Оё шумо медонед?
Чӣ тавр оташ дар замонҳои пеш аз як ҷо ба дигар ҷо бурда мешуд?
ДАР Ҳастӣ 22:6 навишта шудааст, ки «Иброҳим ҳезуми қурбонии сӯхтаниро гирифта, бар писари худ Исҳоқ бор кард; оташ ва кордро ба дасти худ гирифт, ва ҳар ду якҷоя равона шуданд». Онҳо мехостанд, ки дар ҷойи дурдаст ба Худо қурбонӣ биёранд.
Дар Навиштаҳо аниқ гуфта нашудааст, ки дар замонҳои пеш бо кадом тарз оташро фурӯзон мекарданд. Аммо як тадқиқотчӣ дар ин бора гуфт, ки дар давоми сафари дуру дарози Иброҳим ва Исҳоқ, оташро фурӯзон нигоҳ доштан имконнопазир буд. Аз ин бармеояд, ки оташе, ки Иброҳим бо худ гирифт, ин чизе мебошад, ки барои даргирондани алов истифода мешуд.
Дигарон бошанд, мегӯянд, ки оташе ки Иброҳим бо худ гирифт, чизи одие набуд, ки барои даргирондани алов дар он вақтҳо истифода мешуд. Дар он замонҳо барои одамон осонтар буд, ки аз ҳамсояашон лахчаи даргирифтаистодаро гиранд, назар ба он ки худашон аз нав алов кунанд. Барои ҳамин аксари олимон боварӣ доранд, ки Иброҳим бо худ зарферо гирифт, ки шояд бо занҷир овезон буду дар дарунаш лахчаи фурӯзонро меандохтанд, ки аз алови шабона боқӣ мемонд (Иш. 30:14). Ҳамин тавр дар он вақтҳо лахчаи фурӯзонро аз як ҷо ба ҷои дигар мебурданд ва ҳангоми сафар дар вақти лозима ба воситаи он ва чӯб аловро дар мегиронданд.