Вақте тоқататон тоқ мешавад
БОРЕ чунин шудааст, ки шумо худро хеле бад ҳис карда мурдан мехостед? Агар ҳа, пас ба шумо ҳиссиёти Адриана шинос аст. Ӯро доимо ҳисси хавотирӣ ва ноумедӣ азоб медод. Духтурон гуфтанд, ки ӯ ба як навъ депрессия гирифтор шудааст.
Аҳамият диҳед, марди ҷопоние бо номи Каору, ки волидони бемору солхӯрдаашро нигоҳубин мекард, чӣ мегӯяд: «Баъзан аз сабаби фишор дар ҷойи кор асабҳоям хароб мегашт. Иштиҳоям гум мешуд ва шабҳо нағз хобам намебурд. Фикр мекардам, ки ягона роҳи халосӣ мурдан аст».
Марде бо номи Оҷебоде аз Нигерия мегӯяд: «Ман ҳамеша зиқ будам ва гиряамро дошта наметавонистам. Барои ҳамин роҳи худкуширо мекофтам». Хушбахтона, Оҷебоде, Каору ва Адриана ба худкушӣ даст назаданд. Вале ҳар сол садҳо ҳазор одам худкушӣ мекунанд.
ЧӢ БА ШУМО КУМАК КАРДА МЕТАВОНАД?
Аксар вақт мардон худкушӣ мекунанд, чунки бисёри онҳо аз кумак пурсидан шарм медоранд. Исо гуфта буд, ки беморон ба духтур муҳтоҷанд (Луқо 5:31). Барои ҳамин, агар чунин эҳсосот дошта бошед, илтимос, аз кумак пурсидан шарм накунед. Ба бисёр касоне, ки депрессия доранд, табобати духтурон кумак кард. Оҷебоде, Каору ва Адриана ба мутахассис муроҷиат карданд ва ҳоло худро беҳтар ҳис мекунанд.
Духтурон депрессияро ба воситаи доруворӣ ё суҳбатҳо ё ҳар ду роҳ табобат карда метавонанд. Аъзои оила ва дӯстони чунин беморон бояд пуртоқатона ва аз муҳаббат онҳоро дастгирӣ намоянд. Дӯсти бемислу монандамон, Яҳува, ба воситаи Каломаш кумаки беҳтарин расонда метавонад.
ОЁ ИН МУШКИЛӢ ПУРРА БАРТАРАФ МЕШАВАД?
Ба онҳое, ки депрессия доранд, лозим меояд, ки одатан дурудароз табобат кунанд ва ба ҳаёташон дигаргунӣ дароварданро ёд гиранд. Агар депрессия дошта бошед, пас, мисли Оҷебоде ба ояндаи дурахшон назар дӯзед. Ӯ мегӯяд: «Ман бесаброна иҷрошавии суханони Ишаъё 33:24-ро интизорам. Дар он оиди замоне гуфта шудааст, ки ҳеҷ кас намегӯяд: “Ман касалам”». Шуморо низ ваъдаи Яҳува дар бораи «замини нав», ки он вақт «дард дигар намешавад» тасаллӣ бахшида метавонад (Ошкорсозӣ 21:1, 4). Дар дунёи нав ҳамаи бемориҳои равонӣ ва ҷисмонӣ нест мешаванд. Шумо аз азоби ҷонкоҳ пурра халос мешавед. Ин ҳиссиётҳои дардовар дигар «ба хотир намерасанд ва ба дил намеоянд» (Ишаъё 65:17).