Ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир кунед
«Имон... боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд» (ИБР. 11:1).
1. Доштани имони ҳақиқӣ чӣ гуна ҳиссиётро дар мо бедор бояд кунад?
ИМОН — хислати бебаҳоест. На ҳама имони ҳақиқӣ доранд (2 Тас. 3:2). Лекин Яҳува ба ҳар як ходимаш «ба андозаи» даркорӣ имон додааст (Рум. 12:3; Ғал. 5:22). Ҳамаи онҳое ки имони ҳақиқӣ доранд, бояд аз замин то осмон аз Худо миннатдор бошанд.
2, 3. а) Онҳое ки имони ҳақиқӣ доранд, кадом баракатҳоро мегиранд? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
2 Падари осмонии мо одамонро ба воситаи Исо ба худаш ҷалб мекунад. Ба Исо имон овардан имкон медиҳад, ки гуноҳҳоямон бахшида шаванд. Бахшида шудани гуноҳҳоямон бошад, имкон медиҳад, ки ҳамеша дӯсти Яҳува бошем (Юҳ. 6:44, 65; Рум. 6:23). Оё мо ба чунин баракат сазоворем? Чун бандаи гунаҳкор мо танҳо сазовори маргем (Заб. 102:10). Лекин Яҳува дар ботини мо чизи хубро дид. Аз рӯи муҳаббати носазовораш Яҳува дили моро барои хушхабар кушод. Ҳамин тавр мо ба Исо имон оварда ба ҳаёти ҷовидона умед пайдо кардем. (1 Юҳанно 4:9, 10-ро хонед.)
3 Лекин имон чист? Оё танҳо дарк кардани баракатҳои Яҳува имон доштани моро исбот мекунад? Ва бо кадом роҳҳо бояд имонамонро зоҳир кунем? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.
«БО ДИЛИ ХУД ИМОН ОВАР»
4. Фаҳмонед, ки чаро имон ин танҳо бо ақл фаҳмидани нияти Худо нест.
4 Имон на танҳо бо ақл фаҳмидани нияти Худо мебошад, балки чизи бештарро дар бар мегирад. Ин қувваи пурзӯре мебошад, ки одамро барои мувофиқи иродаи Худо амал намудан бармеангезад. Боварӣ ба наҷоти Худо одами имондорро бармеангезад, ки ба дигарон хушхабарро расонад. Ҳаввории Павлус фаҳмонд: «Агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд [Ҳазрат] аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт; чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст» (Рум. 10:9, 10; 2 Қӯр. 4:13).
5. Чаро имон хеле муҳим аст ва чӣ тавр мо онро қавӣ нигоҳ дошта метавонем? Фаҳмонед.
5 Бешубҳа, ҳаёти ҷовидона дар дунёи нав аз имон ва қавӣ нигоҳ доштани он вобаста аст. Чи хеле ки растанӣ ба об ниёз дорад, ҳамин тавр имони мо ҳам ба нигоҳубин ниёз дорад. Масалан, растании сунъӣ тағйир намеёбад, растании зинда бошад тағйирёбанда аст. Агар ба растании зинда об надиҳем хушк мешавад, агар об диҳем мешукуфад. Ҳатто агар ба растании солим ба миқдори даркорӣ об надиҳем, он оқибат мемирад. Имон ҳам ҳамин хел аст. Агар онро «нигоҳубин» накунем, хушк шуда мемирад (Луқ. 22:32; Ибр. 3:12). Лекин, агар нағз нигоҳубин кунем, имонамон ҳамеша зинда монда «афзоиш» меёбад ва мо дар «имон... солим» мемонем (2 Тас. 1:3; Тит. 2:2).
ИМОН АЗ НАЗАРИ ЯҲУВА
6. Чӣ тавр маънои имон дар Ибриён 11:1 фаҳмонида шудааст?
6 Дар Ибриён 11:1 маънои имон фаҳмонда шудааст. (Оятро хонед.) Имон ба ду чизи нонамоён асос меёбад: 1) «Чизҳое... ки мо ба онҳо умед мебандем», яъне ба воқеаҳои оянда, ки ваъда шуда буданду ҳоло иҷро нагаштанд, ба мисли анҷоми бадӣ ва омадани дунёи нав. 2) «Ба чизҳое... ки намоён нестанд». Дар ин контекст калимаи юноние, ки дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас чун «далели вуҷуд доштан» тарҷума шудааст, ба ҳатман вуҷуд доштани чизи нонамоён, ба мисли вуҷуд доштани Яҳува, Исои Масеҳ, фариштагон ва фаъолияти Салтанати осмонӣ ишора мекунад (Ибр. 11:3). Чӣ тавр мо исбот карда метавонем, ки имонамон зинда аст ва ба чизҳои нонамоёне, ки дар Каломи Худо навишта шудааст, боварӣ дорем? Бо сухан ва рафтори худ, ки бе он имони мо пурра нахоҳад шуд.
7. Чӣ тавр мо аз мисоли Нӯҳ маънои имонро фаҳмида метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
7 Дар Ибриён 11:7 гуфта шудааст, ки имони Нӯҳ «дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт». Нӯҳ имон зоҳир карда киштии калон сохт. Бешубҳа, ҳамсоягонаш аз ӯ мепурсиданд, ки барои чӣ вай ин хел киштии калон месозад. Оё Нӯҳ хомӯш монд ё гуфт, ки кори шумо набошад? Не, албатта! Имонаш ӯро барангехт, ки шаҳодати нағз диҳад ва дар бораи доварии омадаистодаи Яҳува онҳоро огоҳ кунад. Аз афташ Нӯҳ ба одамон суханони зерини Яҳуваро, ки ба ӯ гуфта буд, расонд: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст... Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд». Ҳамчунин Нӯҳ, бешубҳа, ба одамон ягона роҳи наҷотро фаҳмонд ва амри Худоро такрор карда гуфт, ки бояд ба киштӣ дароянд. Бо ин Нӯҳ «воизи адолат» гашта имони худро зоҳир кард (Ҳас. 6:13, 17, 18; 2 Пет. 2:5).
8. Чӣ тавр Яъқуб маънои имонро фаҳмонд?
8 Яъқуб номаашро шояд каме баъд аз он ки Павлус имонро маънидод кард, навишт. Ба мисли Павлус, Яъқуб фаҳмонд, ки имони ҳақиқӣ на танҳо ба боварӣ, балки бар амал асос меёбад. Ӯ навишт: «Имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони худро аз аъмоли худ нишон медиҳам» (Яъқ. 2:18). Яъқуб фарқи байни имон ва зоҳир кардани онро аниқу равшан нишон дод. Девҳо низ бовар мекунанд, ки Худо ҳаст, лекин онҳо имони ҳақиқӣ надоранд. Онҳо бар зидди Худо мебароянд (Яъқ. 2:19, 20). Баръакси ин Яъқуб ба марди имондори замони пеш ишора карда пурсид: «Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли худ сафед нашуд? Оё ту мебинӣ, ки имон ба аъмоли ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид?» Сипас Яъқуб боз қайд кард, ки имон бояд дар амал зоҳир гардад ва илова намуд: «Чунон ки ҷисм бе рӯҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст» (Яъқ. 2:21–23, 26).
9, 10. Чӣ тавр Юҳаннои ҳавворӣ муҳимияти имонро қайд кард?
9 Тақрибан сӣ сол пас, ҳаввории Юҳанно се нома ва Хушхабарро навишт. Оё ӯ маънои имони ҳақиқиро, ки дигар нависандагони Китоби Муқаддас фаҳмонда буданд, дастгирӣ мекард? Назар ба дигар нависандагони Китоби Муқаддас Юҳанно феъли юнониеро, ки баъзан чун «имон овардан» тарҷума мешавад, бештар истифода бурд.
10 Масалан, Юҳанно фаҳмонд: «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад» (Юҳ. 3:36). Имони ҳақиқӣ ба амри Исо итоат карданро дар бар мегирад. Юҳанно одатан он суханони Исоро иқтибос меовард, ки инкишоф додани имон протсеси доимӣ буданашро нишон медод (Юҳ. 3:16; 6:29, 40; 11:25, 26; 14:1, 12).
11. Чӣ тавр мо барои ҳақиқат миннатдориамонро нишон дода метавонем?
11 Мо хеле миннатдорем, ки Яҳува ба воситаи рӯҳулқудс ҳақиқатро ба мо кушод ва имконият дод, ки ба хушхабар имон оварем! (Луқо 10:21-ро хонед.) Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки ҳамеша аз Яҳува миннатдор бошем, чунки моро ба воситаи Писараш, «Сарвар ва Комилкунандаи имони мо» ба Худ наздик мекунад (Ибр. 12:2). Барои нишон додани миннатдорӣ ба чунин муҳаббати носазовор, мо бояд минбаъд низ имони худро ба воситаи дуо ва омӯзиши Каломи Худо қавӣ гардонем (Эфс. 6:18; 1 Пет. 2:2).
12. Бо кадом роҳҳо имонамонро зоҳир кардан лозим аст?
12 Мо ба ваъдаҳои Яҳува бояд минбаъд низ имон зоҳир намоем ва онро тавре зоҳир кунем, ки ба дигарон намоён бошад. Масалан, дар бораи Салтанати Худо мавъиза карда дар кори шогирдсозӣ иштирок намоем. Ҳамчунин «ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ» (Ғал. 6:10). Ва сахт кӯшиш кунем, ки «одами кӯҳнаро бо аъмоли вай» аз худ дур карда бо ҳар чизе ки моро рӯҳан суст карда метавонад, мубориза барем (Қӯл. 3:5, 8–10).
ИМОН ҚИСМИ ТАҲКУРСИИ МОСТ
13. Имон то чӣ андоза муҳим аст ва чаро?
13 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (Ибр. 11:6). Дар Каломи Худо ибораи «имон ба Худо» ба «асос», яъне таҳкурсие монанд карда шудааст, ки барои бо Худо дӯст шудан лозим аст (Ибр. 6:1). Барои «худро дар муҳаббати Худо нигоҳ» доштан ходимони Худо бояд дигар хислатҳои муҳимро низ дар худ инкишоф диҳанд (2 Петрус 1:5–7-ро хонед; Яҳд. 20, 21).
14, 15. Чаро муҳаббат аз имон дида муҳимтар аст?
14 Нависандагони Китоби Муқаддас ба калимаи имон садҳо маротиба ишора карда муҳимияти онро нишон доданд. Дигар хислатҳо бошанд, он қадар тез-тез вонамехӯранд. Оё ин маънои онро дорад, ки имон аз дигар хислатҳо дида муҳимтар аст?
15 Имонро бо муҳаббат муқоиса карда Павлус навишт: «Агар... дорои... имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам,— ман ҳеҷ ҳастам» (1 Қӯр. 13:2). Исо ба саволи зерин ҷавоб дода зарур будани муҳаббат ба Худоро қайд намуд: «Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?» (Мат. 22:35–40). Муҳаббат бо бисёр хислатҳои ходимони ҳақиқӣ, аз он ҷумла имон сахт алоқаманд аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «муҳаббат... ба ҳама чиз боварӣ дорад», яъне ба тамоми гуфтаҳои Худо, ки дар Каломаш навишта шудааст, имон дорад (1 Қӯр. 13:4, 7).
16, 17. Чӣ тавр дар Навиштаҳо имон бо муҳаббат якҷоя қайд шудааст? Кадоме аз онҳо бузургтар аст ва чаро?
16 Азбаски ҳам муҳаббат ва ҳам имон муҳим аст, нависандагони Китоби Муқаддас ин хислатҳоро якчанд бор, одатан дар як ҷумла ё дар як ибора якҷоя қайд мекарданд. Масалан, Павлус ба бародарон гуфт, ки «зиреҳи имон ва муҳаббат»-ро дар бар кунанд (1 Тас. 5:8). Петрус навишт: «Шумо Ӯро [Исоро] надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред» (1 Пет. 1:8). Яъқуб аз бародарони тадҳиншуда пурсид: «Оё Худо камбағалони оламро интихоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?» (Яъқ. 2:5). Юҳанно бошад, навишт: «Ҳукми Ӯ [Худо] ин аст, ки мо ба исми Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем» (1 Юҳ. 3:23).
17 Вақте мо пурра иҷрошавии ваъдаҳои Худо ва воқеӣ будани умеди худро мебинем, он гоҳ дигар барои дунёи нав имон лозим намешавад. Лекин муҳимияти инкишоф додани муҳаббат ба Худо ва ба ёри худ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Барои ҳамин Павлус чунин навишт: «Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост» (1 Қӯр. 13:13).
ЗОҲИР КАРДАНИ ИМОН
18, 19. Мо имрӯз шоҳиди чӣ ҳастем ва кӣ сазовори он дониста мешавад?
18 Дар рӯзҳои мо халқи Яҳува имони худро ба Салтанати Худо зоҳир мекунанд. Дар натиҷаи ин дар тамоми ҷаҳон беш аз ҳашт миллион одамон дар биҳишти рӯҳонӣ зиндагӣ мекунанд. Биҳишти рӯҳонӣ ҷоест, ки дар он самари рӯҳи Худо фаровон аст (Ғал. 5:22, 23). Дар ҳақиқат ҳам ин изҳори имон ва муҳаббати пурзӯри ходимони Худост!
19 Ин ягонагӣ танҳо ба шарофати Яҳува имконпазир аст. Ӯро барои ин ҳамду сано мехонем (Иш. 55:13). Илова бар ин мо хеле аз Ӯ миннатдорем, ки «ба воситаи имон наҷот» ёфтанро бароямон имконпазир гардонд (Эфс. 2:8). Биҳишти рӯҳонии мо шукуфтан мегирад, то даме ки замин аз одамони комилу одил ва хушбахт, ки номи Худоро то абад ҷалол медиҳанд, пур нашавад. Биёед минбаъд низ ба ваъдаҳои Худо имон зоҳир кунем!