БОБИ 125
Исоро аввал пеши Ҳонон ва баъд пеши Қаёфо мебаранд
МАТТО 26:57–68 МАРҚӮС 14:53–65 ЛУҚО 22:54, 63–65 ЮҲАННО 18:13, 14, 19–24
-
ИСОРО ПЕШИ ҲОНОН МЕБАРАНД
-
СУДИ ОЛӢ МУҲОКИМАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ МЕГУЗАРОНАД
Исоро мисли ҷинояткор дастгир карда назди Ҳонон мебаранд. Дар вақти наврасии Исо, вақте ӯ дар маъбад муаллимонро ба ҳайрат оварда буд, Ҳонон чун саркоҳин хизмат мекард (Луқо 2:42, 47). Баъдтар баъзе писарони Ҳонон саркоҳин шуданд. Ҳоло бошад, домодаш Қаёфо ин вазифаро ба ӯҳда дорад.
Ҳоло ки Исо дар хонаи Ҳонон аст, Қаёфо метавонад Суди олии яҳудиёнро ҷамъ кунад. Ин суд 71 аъзо дорад ва ба он саркоҳин ва шахсоне, ки пештар ин вазифаро ба ӯҳда доштанд, дохил мешаванд.
Ҳонон аз Исо «дар бораи шогирдонаш ва таълимоташ пурсуҷӯ» мекунад. Исо мегӯяд: «Ман ба ҷаҳон кушоду равшан сухан мегуфтам. Ман ҳамеша дар ибодатгоҳҳо ва дар маъбад, ки тамоми яҳудиён он ҷо ҷамъ меоянд, таълим медодам ва чизеро пинҳонӣ намегуфтам. Пас, чаро аз ман мепурсӣ? Аз онҳое пурс, ки суханони маро шунидаанд» (Юҳанно 18:19–21).
Он гоҳ яке аз посбононе, ки дар наздаш меистод, Исоро торсакӣ зада, мегӯяд: «Ту ба коҳини калон ҳамин тавр ҷавоб медиҳӣ?» Лекин Исо ба ӯ мегӯяд: «Агар ягон гапи нодуруст гуфта бошам, бигӯй, ки хатои ман дар чист, вале, агар дуруст гуфта бошам, барои чӣ маро мезанӣ?» (Юҳанно 18:22, 23). Баъд Ҳонон амр медиҳад, ки Исоро ба назди домодаш Қаёфо баранд.
Дар хонаи Қаёфо аъзоёни Суди олӣ ҷамъ шудаанд, аз он ҷумла худаш, пирон ва шариатдонон. Дар шаби иди Раҳоӣ муҳокима гузаронидани онҳо ғайриқонунӣ мебошад. Лекин ба ин нигоҳ накарда онҳо мехоҳанд нияти бадашонро амалӣ гардонанд.
Бешубҳа, ин одамон Исоро аз рӯйи адолат ҳукм карданӣ нестанд. Чанде пеш, баъди он ки Исо Лаъзорро зинда кард, Суди олӣ қарор кард, ки Исо кушта шавад (Юҳанно 11:47–53). Чанд рӯз пеш бошад, сарварони дин забон як карданд, ки Исоро дастгир карда мекушанд (Матто 26:3, 4). Маълум мешавад, ки пеш аз суд шуданаш Исо аллакай ба марг маҳкум шудааст!
Ғайр аз он ки коҳинони калон ва дигар аъзоёни Суди олии яҳудиён ба таври ғайриқонунӣ ҷамъ мешаванд, онҳо барои айбдор кардани Исо шоҳидони бардурӯғро меҷӯянд. Шоҳидони зиёде ёфт мешаванд, лекин суханони онҳо бо ҳам мувофиқат намекунад. Оқибат ду кас омада, мегӯянд: «Мо шунидаем, ки ӯ гуфта буд: “Ман ин маъбадро, ки бо дасти одамон сохта шудааст, вайрон мекунам ва дар давоми се рӯз маъбади дигаре, ки бо дасти одамон сохта нашудааст, бино мекунам”» (Марқӯс 14:58). Лекин суханони онҳо ҳам бо ҳам мувофиқат намекунад.
Қаёфо аз Исо мепурсад: «Чаро чизе ҷавоб намедиҳӣ? Ту ба ин айбдоркуниҳо чӣ мегӯӣ?» (Марқӯс 14:60). Исо чизе намегӯяд. Ӯ дар ҷавоби шоҳидоне, ки суханонашон бо ҳам мувофиқат намекунад, хомӯш мемонад. Он вақт саркоҳин Қаёфо ҳилаи дигареро ба кор мебарад.
Қаёфо нағз медонад, ки агар касе худро Писари Худо хонад, ин ба яҳудиён сахт мерасад. Чанде пеш, вақте Исо Худоро Падар номид, яҳудиён қасди куштани ӯро карданд, зеро мегуфтанд, ки «худро бо Ӯ баробар» месозад (Юҳанно 5:17, 18; 10:31–39). Қаёфо инро медонад, барои ҳамин ба Исо мегӯяд: «Бо Худои зинда қасам хӯрда ба мо бигӯ, ки оё ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?» (Матто 26:63). Дар ҳақиқат, Исо худро Писари Худо меномид (Юҳанно 3:18; 5:25; 11:4). Агар ҳоло Исо инро тасдиқ накунад, ҳама гумон карда метавонад, ки ӯ Писари Худо ва Масеҳ буданашро инкор карда истодааст. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Ҳа, ва шумо Писари одамро хоҳед дид, ки дар тарафи рости Худои қодир нишастааст ва бо абрҳои осмон меояд» (Марқӯс 14:62).
Он гоҳ Қаёфо намоишкорона либоси худро дарронда, мегӯяд: «Ӯ куфр мегӯяд! Дигар ба шоҳид чӣ ҳоҷат? Ана, шумо ҳоло бо гӯши худ шунидед, ки ӯ куфр мегӯяд. Пас, чӣ фикр доред?» Суди олӣ бошад, чунин ҳукми ноҳақ мебарорад: «Ӯ сазовори марг аст» (Матто 26:65, 66).
Баъди ин Исоро мазоҳу масхара мекунанд. Ӯро бо мушт мезананд ва ба рӯяш торсакӣ зада, туф мекунанд. Баъд рӯяшро пӯшонида, ӯро мезананд ва писханд карда мегӯянд: «Агар пайғамбар бошӣ, канӣ гӯй: туро кӣ зад?» (Луқо 22:64). Бинед, ки ин мардум шабона ба таври ғайриқонунӣ ҷамъ шуда Писари Худоро ноҳақ айбдор мекунанд ва паст мезананд!