Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ гуна ақидаҳо мавҷуданд?

Чӣ гуна ақидаҳо мавҷуданд?

Дини ҳиндуия

Пайравони он ақида доранд, ки одам баъди марг аз нав бо тани дигар таваллуд мешавад ва ин раванд такрор шудан мегирад. Онҳо ранҷу азобро подоши амалҳои ҳаёти ҳозира ё гузаштаи шахс меҳисобанд. Ба ақидаи онҳо агар шахс ҳамаи хушиҳои зиндагиро рад намуда гӯшанишин шавад, гӯё аз гаштаю баргашта таваллуд шудан ва ранҷу азоб раҳо меёбад.

Дини ислом

Пайравони он ақида доранд, ки дарду азоб ин ҳам ҷазо барои гуноҳ ва ҳам озмоиши имон аст. «Мусибату душвориҳо ба мо ёдрас мекунанд, ки бояд барои ҳар як неъмати Худо шукр кунем ва мӯҳтоҷонро дастгирӣ намоем»,— мегӯяд роҳбари Ҷамъияти исломии Амрикои Шимолӣ доктор Сайид Сиид.

Дини яҳудия

Он таълим медиҳад, ки ранҷу азоб оқибати кору рафтори худи шахс аст. Баъзе пайравони он мегӯянд, ки баъди марг одам эҳё мешавад ва он гоҳ барои касоне, ки ноҳақ азоб кашидаанд, адолат барқарор мегардад. Равияи кабаллаи яҳудия ба реинкарнатсия * эътиқод дорад, ки мувофиқи он гӯё ба шахс имконият дода мешавад, ки гуноҳашро шӯяд.

Дини буддоӣ

Пайравони он низ боварӣ доранд, ки одамон чанд маротиба ба дунё меоянд. Ба ақидаи онҳо шахс то даме ки фикру ҳиссиёти манфӣ ва амалҳои нодурусташро напартояд, аз нав таваллуд шудан мегирад. Агар шахс хирадманд гашта корҳои нек кунад ва фикрҳояшро пок нигоҳ дорад, азнавтавлидёбӣ ва ранҷу азобҳои ӯ хотима меёбад.

Таълимоти Конфутсий

Ба ақидаи пайравони Конфутсий аксарияти ранҷу азоб аз пушти камбудиву хатогиҳои шахс ба сараш меоянд (A Dictionary of Comparative Religion). Мувофиқи таълимоти Конфутсий азобҳоро бо рафтори некӯкорона кам кардан мумкин аст, вале бисёри он аз олами ғайб фиристода мешавад, ки шахс бояд онро чун амри тақдир қабул кунад.

Баъзе динҳои қабилавӣ

Пайравони ин динҳо боварӣ доранд, ки инсон аз таъсири сеҳру ҷоду азоб мекашад. Мувофиқи таълимоти онҳо ҷодугарон ба одамон ё кушоиши кор ё мусибат меоранд ва агар шахс урфу одатҳои гуногунро риоя кунад, азоби худро кам карда метавонад. Агар шахсе аз беморие азоб кашаду дорую дармон ва маросими таъйинкардаи табиби ҷодугарро ба ҷо орад, гӯё таъсири ҷодуи якум аз ӯ бартараф мешавад.

Дини насронӣ

Насрониён фикр мекунанд, ки ранҷу азоб аз сабаби гуноҳи ду инсони аввалин — Одаму Ҳавво пайдо шудааст, ки инро китоби Ҳастӣ тасдиқ мекунад. Вале бисёр равияҳои он ба ин таълимот фикру ақидаҳои худашонро илова кардаанд. Масалан, баъзе католикҳо мегӯянд, ки агар одам азоб кашад, ӯ метавонад бемалол аз Худо барои калисо баракат пурсад ё наҷоти ягон шахси дигарро хоҳиш кунад.

^ сарх. 7 Мувофиқи таълимоти онҳо рӯҳи инсон аз ҷисми шахси мурда ба ҷисми инсони дигар ё ҳайвон мегузарад.

ЗИЁДТАР ФАҲМЕД

Видеонавори «Оё ҳама динҳо ба Худо писанданд?»-ро дар сайти jw.org тамошо кунед.