро парастиш кунанд.
-
Яҳува ба худоёни халқҳо ва парастиши онҳо чӣ назар дорад?
Вақте одамон парастиши Яҳуваро бо урфу одатҳои дар назараш нафратангез омехта мекунанд, ӯ чӣ ҳис мекунад?
Иш 1:13–15; 1Қр 10:20–22; 2Қр 6:14, 15, 17
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
2Мс 32:1–10. Ҳамватанони Ҳорун ба ӯ гуфтанд, ки барои ҷашни иди Яҳува ба онҳо ҳайкали гӯсоларо созад. Вақте Ҳорун ба фишори онҳо дода шуду ҳайкалро сохт, қаҳру ғазаби Яҳуваро овард.
-
3Пш 12:26–30. Шоҳ Ёробъом барои он ки халқ ба Ерусалим, ба хонаи Яҳува, наравад, бутҳо сохта, гуфт: «Эй Исроил, ана Худои ту». Ӯ бо ин кораш халқро ба гуноҳ тела дод.
-
Чӣ тавр Яҳува ба исроилиён фаҳмонд, ки бояд ба онҳое, ки дигар худоёнро мепарастанд, ҳамроҳ нашаванд?
Вақте халқи Яҳува дигар худоёнро парастиш карданд, ӯ чӣ гуна амал намуд?
Дв 10:6, 7; Зб 106:35–40; Ир 44:2, 3
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
3Пш 11:1–9. Шоҳ Сулаймон ба таъсири занони бегонааш дода шуду худоёни дигарро парастиш намуд ва дили Яҳуваро ранҷонд.
-
Зб 78:40, 41, 55–62. Ософ гуфт, ки чӣ тавр исёнкорӣ ва бутпарастии исроилиён Яҳуваро ғамгин кард ва сабаби аз онҳо рӯ гардондани Яҳува гашт.
-
Исо ба таълимоти дурӯғ чӣ тавр муносибат мекард?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Мт 16:6, 12. Исо таълимоти фарисиён ва саддуқиёнро ба хамиртуруш монанд кард, чунки таълимоти дурӯғ тез паҳн мешавад ва муносибати одамро бо Худо вайрон месозад.
-
Мт 23:5–7, 23–33. Исо дурӯягӣ ва таълимоти дурӯғи китобдонон ва фарисиёнро маҳкум кард.
-
Мқ 7:5–9. Исо ошкоро ба китобдонону фарисиён гуфт, ки онҳо урфу одатҳои одамиро аз таълимоти Каломи Худо боло мемонанд.
-
Оё Исо мехост, ки пайравонаш ба дину мазҳабҳои гуногун тақсим шаванд?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Юҳ 15:4, 5. Бо мисоли ток Исо нишон дод, ки пайравонаш ҳам бо ӯ ва ҳам бо якдигар якдиланд.
-
Юҳ 17:1, 6, 11, 20–23. Шаби пеш аз маргаш Исо дуо гуфт, ки пайравонаш якдил бошанд.
-
Оё тарзи парастиш ва эътиқоди масеҳиёни аввал як хел буд?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Крн 11:20–23, 25, 26. Ҷамоатҳои Антиохияву Ерусалим аз як гиребон сар бароварда ҳамкорӣ мекарданд.
-
Рм 15:25, 26; 2Қр 8:1–7. Ҷамоатҳои асри як ба ҳамдигар ёрӣ расонда, нишон медоданд, ки дар байнашон муҳаббату ягонагӣ ҳукмфармост.
-
Оё Яҳува парастиши ҳама диндоронеро, ки «Ба Исо имон дорем» мегӯянд, қабул мекунад?
Оё Худо парастиши касонеро, ки аз рӯйи таълими Масеҳу расулон зиндагӣ намекунанд, қабул мекунад?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Мт 13:24–30, 36–43. Исо масеҳиёни бардурӯғро ба алафи бегона монанд карда, гуфт, ки масеҳиёни зиёди бардурӯғе пайдо шуда, ба ҷамоатҳо роҳ меёбанд.
-
1Юҳ 2:18, 19. Аз суханони Юҳаннои расул маълум аст, ки аллакай дар охири асри як зиддимасеҳони зиёде пайдо шуда буданд.
-
Агар дар ҷамоат ба таълимоти бардурӯғ ва бадрафторӣ чашм пӯшанд, чӣ рӯй медиҳад?
Барои нигоҳ доштани ягонагӣ масеҳиён бояд чӣ кор кунанд?
Чаро масеҳиён бояд аз парастиши дурӯғ дурӣ ҷӯянд?
Барои чӣ фош кардани таълимоти бардурӯғи динҳо дуруст аст?
Чаро мо ҳайрон намешавем, ки аз тарафи пайравони дини дурӯғ бо зиддият ва озору азият рӯ ба рӯ мешавем?