Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо метавонед аз баракатҳои Худои меҳрубон абадан баҳраманд бошед

Шумо метавонед аз баракатҳои Худои меҳрубон абадан баҳраманд бошед
  • Оё шумо орзу мекунед, ки дар дунё ҷангу зӯроварӣ набошад ва ҳама одамон бо якдигар аҳлу тифоқ зиндагӣ кунанд?

  • Оё мехоҳед, ки дар ҳаёт беморӣ, ранҷу азоб ва марг набошад?

  • Оё рӯзе фаро мерасад, ки мо дар зиндагӣ аз ягон чиз ташвишу хавотирӣ накашем?

  • Оё шумо дар ҷое зиндагӣ кардан мехостед, ки ягон хел офати табиӣ рӯй надиҳад?

Худои меҳрубон, ки сайёраи зебои моро офаридааст, ба одамон ҳаёти тинҷу осуда ва абадиро ваъда медиҳад. Ин хел ҳаёт орзую хаёли хом нест.

Дар мақолаҳои минбаъда шумо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбед:

  • То чӣ андоза Худо одамонро дӯст медорад?

  • Китоби Муқаддас * ба мо чиро ошкор мекунад?

  • Худо ба воситаи пайғамбаронаш кадом баракатҳоро пешгӯйӣ карда буд?

  • Чӣ тавр Худо ба мо кӯмак мекунад, ки имрӯз хушбахт бошем ва баракатҳои ояндаи Ӯро соҳиб шавем?

Биёед, аввал дида бароем, ки Офаридгор чӣ тавр меҳрубонона ба одамон ғамхорӣ зоҳир мекунад.

^ сарх. 9 Ин китоб чун Таврот, Забур ва Инҷил маълум аст.