ДУНЁ НООРОМ АСТ
2 Пул ва дороии худро сарфа намоед
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?
Бисёр одамон имрӯз зиндагиашонро бо як азоб пеш мебаранд. Мутаассифона, нооромиҳои ҷаҳонӣ вазъиятро аз будаш бадтар мегардонад. Чӣ тавр?
-
Ҳангоми нотинҷӣ нархи ҳама чиз қимат мешавад, аз ҷумла хӯрокворӣ ва хона.
-
Аз сабаби буҳрон кор ёфтан душвор мегардад, маош бошад, кам мешавад.
-
Офатҳо ба ҷойи кор, хона ё дигар дороии одамон зарар меорад ва оқибат онҳо қашшоқ мегарданд.
Маълумоти муфид
-
Онҳое, ки пулро дуруст истифода мебаранд, дар вақти тангӣ даступо намехӯранд.
-
Дороӣ чизи доимӣ нест: даромад, пасандоз ва дигар моликият арзиши худро гум карда метавонад.
-
Чизҳое ҳастанд, ки бо пул харида намешаванд. Масалан, хушбахтӣ ва тифоқӣ дар оила.
Чораҳое, ки андешида метавонед
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Хӯроку пӯшок ки дошта бошем, биёед бо ин чизҳо қаноат кунем» (1 Тимотиюс 6:8).
Одами қаноатманд ҳар чизе дилаш кашад, намехарад, балки ба чизҳои доштааш шукр мекунад. Вақте даромади оила кам мешавад, аз рӯйи ин принсип амал кардан хеле муҳим аст.
Барои қаноатманд будан шояд тарзи ҳаётатонро дигар кардан лозим ояд. Охир, агар «ба кӯрпаамон нигоҳ карда по дароз» накунем, вазъи иқтисодии мо бадтар мешавад.