Саволҳои хонандагон
Вақте Исо Шоми ёдбудашро барпо мекард, 70 шогирдаш, ки боре онҳоро ба мавъиза фиристода буд, куҷо буданд? Оё ӯро тарк карда буданд?
Вақте Исо Шоми ёдбудашро баргузор кард, 70 шогирдаш ҳамроҳаш набуданд. Вале мо набояд хулоса кунем, ки Исо аз онҳо норозӣ буд ё ки онҳо устодашонро тарк карда буданд. Гап сари он буд, ки Исо мехост танҳо бо расулонаш вақт гузаронад.
Исо ҳам аз 12 нафар розӣ буд, ҳам аз 70 нафар. Исо аз миёни шогирдони зиёдаш 12 нафарро интихоб карда, онҳоро «расул» номида буд (Луқ. 6:12–16). Вақти дар Ҷалил буданаш ӯ «12 расулашро назди худ даъват карда», онҳоро барои расондани хабари Подшоҳии Худо ва сиҳат кардани беморон фиристод (Луқ. 9:1–6). Баъдтар бошад, дар Яҳудо Исо «70 нафари дигарро интихоб карда, онҳоро дунафарӣ... фиристод» (Луқ. 9:51; 10:1). Исо дар ҷойҳои гуногун шогирдони зиёде дошт, ки хабари ӯро паҳн мекарданд.
Яҳудиёне, ки шогирдони Исо шуда буданд, аз афташ, Иди Раҳоиро бо аҳли хонаводаашон ҷашн мегирифтанд (2 Мӯсо 12:6–11, 17–20). Вақте маргаш наздик шуд, Исо бо расулонаш ба Ерусалим рафт. Ӯ нахост ин ҷашнро бо гурӯҳи калони шогирдонаш аз саросари Яҳудия, Ҷалил ва Перея ҷашн гирад. Ӯ танҳо мехост дар ҳамин маросими махсус бо расулонаш вақт гузаронад. Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман сахт мехостам, ки пеш аз азобу уқубат кашиданам ин хӯроки Иди Раҳоиро бо шумо бихӯрам» (Луқ. 22:15).
Ин кори Исо бесабаб набуд. Ӯ ба наздикӣ ҳамчун «Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро дур мекунад», худро ба қурбонӣ бояд меовард (Юҳ. 1:29). Ин кор дар Ерусалим бояд рӯй медод, дар ҷое, ки солҳои зиёд мардум ба Яҳува қурбонӣ меовард. Исроилиён ҳар сол барраи Иди Раҳоиро хӯрда, шаби аз Миср наҷот ёфтанашонро ба ёд меоварданд. Вале қурбонии Барраи Худо — Исо, роҳро барои наҷоти беҳад бузургтаре бояд мекушод (1 Қӯр. 5:7, 8). Ин қурбонии Исо ба 12 нафар имкон дод, ки аъзои бунёдии ҷамоати масеҳӣ шаванд (Эфс. 2:20–22). Ҷолиби диққат аст, ки дар бораи Ерусалими муқаддас чунин гуфта мешавад: «Дар таҳкурсии девори шаҳр 12 санг буд, ки бар онҳо номи 12 расули Барра навишта шуда буд» (Ошкор. 21:10–14). Расулони содиқ, дар ҳақиқат, дар иҷрои нияти Худо нақши асосӣ мебозиданд. Аз ин рӯ фаҳмост, ки чаро Исо мехост охирон Иди Раҳоӣ ва баъд аз он хӯроки шоми Ҳазратро ҳамроҳи онҳо гузаронад.
Ҳафтод шогирд ва дигар пайравони Исо дар он вохӯрӣ бо ӯ набуданд, вале ҳама шогирдони содиқи Исо метавонистанд аз маросиме, ки ӯ ҷорӣ намуда буд, баҳра гиранд. Дар он замонҳо тамоми шогирдони Исо, ки баъдтар бо рӯҳи муқаддас тадҳин мешуданд, ба аҳди Подшоҳӣ шарик мегаштанд, ба аҳде, ки Исо он шаб ба расулонаш гуфт (Луқ. 22:29, 30).