Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 3

Бо падару модарам чӣ хел забон ёбам?

Бо падару модарам чӣ хел забон ёбам?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Агар бо падару модарат забон ёбӣ, зиндагиат оромтар мешавад.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Ин воқеаро тасаввур кун: бегоҳи чоршанбе. Ҷамшеди 17-сола вазифаҳояшро иҷро мекунад ва акнун мехоҳад каме дам гирад. Нафаси осуда кашида, ӯ худро ба рӯи кат мепартояд ва телевизорро дармегиронад.

Дар ҳамин лаҳза падараш аз дар медарояд. Ҷамшедро дида ӯ асабӣ мешавад.

«Ҷамшед! Барои чӣ ту телевизор тамошо карда шиштӣ? Ту ба додарат барои тайёр кардани дарсҳояш ёрдам надодӣ-ку! Ту, бача, ягон вақт гапи гуфтагира намекунӣ!»

«Боз сар шуд»,— ғур-ғур карда мегӯяд Ҷамшед.

«Чӣ гуфтӣ?» — наздиктар омада мепурсад падараш.

«Ҳичӣ»,— оҳ кашида мегӯяд Ҷамшед.

Падараш сахт асабонӣ шуда мегӯяд: «Ин чӣ хел гапзанӣ?»

Агар ту ба ҷойи Ҷамшед мебудӣ, барои он ки вазъият ин хел нашавад, чӣ кор мекардӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Агар вақти ҳай кардани мошин ту ба ҷое расӣ, ки раҳаш маҳкам бошад, чӣ кор мекунӣ? Албатта, кӯшиш мекунӣ, ки роҳи дигареро ёбӣ. Гап задан бо падару модар ҳам ба ҳай кардани мошин монанд аст.

МИСОЛ:

Духтаре бо номи Лайло мегӯяд: «Ба ман бо падарам гап задан душвор аст. Баъзан чунин мешавад, ки ман диламро ба ӯ холӣ мекунам, лекин ӯ баъди камтар вақт мепурсад: “Нафаҳмидам, ту чизе гуфтӣ?”»

ЛАЙЛО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАД?

  1. Ба сари падараш дод занад.

    Лайло мегӯяд: «Дада, охир ман гапи муҳим дорам! Барои чӣ гӯш намекунед?»

  2. Дигар бо падараш дар ин бора гап назанад.

    Лайло ба падараш дигар дар ин бора даҳон намекушояд.

  3. Дар ин бора баъдтар гап занад.

    Лайло метавонад ба падараш мактуб нависад ва ё фурсати беҳтарро интизор шуда, дар ин бора гап занад.

Ту ба Лайло чӣ маслиҳат медодӣ?

ФИКР КУН: Диққати падари Лайло парешон аст ва ҳушаш дар дигар ҷост. Барои ҳамин ӯ аз ҳолати Лайло бехабар аст. Агар Лайло якум вариантро интихоб кунад, падараш барои чӣ хафа шудани духтарашро намефаҳмад. Албатта, аз додзании ӯ вазъият аз будаш бадтар мешавад. Ғайр аз ин бо ин кораш Лайло ба падараш беҳурматӣ нишон медиҳад (Эфсӯсиён 6:2). Пас, ин вариант ба ҳеҷ кас фоида намеорад.

Бо падару модар гап задан баъзан осон нест, аммо ту беилоҷ нестӣ. Ту метавонӣ дигар роҳро ёбӣ

Варианти дуюм аз ҳама роҳи осон метобад. Лекин он аз ҳама роҳи хуб нест. Барои чӣ? Чунки барои ёрдам кардан ба Лайло падараш бояд аз душвориҳои ӯ бохабар бошад. Бо хомӯшӣ проблема ҳал намешавад.

Агар Лайло варианти сеюмро интихоб кунад, ӯ намегузорад, ки байни ӯву падараш девор пайдо шавад. Ӯ фурсати қулайро интизор шуда, дар бораи ин масъала бо падараш гап мезанад. Боз ӯ метавонад ба падараш хат нависад. Агар чунин кунад, мумкин даррав худро сабук ҳис кунад.

Хат навиштан боз як ҷиҳати нағз дорад. Вақте Лайло хат менависад, ӯ кӯшиш мекунад, ки фикрашро фаҳмотар баён кунад. Вақте падараш мактубро мехонад, аз дарди дили духтараш огоҳ мешавад. Варианти сеюм ҳам барои Лайло хуб аст, ҳам барои падараш. Фарқаш нест Лайло чӣ хел мекунад: хат навишта фикрашро мефаҳмонад ё фурсати беҳтарро интизор шуда, бо падараш гап мезанад. Чунин рафтори бохирадона аз рӯйи маслиҳати Каломи Худо аст. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки бо «роҳи сулҳу осоиштагӣ» равем (Румиён 14:19).

Лайло боз чӣ хел рафтор карда метавонист?

Агар ягон варианти дигар ба сарат ояд, онро дар поён навис. Баъд навис, ки он чӣ натиҷа меорад.

ФИКРАТРО РАВШАН БАЁН КУН

Дар хотир дор, ки падару модарат гапи туро дигар хел фаҳмида метавонанд.

МАСАЛАН:

Падару модарат мепурсанд, ки барои чӣ ту зиқӣ. Ту ҷавоб медиҳӣ: «Биёед дар ин бора гап назанем».

Падару модарат бошанд, гапи туро ин хел мефаҳманд: «Ман ба шумо он қадар бовар надорам. Беҳтараш дар ин бора бо дӯстонам гап мезанам». Чӣ хел ҷавоб додан нағзтар мебуд? Масалан, ин хел: «Камтар баъдтар гап занем, майлаш?»

Тасаввур кун, ки ту бо душворие рӯ ба рӯ шудӣ. Падару модарат мехоҳанд ба ту ёрдам кунанд. Лекин ту мегӯӣ: «Хавотир нашавед, ман худам ин масъаларо ҳал мекунам».

  • Падару модарат гапатро ин хел мефаҳманд:

  • Беҳтараш ин хел ҷавоб диҳӣ: