Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пешгуфтор

Пешгуфтор

Хонандагони азиз, китоби «Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат» дар вақти тангӣ барои ба осонӣ ёфтани оятҳо ва порчаҳои даркории Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам мекунад. Аз он шумо метавонед оятҳои мувофиқро ёфта, дигаронро обод кунед ва барои баровардани қарорҳое, ки Яҳуваро ҷалол медиҳанд, ба онҳо кумак расонед. Истифодаи ин китоб осон аст. Мавзуи даркориро интихоб карда, дар бораи саволҳо, мисолҳои Китоби Муқаддас ва шарҳҳои кӯтоҳе, ки зери он оварда шудаанд, мулоҳиза ронед. (Нигаред ба чорчӯбаи « Тарзи истифодаи ин адабиёт».) Ҳамин тавр шумо метавонед маслиҳатҳои пандомӯзу тасаллибахши Китоби Муқаддасро ёбед. Ҳамчунин метавонед ганҷҳои пурқиматро дарёфт намуда, ба дигарон тасаллию рӯҳбаландӣ бахшед.

Дар ин китоб танҳо он оятҳое, ки зуд-зуд истифода мешаванд, оварда шудаанд. Шумо метавонед аз оятҳои ҳошия ва маълумоти омӯзишии «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» (агар он ба забони бароятон фаҳмо дастрас бошад) оятҳои дигарро ёбед. Барои тадқиқоти иловагӣ бошад, «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» ва «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ»-ро истифода бурдан мумкин аст (Пнм 2:1–6). Маводро аз адабиёти солҳои охир, ки он ҷо оятҳои Китоби Муқаддас аз рӯйи фаҳмиши нав маънидод шудаанд, хонед.

Бигзор китоби «Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат» ба шумо дар пайдо кардани хирад, дониш ва фаҳме, ки дар Навиштаҳои Муқаддас ниҳонанд, кумак кунад. Умедворем, ки истифодаи ин адабиёт ба «зиндаву таъсирбахш» будани Каломи Худо дилпурии шуморо дучанд мегардонад (Ибр 4:12).