Саволҳои хонандагон
Оё масеҳиён барои худро аз дигар одамон муҳофизат кардан аз яроқи оташфишон истифода мебаранд?
Масеҳиён барои худро бехатар ҳис кардан чораҳои зарурӣ меандешанд, вале принсипҳои Китоби Муқаддасро фаромӯш намекунанд. Принсипҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки барои худро аз дигар одамон муҳофизат кардан истифодаи милтиқ, таппонча ва ё дигар яроқи оташфишон нодуруст аст. Биёед баъзе аз ин принсипҳоро дида бароем:
Ҳаёти одамизод дар назари Яҳува муқаддас аст. Довуд-пайғамбар мегӯяд, ки Яҳува «чашмаи ҳаёт» аст (Заб. 35:10). Аз ин рӯ масеҳиён ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то барои муҳофизат кардани худ касеро аз ҳаёт маҳрум насозанд ва сабабгори хунрезӣ нагарданд (Такр. Ш. 22:8; Заб. 50:16).
Албатта, ҳар як чизе ки шахс барои муҳофизати худ истифода мебарад, метавонад сабаби хунрезӣ шавад. Аммо ба воситаи яроқ қасдан ва ё нохост куштани шахс осонтар мегардад *. Инчунин шахсе, ки ҳамла карданӣ аст, яроқро дида асабонӣ мешавад, он гоҳ хатари кушта шудани ягон кас зиёдтар мегардад.
Вақте Исо пеш аз маргаш ба шогирдонаш гуфт, ки ҳамроҳи худ шамшер гиранд, ӯ гуфтанӣ набуд, ки бо он худро муҳофизат кунанд (Луқ. 22:36, 38). Баръакс, ӯ ба шогирдонаш таълим доданӣ буд, ки бо гурӯҳи силоҳбардорон рӯ ба рӯ шаванд ҳам, онҳо набояд зӯроварӣ кунанд (Луқ. 22:52). Вақте ки Петрус бо шамшер ба хизматгори коҳин осеб расонд, Исо ба ӯ фармон дод: «Шамшери худро ғилоф кун». Баъд Исо принсиперо гуфт, ки то ҳол пайравонаш аз рӯйи он амал мекунанд: «Ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад» (Мат. 26:51, 52).
Мувофиқи Мико 4:3 халқи Худо «шамшерҳои худро барои позаҳо, ва найзаҳои худро барои досколаҳо» шикастаанд. Павлуси ҳавворӣ низ дар ин бора гуфта буд: «Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед... ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед» (Рум. 12:17, 18). Масеҳиён кӯшиш мекунанд, ки аз рӯйи ин гуфтаҳо амал кунанд. Нигоҳ накарда ба душвориҳои гуногун, аз ҷумла «хатарҳои роҳзанон», Павлус аз рӯйи гуфтаҳояш амал мекард ва барои муҳофизат кардани худ ҳеҷ гоҳ бар зидди принсипҳои Китоби Муқаддас намебаромад (2 Қӯр. 11:26). Китоби Муқаддас хирадеро дорад, ки «беҳ аз асбоби ҳарбу зарб» мебошад. Павлус инро нағз медонист, барои ҳамин ӯ доимо ба Яҳува ва Каломи Ӯ такя мекард (Воиз 9:18).
Масеҳиён ҳаётро аз чизу чора дида бештар қадр мекунанд. «Ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест» (Луқ. 12:15). Аз ин рӯ, агар дузди яроқдорро бо гапи нағз боздошта нашавад, суханони зерини Исоро ба кор бурдан бохирадона мебуд: «Ба бадӣ муқобилат накун». Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ба дузд он чизеро ки ӯ аз мо талаб мекунад, диҳем (Мат. 5:39, 40; Луқ. 6:29) *. Албатта, ин гуна ҳолатро пешгирӣ кардан беҳтар аст. Агар мо дороии худро намоиш надиҳем ва дар байни ҳамсояҳо чун Шоҳидони Яҳува, ки одамони сулҳҷӯй ҳастанд, маълум бошем, худро аз ин гуна хатарҳо нигоҳ дошта метавонем (1 Юҳ. 2:16; Мас. 18:10).
Масеҳиён виҷдон ва қарори дигаронро ҳурмат мекунанд (Рум. 14:21). Агар ягон аъзои ҷамъомад фаҳмад, ки бародар ё хоҳаре барои худро аз одамони дигар муҳофизат кардан яроқ дорад, шояд аз ин сахт ҳайрон шавад ва имонаш зарар бинад. Ҳатто агар мо фикр кунем, ки ба нигоҳ доштани яроқ ҳуқуқ дорем, муҳаббат ба бародару хоҳарон моро бармеангезад, ки хоҳишҳои дигаронро аз хоҳишҳои худ боло гузорем (1 Қӯр. 10:32, 33; 13:4, 5).
Масеҳиён мехоҳанд, ки ба дигарон намунаи хуб бошанд (2 Қӯр. 4:2; 1 Пет. 5:2, 3). Агар масеҳӣ барои худро аз дигар одамон муҳофизат кардан яроқ дошта бошад, он гоҳ пирони ҷамъомад ба вай аз Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳанд. Вақте шахс ба маслиҳат гӯш намедиҳад, ба дигарон намунаи хуб буда наметавонад. Барои ҳамин ба ин хел одам дар ҷамъомад ягон масъулият ва ё вазифаи махсус дода намешавад. Нисбати шахсе, ки кораш доштани яроқро талаб мекунад, ҳамин гуна чораҳо андешида мешаванд. Хуб мебуд, ки ин гуна бародар ё хоҳар кори дигар кобад *.
Албатта, ҳар як масеҳӣ худаш қарор мекунад, ки чӣ тавр худ, оила ва чизу чораашро ҳимоя кунад. Аммо пеш аз қарор кардан онҳо бояд принсипҳои Каломи Худоро ба назар гиранд, чунки Яҳува ин принсипҳоро ба мо аз рӯйи муҳаббат додааст. Масеҳиёне, ки муносибаташон бо Яҳува мустаҳкам аст, ҳеҷ гоҳ барои худро аз дигар одамон муҳофизат кардан аз яроқ истифода намебаранд. Онҳо медонанд, ки бехатарии ҳақиқиро танҳо бо ёрдами Яҳува ва принсипҳои Ӯ ба даст овардан мумкин аст (Заб. 96:10; Мас. 1:33; 2:6, 7).
^ сарх. 3 Шояд ягон масеҳӣ қарор кунад, ки барои шикор ё худро аз ҳайвонҳои ваҳшӣ муҳофизат кардан яроқ дошта бошад. Дар ин ҳолат, вақте ӯ яроқро истифода намебарад, нағзаш онро бе тир нигоҳ дорад, ба қисмҳо ҷудо карда монад ва дар ягон ҷойи бехатар қулф кунад. Баъзе мамлакатҳо барои нигоҳ доштани яроқ қонуну қоидаҳои махсус доранд. Масеҳиён бояд ин қонунҳоро риоя намоянд (Рум. 13:1).
^ сарх. 2 Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр худро аз таҷовуз ҳимоя кардан мумкин аст, ба «Бедор шавед!» (рус.), аз 8-уми апрели с. 1993, ба мақолаи «Чӣ тавр пеши роҳи онро гирем?», нигаред.
^ сарх. 4 Барои гирифтани маълумоти бештар оиди коре, ки яроқ доштанро талаб мекунад, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1-уми ноябри с. 2005, саҳ. 31, ва «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1-уми феврали с. 1984, саҳ. 18, 19, нигаред.