Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 114

Вақте Масеҳ меояд, гӯсфандону бузҳоро доварӣ мекунад

Вақте Масеҳ меояд, гӯсфандону бузҳоро доварӣ мекунад

МАТТО 25:31–46

  • ИСО МИСОЛИ ГӮСФАНДОНУ БУЗҲОРО НАҚЛ МЕКУНАД

Исо то ҳол дар кӯҳи Зайтун аст. Ӯ навакак ба шогирдонаш мисоли даҳ духтар ва талантҳоро нақл кард. Бо ин мисолҳо ӯ қисман ба саволи шогирдон дар бораи аломати ҳузури ӯ ва охирзамон ҷавоб дод. Ҳоло ӯ мисоли дигаре оварда ба саволи онҳо ҷавоби пурра медиҳад. Ин мисол дар бораи гӯсфандон ва бузҳо мебошад.

Исо суханонашро ин тавр сар мекунад: «Вақте ки Писари одам бо ҳамаи фариштаҳояш дар ҷалоли худ меояд, ӯ бар тахти бошукӯҳи худ хоҳад нишаст» (Матто 25:31). Бешубҳа, Писари одам худи Исост, чунки ӯ борҳо худро чунин номидааст (Матто 8:20; 9:6; 20:18, 28).

Воқеаҳое, ки дар ин мисол тасвир шудаанд, кай ба амал меоянд? Вақте Исо бо фариштаҳояш «дар ҷалоли худ меояд» ва «бар тахти бошукӯҳи худ» мешинад. Исо аллакай гуфта буд, ки Писари одам «бар абрҳои осмон бо қудрат ва ҷалоли бузург» ва бо фариштаҳои худ меояд. Ин кай рӯй медиҳад? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «дарҳол баъд аз мусибат» (Матто 24:29–31; Марқӯс 13:26, 27; Луқо 21:27). Пас, воқеаҳое, ки Исо дар мисоли охири худ тасвир мекунад, дар оянда, вақте Исо дар ҷалоли худ меояд, ба амал меоянд. Биёед бинем, ки баъд чӣ рӯй медиҳад.

Исо мегӯяд: «Вақте ки Писари одам... меояд... ҳамаи халқҳо дар пеши ӯ ҷамъ оварда мешаванд ва ӯ одамонро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, чуноне ки чӯпон гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад. Ӯ гӯсфандонро аз тарафи рости худ ва бузҳоро аз тарафи чапи худ хоҳад гузошт» (Матто 25:31–33).

Исо дар бораи гӯсфандон мегӯяд: «Сипас Подшоҳ ба онҳое, ки аз тарафи рости ӯ мебошанд, чунин мегӯяд: “Эй онҳое, ки аз Падари ман баракат ёфтаед, омада, Подшоҳиеро, ки барои шумо аз пайдоиши ҷаҳон тайёр карда шудааст, мерос гиред”» (Матто 25:34). Барои чӣ гӯсфандон соҳиби ин гуна баракат мешаванд?

Подшоҳ мефаҳмонад: «Зеро, вақте ман гурусна будам, шумо ба ман хӯрок додед, ташна будам, ба ман об додед, ғариб будам, маро меҳмоннавозӣ кардед, бараҳна будам, маро либос пӯшондед, бемор будам, маро нигоҳубин кардед ва, вақте дар зиндон будам, маро хабар гирифтед». Вақте гӯсфандон, яъне «росткорон», аз Подшоҳ мепурсанд, ки кай ба ӯ ин некиҳоро карданд, ӯ мегӯяд: «Он чӣ шумо ба яке аз ин бародарони хурдтарини ман кардед, ба ман кардед» (Матто 25:35, 36, 40, 46). Албатта, онҳо ин некиро дар осмон намекунанд, чунки дар он ҷо бемориву гуруснагӣ нест. Онҳо ин некиро ба бародарони Масеҳ дар рӯйи замин мекунанд.

Бо бузҳо, ки аз тарафи чапи Подшоҳ меистанд, чӣ мешавад? Исо нақл мекунад: «Баъд [Подшоҳ] ба онҳое, ки аз тарафи чапаш мебошанд, чунин мегӯяд: “Аз ман дур шавед, эй лаънатёфтагон, ва ба оташи абадие, ки барои Иблис ва фариштаҳояш тайёр шудааст, биравед. Охир, вақте ман гурусна будам, шумо ба ман хӯроке надодед, ташна будам, об надодед, ғариб будам, меҳмоннавозӣ накардед, бараҳна будам, либосе напӯшондед, бемору зиндонӣ будам, ба ман ёрӣ надодед”» (Матто 25:41–43). Ин одамоне, ки ба бузҳо монанд карда мешаванд, бояд ба бародарони Масеҳ некӣ мекарданд. Лекин онҳо ин корро накарданд, барои ҳамин барҳақ гирифтори чунин ҷазо мешаванд.

Расулон мефаҳманд, ки ҳукме, ки дар ин доварӣ бароварда мешавад, дигар бекор намегардад. Исо мегӯяд: «[Подшоҳ] ба онҳо чунин хоҳад гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чӣ шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардед, ба ман накардед”. Ин одамон абадан несту нобуд хоҳанд шуд, вале росткорон ҳаёти ҷовидонӣ хоҳанд ёфт» (Матто 25:45, 46).

Шогирдон бояд дар бораи ҷавобе, ки Исо ба саволи онҳо дод, бисёр фикру мулоҳиза кунанд. Суханони Исо онҳоро бармеангезанд, ки дар бораи муносибат ва рафтори худ фикр кунанд ва худро тафтиш намоянд.