Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа


Дастур барои омӯзиш

Дастур барои омӯзиш

Бо яке аз Шоҳидони Яҳува омӯзиш кунед: Аз шахсе, ки ба шумо ин китобчаро дод, хоҳиш кунед, ки ҳамроҳатон Китоби Муқаддасро омӯзад, ё ба сомонаи jw.org даромада, омӯзиш дархост кунед.

ҚИСМИ 1

Ҳар як сархат, саволи асосии он (А) ва оятҳоеро (Б), ки фикрҳои асосиро қайд мекунанд, хонед. Аҳамият диҳед, ки дар назди баъзе оятҳо «хонед» навишта шудааст.

ҚИСМИ 2

Аз сарсухани (В) бахши «Бештар фаҳмед» шумо мефаҳмед, ки боз чӣ дида баромада мешавад. Сарлавҳаҳои (Г) ин бахш нишон медиҳанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Оятҳоро хонед, ба саволҳо ҷавоб диҳед ва видеонаворҳои овардашударо (Ғ) тамошо кунед.

Ҳар як расм ва шарҳашро (Д) аз назар гузаронед. Саволи бахши «Баъзеҳо мегӯянд»-ро (Е) хонда, фикр кунед, ки чӣ тавр ҷавоб медиҳед.

ҚИСМИ 3

Бахшҳои «Фикрҳои асосӣ» ва «Такрор» (Ё) дарсро ҷамъбаст мекунанд. Санаи ба охир расидани дарсро нависед. Бахши «Мақсад» (Ж) кумак мекунад, ки чизҳои фаҳмидаатонро ба кор баред. Дар бахши «Дида бароед» (З) ба шумо маълумоти иловагӣ пешкаш мегардад, то онро хонед ё тамошо кунед.

Ёфтани оятҳо аз Китоби Муқаддас

Дар ишора ба оятҳо аввал номи китоб (А), сипас рақами боб (Б) ва оят ё оятҳо (В) нишон дода шудааст. Масалан, барои хондани Панднома 2:2 аввал китоби Панднома, баъд боби 2-и онро кушоед ва дар он боб ояти 2-ро ёбед.