Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 3

Дастурот аз куҷо пайдо шуд?

Дастурот аз куҷо пайдо шуд?

Афту андоми шумо, ранги чашм, мӯй, пӯст, қаду бастатонро чӣ муайян кардааст? Чаро шумо ба падар ё модаратон монандӣ доред? Чаро як тарафи ангуштонатон гӯштдору мулоим асту тарафи дигараш бо нохунҳои сахтак рӯпӯш шудааст?

Дар рӯзҳои Чарлз Дарвин ҷавоб ба ин саволҳо сирри пӯшида буд. Худи Дарвин низ аз он ки чӣ тавр хусусияту нишонаҳои як одам аз насл ба насл мегузаранд, ба ҳайрат меомад, чунки ӯ дар бораи қонунҳои геншиносӣ ва нақши ҷузъҳои ҳуҷайра дар ирсият қариб ки тасаввурот надошт. Ҳоло бошад, биологҳо тӯли даҳсолаҳо бо омӯзиши илми генетикаи инсон машғуланд. Солҳои охир дар бораи дастуроте, ки дар даруни молекулаи аҷоиби КДН (кислотаи дезоксирибонуклеинат) ҷойгир аст, маълумоти бештар ошкор шуд. Ин ҷо саволи муҳиме ба миён меояд: ин дастуроти КДН аз куҷо пайдо шуд?

Бисёри олимон чӣ мегӯянд? Биологҳо ва дигар донишмандон фикр доранд, ки КДН ва дастуроти кодшакли он тӯли миллионҳо сол, худ аз худ, дар натиҷаи як қатор воқеаҳои тасодуфӣ, пайдо шуд. Онҳо мегӯянд, ки дар сохти ин молекула, дар фаъолияти он ё маълумоте, ки он дораду мефиристад, ҳеҷ далели офаранда доштани он дида намешавад17.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ташаккулёбии узвҳои бадани мо ва вақти пайдоиши ҳар яки онҳо маҷозан дар китобе навишта шудааст, ки муаллифи он Худост. Бинед, ки подшоҳ Довуд зери илҳоми илоҳӣ инро чӣ тавр тасвир мекунад. Ӯ ба Худо мегӯяд: «Чашмонат ҷанинамро дидаанд, ҳама узвҳои онро дар китобат навишта будӣ. Ҳатто пеш аз он ки онҳо пайдо шаванд, ту дар бораи рӯзҳои пайдоишашон навишта будӣ» (Забур 139:16).

Далелҳо чиро ошкор мекунанд? Агар назарияи эволютсия дуруст бошад, пас дар натиҷаи як қатор воқеаҳои тасодуфӣ пайдо шудани КДН бояд имконпазир бошад. Агар гуфтаҳои Китоби Муқаддас рост бошанд, пас, дар сохту фаъолияти КДН бояд назму тартибе дида шавад, ки аз офарандаи бошуур шаҳодат диҳад.

Агар сохту фаъолияти КДН-ро бо мисоли содае баён кунем, мебинем, ки ин мавзуъ хеле фаҳмо ва ҳамзамон шавқовар аст. Биёед бори дигар ба даруни ҳуҷайра сафар кунем. Ин дафъа ба даруни ҳуҷайраи инсон медароем. Осорхонаеро тасаввур кунед, ки ба фаҳмондани кори чунин ҳуҷайра бахшида шудааст. Ин осорхона нусхаи (модели) ҳуҷайраи инсон аст, ки 13 000 000 маротиба калон карда шудааст. Андозаи он баробари майдони калони варзишиест, ки 70 000 ҷойи нишаст дорад.

Шумо ба ин осорхона даромада, мебинед, ки даруни он пур аз сохту қолабҳои аҷоибу гуногун аст. Дар маркази ҳуҷайра ядрои кулӯлашакл ҷойгир аст, ки баландияш баробари бинои 20-ошёна мебошад. Акнун шумо ба даруни он медароед.

«Шоҳкори муҳандисӣ». Чӣ тавр КДН бандубаст шудааст? Дар ядро бандубаст шудани КДН шоҳкори ҳайратангези муҳандисӣ мебошад ва ба он монанд аст, ки 40 км риштаи хеле борикро ба тӯпи теннис ҷойгир кардаанд

Шумо аз пардаи берунаи ядро, аз мембрана, гузашта, ба гирду атрофатон нигоҳ карда, мебинед, ки дар ин ҳуҷраи азим 46 хромосома баръало намоёнанд. Ду хромосомаи айнан якхела як ҷуфти хромосомаро ташкил медиҳанд. Ҳамаи хромосомаҳо ҷуфт-ҷуфт ҷойгиранд, вале баландии як ҷуфти хромосома аз дигар ҷуфт фарқ дорад. Дар наздикии шумо як ҷуфти хромосома ҷойгир аст, ки баландияш баробари бинои 12-ошёна мебошад (1). Шумо нигоҳ карда мебинед, ки гӯё миёни ҳар як хромосома танг баста шудаасту шакли он ба ҳасибча монандӣ дорад, ғафсии он бошад, мисли танаи дарахти калон аст. Ба назар чунин мерасад, ки хромосомаҳо бо бандҳо печонда шудаанд. Шумо наздиктар рафта мебинед, ки он бандҳо ба хатҳои амудӣ тақсим шудаанд. Дар миёни он хатҳои амудӣ бошад, шумо хатчаҳои хурдтари уфуқиро мебинед (2). Онҳо ба назар чун қабати беохири китобҳо метобанд, вале дар асл канораи ҳалқаҳое мебошанд, ки ба ҳам зич ва ба шакли сутун чида шудаанд. Агар яке аз онҳоро кашӣ, он кушода мешавад. Вақте ба яке ҳалқаҳои кушода аз наздик менигаред, ҳайрон мешавед, ки он аз тобҳои боз ҳам хурдтар иборат аст, ки хеле ботартиб ҷо ба ҷо шудаанд (3). Дар ин тобҳо як чизе ҳаст, ки аз ҳама бештар шоёни тамошост. Ин чиз ба банди хеле ва хеле дароз монанд аст. Он чӣ бошад?

СОХТИ МОЛЕКУЛАИ ҲАЙРАТАНГЕЗ

Биёед барои осонфаҳм шуданаш ин қисми бандмонанди хромосомаро банд номем. Ғафсии ин банд дар модели хромосома, ки 13 000 000 маротиба калон карда шудааст, тахминан дую ним сантиметр аст. Ин банд гирди ғалтакҳо маҳкам тоб дода шудааст (4). Ғалтакҳо, дар навбати худ, гирди меҳваре, ки онҳоро дар ҷояшон медорад, симпеч гардидаанд. Навиштаҷоти осорхона, ки назди банд гузошта шудааст, мефаҳмонад, ки он бо сарфакории олидараҷа печонида шудааст. Агар шумо аз ҳар хромосомаи осорхона бандҳоро кашида, дум ба дум чинед, дарозии онҳо қариб нисфи гирди заминро фаро мегирад *.

Дар як китоби илмӣ чунин бандубасту ҷойгирсозии сарфакоронаву ботартибро «шоҳкори ҳайратангези муҳандисӣ»18 меноманд. Ба фикри шумо, магар ин шоҳкор бе муҳандис пайдо шуда метавонад? Биёед ба мисоли осорхона, ки дар борааш гап зада будем, баргардем. Тасаввур кунед, ки дар ин осорхона миллионҳо чизу чораро ба фурӯш гузоштаанд. Онҳо чунон бо назму тартиб ҷойгиранд, ки шумо чизи лозимаатонро ба осонӣ ёфта метавонед. Магар дар саратон чунин фикр пайдо мешавад, ки ин чизҳо худ ба худ ҷо ба ҷо шудаанд? Албатта, не! Аммо чунин тартиб дар пеши низоме, ки дар хромосомаҳо мушоҳида мешавад, об мехӯрад.

Навиштаҷоти дигари осорхона шуморо даъват мекунад, ки ба банди хромосома аз наздик назар кунед (5). Баъди ба даст гирифтани он банд шумо мебинед, ки он банди муқаррарие нест. Он банд аз ду торе иборат аст, ки ба ҳам тофта шуда, бо фосилаи якхела бо ходачаҳо ба ҳам пайваст шудаанд. Ин банд шакли нардбони морпечеро дорад (6). Онро мушоҳида карда, ногаҳон як чизро дарк мекунед — шумо дар даст модели молекулаи КДН-ро доред, ки яке аз бузургтарин асрори зиндагӣ мебошад!

Хромосома аз як молекулаи КДН иборат аст, ки бар ғалтакҳо печонда шуда, гирди меҳвари хаёлӣ зич ва аз рӯйи низом чида шудааст. Зинаҳои ин молекулаи нардбонмонанд ҷуфтҳои бунёдӣ ном доранд (7). Вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст? Тамоми ин сохтор барои чист? Як навиштаҷоти дигар тафсилоти содаеро пешкаш мекунад.

НИЗОМИ ОЛИИ ЗАХИРАИ МАЪЛУМОТ

Навиштаҷот мегӯяд, ки сирри КДН дар ҳамин палаҳо ё зинаҳои нардбон аст. Тасаввур кунед, ки ин нардбон ё зинапоя ду тақсим мешавад. Агар зинаҳои онро аз миён ду тақсим кунем, мебинем, ки он зинаҳои дуқисмшуда чор навъ мешаванд. Олимон онҳоро А, Т, Г ва С ном мебаранд. Донишмандон, вақте кашф карданд, ки тартиби ин ҳарфҳо маълумоти кодшудаеро дар худ дорад, ба ҳайрат омаданд.

Шояд, шумо дар бораи алифбои Морзе шунида бошед. Онро дар асри 19 ихтироъ карданд, то одамон ба воситаи телеграф гуфтугӯ кунанд. Коди он фақат аз ду «ҳарф» иборат буд: нуқта ва тире. Лекин одамон фақат аз ҳамин ду «ҳарф» истифода карда, метавонистанд калимаҳо ва ҷумлаҳои бисёреро нависанд. КДН бошад, коди чорҳарфа дорад. Ҳарфҳои А, Т, Г ва С ба тартиби гуногун омада, «калимаҳо» ё кодонҳоро месозанд. Кодонҳо дар навбати худ «ҳикояҳое»-ро ташкил медиҳанд, ки генҳо номида мешаванд. Ҳар як ген ба ҳисоби миёна аз 27 000 ҳарф иборат аст. Аз генҳо ва масофаи миёни онҳо хромосомаҳо таркиб ёфтаанд, ки онҳоро ба бобҳо монанд кардан мумкин аст. Барои ҳосил кардани як «китоб»-и пурра, ки геном номида мешавад, 23 боби маҷозӣ, яъне хромосома, дар талаб аст. Дар геном маълумоти пурраи генетикии бадани инсон оварда мешавад *.

Агар геномро бо китоб муқоиса кунем, он китоби хеле калоне мешавад. Он чӣ қадар маълумотро дар худ ҷой медиҳад? Геноми инсон тақрибан аз 3 миллиард ҷуфти бунёдӣ, ё аз зинаҳои нардбони КДН иборат аст19. Донишномаҳо (энсиклопедияҳо)-и калонро тасаввур кунед, ки ҳар кадомашон зиёда аз 1000 варақ дорад. Маълумоти геноми инсон 428 чунин китоби калонро пур мекунад. Агар ба назар гирем, ки дар ҳар як ҳуҷайра нусхаи геном низ вуҷуд дорад, пас ҳамагӣ 856 ҷилд аз маълумот пур мешавад. Агар шумо худатон танҳо́ маълумоти геномро чоп мекардед, ба шумо лозим меомад, ки рӯзи дароз тӯли 80 сол бе таътилу рухсатӣ кор кунед.

Ҳатто агар шумо аз уҳдаи ин кор бароед, кӯшишҳоятон беҳуда мешаванд. Охир, шумо чӣ хел садҳо ҷилди ғафсу калонро дар даруни 100 триллион ҳуҷайраи хеле хурди худ ҷойгир мекардед? Ин қадар маълумоти зиёдро ба ин дараҷа фишурдану ҷо додан аз қуввати инсон берун аст.

Профессори биологияи молекулавӣ ва илми компютерӣ чунин мегӯяд: «Як грамм КДН-и хушккарда, ки тахминан ҳаҷми як сантиметри кубиро ишғол мекунад, чунон маълумоти зиёде дорад, ки метавонад тақрибан як триллион компакт-диск [CD]-ро пур кунад»20. Ин чӣ маъно дорад? Ба ёд оред, дар КДН-и ҳар инсон генҳо ҷойгиранд, ки дар онҳо дастурот барои сохтани бадани ӯ оварда шудааст. Ҳар ҳуҷайра дорои дастуроти мукаммал мебошад. КДН чунон маълумоти бисёр дорад, ки, агар як қошуқи хурдро аз он пур кунем, дастурамале, ки дар он ҷо мегирад, кофист, то аз аҳолии замин 350 маротиба одами бештар сохта шавад. Барои 7 миллиард одами рӯйи замин бошад, қабати хеле тунуке дар рӯйи чунин қошуқча аз будаш зиёд аст21.

КИТОБИ БЕМУАЛЛИФ?

Маълумоти як грамм КДН як триллион компакт-диск [CD]-ро пур карда метавонад

Одамизод дар сохтани дастгоҳҳои хеле хурд ва нозук пешрафти бисёр кардааст. Бо вуҷуди ин ҳеҷ як таҷҳизоте, ки дасти инсон сохтааст, наметавонад ба қобилияти маълумотро захира кардани КДН баробар шавад. Биёед дар бораи мисоли диски CD ё DVD каме бештар фикр кунем. Дар сохти CD-диск, тарҳи он ва сатҳи ялаққосияш санҷидакориву эҷодкории созандагонаш баръало намоён аст. Тасаввур кунед, ки дар даруни он маълумоти дақиқ ва дастури батафсиле дар бораи сохтан, нигаҳдорӣ ва таъмири дастгоҳи мураккаб оварда шудааст. Ҳарчанд маълумоте, ки дар диск сабт карда мешавад, вазни онро тағйир намедиҳад, он маълумот муҳимтарин қисми диск мебошад. Магар дастуре, ки дар он сабт гардидааст, шуморо бовар намебахшад, ки ин маълумот муаллифе дорад? Магар ҳар навишта маҳсули дасти нависанда нест?

Бо компакт-диск ё китоб муқоиса кардани КДН бисёр бамаврид аст. Китобе дар бораи геном чунин мегӯяд: «Геномро ба маънои аслӣ китоб гӯем, хато намекунем. Дар китоб маълумот аз рӯйи як тартибе ҷамъ оварда шудааст, дар бораи геном низ чунин гуфтан мумкин аст». Муаллифи он китоб илова мекунад: «Геном китоби хеле доноест, чунки дар шароити мусоид метавонад худро нусха бардорад ва худро хонад»22. Ин чиз диққати моро сӯйи дигар ҷониби муҳими КДН равона мекунад.

ДАСТГОҲҲО ДАР ҲАРАКАТ

Вақте дар ядрои ҳуҷайра қадам мезанед, ба назари шумо метобад, ки ядро ҳам мисли осорхона ҷойи орому хомӯш аст. Аммо сипас шумо нигораи (экспонати) дигари осорхонаро мебинед: он порчаи модели КДН аст, ки дар ҷевони шишагӣ ҷойгир мебошад. Дар болои он навиштаҷоте ҳаст: «Барои тамошои намоиш тугмачаро пахш кунед». Баъди пахш кардани тугмача баранда чунин мегӯяд: «КДН камаш ду вазифаи муҳим дорад. Вазифаи аввалаш нусхабардории худ ё худдучандсозӣ мебошад. КДН барои он бояд нусха бардошта шавад, ки ҳар як ҳуҷайраи нав ҳамон як маълумоти генетикиро дошта бошад. Бинед, ки ин раванд чӣ тавр сурат мегирад».

Шумо мебинед, ки аз даричаи ҷевони шишагӣ дастгоҳи хеле мураккабе дохил мешавад. Он гурӯҳи роботҳое мебошад, ки ба ҳам пайвастаанд. Ин дастгоҳ ба КДН наздик шуда, ба он мечаспад ва мисли қатора бар релсҳо дар КДН ҳаракат кардан мегирад. Он аз ҳад тез ҳаракат мекунад ва шумо аниқ дида наметавонед, ки он чӣ кор мекунад. Вале баъди аз КДН гузашта рафтанаш, мебинед, ки ба ҷойи як банди КДН акнун ду банд аст.

Баранда мефаҳмонад: «Он чӣ шумо ҳозир мушоҳида кардед, раванди хеле содакардаи он аст, ки КДН чӣ тавр дучанд мешавад. Як гурӯҳ дастгоҳҳои молекулавӣ, ки фермент номида мешаванд, дар КДН ҳаракат карда онро ба ду тор тақсим мекунанд. Сипас онҳо ҳар як тори КДН-ро ҳамчун намуна истифода бурда, тори нав мебофанд, ки тори пешинаро мукаммал месозад. Албатта дар ин ҷо мо ҳама чизро ба шумо нишон дода наметавонем. Масалан, чӣ тавр дастгоҳчае пешопеши дастгоҳи нусхабардорӣ давида, як тарафи КДН-ро ҷудо мекунад, то он ба ҳам сахт напечад. Ҳамчунин мо ба шумо нишон дода наметавонем, ки чӣ тавр КДН чанд бор аз ислоҳу таҳрир мегузарад. Агар дар он ягон хато дида шавад, ба таври хеле аниқу дақиқ ислоҳ карда мешавад». (Ба нақшаи  саҳифаҳои 16 ва 17 нигаред.)

Баранда суханашро давом дода мегӯяд: «Вале мо ба шумо суръати онро нишон дода метавонем. Бинед, ки ин робот бо чӣ қадар суръати баланд ҳаракат мекунад. Дастгоҳи ферментӣ дар “релсҳои” КДН ҳаракат карда дар як сония 100 зинаро мегузарад23. Агар андозаи ин дастгоҳ баробари қатора мебуд, суръати он ба 80 км/соат баробар мешуд. Дар бактерияҳо ин дастгоҳҳои хурди нусхабардор ё дучандгардон 10 баробар тезтар ҳаракат мекунанд. Дар ҳуҷайраи инсон садҳо чунин дастгоҳҳои нусхабардор дар ҷойҳои гуногуни “релсҳои” КДН кор мекунанд. Онҳо тамоми геномро ҳамагӣ тӯли 8 соат нусхабардорӣ мекунанд»24. (Нигаред ба саҳифаи 20, ба чорчӯбаи  «Молекулае, ки хондаву нусхабардорӣ карда мешавад».)

«ХОНДАНИ» КДН

Шумо мебинед, ки роботҳои дучандсози КДН аз саҳна мераванд ва дастгоҳи дигаре пайдо мешавад. Он низ қад-қади КДН ҳаракат мекунад, вале суръаташ пасттар аст. Шумо мебинед, ки банди КДН ба як тарафи ин дастгоҳ даромада, аз тарафи дигараш бетағйир мебарояд. Аммо аз сӯрохии дигари ин дастгоҳ тори наве мебарояд. Он мисли думе мебошад, ки торафт дароз мешавад. Он чист?

Баранда мефаҳмонад: «Вазифаи дуюми КДН транскрипсия, яъне рӯйнавис кардан, мебошад. Барои ҳосил шудани сафедаҳои бадани шумо дастурот — генҳо, лозиманд. Вале, азбаски КДН муҳити бехатари ядроро тарк намекунад, чӣ тавр метавонанд генҳои он, ки дастуроте барои ҳосил шудани сафедаҳоянд, хондаву истифода шаванд? Ин дастгоҳи ферментие, ки дар борааш гуфтем, дар КДН ҷойҳоеро меёбад, ки генашон аз сигналҳои кимиёии берун аз ядрои ҳуҷайра ангезонда шудааст. Сипас ин дастгоҳ бо истифода аз молекулаи КРН (кислотаи рибонуклеинат) нусхаи он генро месозад. КРН ба як тори КДН монанд аст, вале аз он фарқ дорад. Вазифаи КРН хондани маълумоти кодшудаи генҳо мебошад. КРН ин маълумотро ҳангоми дар даруни дастгоҳи ферментӣ будан соҳиб шуда, сипас аз ядро мебарояд ва сӯйи яке аз рибосомаҳо меравад. Ин маълумот дар даруни рибосома барои сохтани сафеда истифода мешавад».

Ин намоишро тамошо карда шумо ба чашмони худ бовар намекунед. Шумо ба зебогию мураккабии осорхонаву дастгоҳҳояш ва ба маҳорату эҷодкории созандагони он қоил мешавед. Вале, агар ин осорхонаро бо тамоми дастгоҳҳояш якто-якто неву яку якбора ба кор андозӣ, чӣ мешавад? Он гоҳ шумо мебинед, ки дар ҳуҷайраи инсон яку якбора ҳазорон ҳазор амал иҷро карда мешавад. Ин ҳама мураккабиро дида шумо ангушти ҳайрат мегазед!

Сипас шумо дарк мекунед, ки ҳама ин дастгоҳҳои хурду мураккаб худи ҳозир дар 100 триллион ҳуҷайраи шумо ин амалу равандҳои зикршударо иҷро карда истодаанд. Аз рӯйи дастуроти КДН-и шумо садҳо ҳазор сафедаи гуногун сохта мешавад, ки ферментҳо, бофтаҳо ва аъзои баданатон аз онҳо таркиб ёфтаанд. Ҳар лаҳза, аз ҷумла худи ҳозир, КДН-и шумо нусхабардориву ислоҳ карда мешавад, то барои ҳар як ҳуҷайраи нав дастуроти тоза мавҷуд бошад.

ЧАРО ИН ДАЛЕЛҲО МУҲИМАНД?

Биёед боз ба худ савол диҳем: «Ҳамаи ин дастурот аз куҷо пайдо шуд?» Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Муаллифи ин «китоб» инсон не, балки Офаридгори ӯ мебошад. Магар ин хулоса куҳнашуда ва ғайриилмӣ аст?

Дар ин бора фикр кунед: «Оё одамон метавонанд осорхонаеро, ки тасвир кардем, созанд?» Дар ин кор онҳо бо душвориҳои бисёр рӯ ба рӯ мешаванд. Мо ҳанӯз ҳам дар бораи геном ва тарзи амали он хеле кам медонем. Олимон то ҳол мехоҳанд ҷойгиршавии ҳама генҳо ва вазифаи онҳоро фаҳманд. Аммо генҳо танҳо як қисми хурди тори КДН-ро ташкил медиҳанд. Дар бораи дигар порчаҳои тӯлонии КДН, ки ген надоранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Солҳои дароз олимон чунин қисмҳои КДН-ро «порчаҳои бефоида» меномиданд. Аммо ҳозир онҳо назари худро дигар карда истодаанд. Айни ҳол гумон меравад, ки он ҷойҳои КДН чӣ тарз ва то кадом андоза истифода шудани генҳоро муайян мекунанд. Ҳатто агар олимон тавонанд модели КДН ва дастгоҳҳоеро созанд, ки онро дучанд гардонда, ислоҳ мекунанд, оё онҳо метавонанд онро ба кор андозанд, то мисли КДН-и ҳақиқӣ амал кунад?

Олими номдор Ричард Фейнман каме пеш аз маргаш чунин навишт: «Агар чизеро сохта натавонам, пас онро нафаҳмидаам»25. Фурӯтаниву ростқавлии ӯ шоистаи таҳсин аст ва суханони ӯ дар мавриди КДН низ ростанд. Олимон КДН-ро бо тамоми дастгоҳҳои дучандсозу нусхабардораш сохтан он сӯ истад, ҳатто пурра наомӯхтаанд. Онҳо онро фаҳмида низ наметавонанд. Вале баъзе одамон даъво доранд, ки чӣ тавр пайдо шудани онро медонанд. Онҳо мегӯянд, ки КДН худ аз худ, дар натиҷаи як қатор воқеаҳои ногаҳонӣ пайдо шудааст. Бо ин ҳама далелҳо шинос шуда, шумо бо чунин хулоса розӣ ҳастед?

Бисёре аз донишмандон ба хулосае омаданд, ки КДН худ аз худ пайдо шуда наметавонад. Франсис Крик, яке аз олимоне, ки сохти дутобаи КДН-ро кашф кардааст, мегӯяд, ки дар сохти ин молекулаи аз ҳад мураккаб тартибу низоми фавқулода дида мешавад, аз ин рӯ он тасодуфан пайдо шуда наметавонад. Ӯ тахмин мекунад, ки мавҷудоти сайёраҳои дигар КДН-ро ба замин фиристодаанд, то дар сайёраи мо ҳаёт пайдо шавад26.

Чанде пеш бошад, файласуфи машҳур Энтони Флу, ки тӯли 50 сол тарафдори ақидаи атеизм буд, нигоҳи худро дигар кард. Дар 81-солагӣ ӯ ба хулосае омад, ки ҳаёт созандаи бошуур дорад. Чаро ӯ ақидаашро дигар кард? Сабабаш омӯхтани КДН мебошад. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки агар ақидаи ӯро аксари олимон рад кунанд, ӯ чӣ мегӯяд, Флу дар ҷавоб чунин гуфт: «Албатта, ман зиқ мешавам. Тамоми ҳаётам ман аз рӯйи ин дастур зиндагӣ мекардам: “Аз пайи далелҳо равона шав. Ба куҷое ки онҳо туро баранд, бирав”»27.

Шумо чӣ фикр доред? Далелҳо моро ба куҷо мебаранд? Тасаввур кунед, ки шумо ба даруни корхонае даромада, ҳуҷраи пур аз компютерҳоро мебинед. Ин компютерҳо аз рӯйи барномаи асосие амал мекунанд, ки тамоми корхонаро идора мекунад. Он барнома доим дастурот мефиристад, ки ҳар як дастгоҳи корхона чӣ тавр сохта шавад ва хизматрасонӣ гардад. Ғайр аз ин, он худро нусха бардошта, доим таҳриру ислоҳ мекунад. Шумо инро дида ба чӣ хулоса меоед? Оё фикр мекунед, ки ин компютери мураккаб ва барномаи он худ аз худ пайдо шудааст? Ё он дар натиҷаи заҳмати созандагони бошууру доно сохта шудааст? Ҷавоб, албатта, аён аст.

^ Китоби дарсии «Биологияи молекулавии ҳуҷайра» дигар муқоисаро ба кор мебарад. Дар он гуфта мешавад, ки ин ҳама торҳои дарозро дар ядрои ҳуҷайра ҷо кардан ба он монанд аст, ки мо 40 км риштаи хеле борикро ба тӯпи теннис ҷойгир кунем. Вале ин риштаро бояд чунон моҳирона ва ботартиб печонда, ҷо диҳем, ки ҳар як порчаи он ба осонӣ дастрас бошад.

^ Ҳар як ҳуҷайра ду нусхаи комили геном, ё худ 46 хромосомаро дар бар мегирад.