Ваъдаҳои Офаридгори меҳрубонро мо аз куҷо фаҳмида метавонем?
Аз замони офариниши одамон, Худо бо онҳо ба воситаи фариштаҳо ва пайғамбарон гуфтугӯ мекард. Ғайр аз ин, Ӯ тавре кард, ки сухану ваъдаҳояш навишта шаванд. Он ваъдаҳои Худо ба ояндаи шумо низ дахл доранд. Мо имрӯз он ваъдаҳоро аз куҷо хонда метавонем?
Хабари Худо ба одамон дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (2 Тимотиюс 3:16). Чӣ тавр Худо пайғамбаронро барои навиштани Каломи Худ истифода бурд? (2 Петрус 1:21). Худо фикрҳояшро дар майнаи он мардон ҷойгир намуд, то онҳо онро нависанд. Мисол, сардори корхона барои ба касе мактуб навиштан фикрҳои худро ба котибаш баён мекунад ва ӯ менависад. Номаро котиб нависад ҳам, муаллифи он худи сардор мемонад. Китоби Муқаддасро нома аз ҷониби Худо гуфтан мумкин аст. Ҳарчанд барои навиштани он Худо одамонро истифода бурд, дар асл муаллифаш Худи Ӯ мебошад.
КАЛОМИ ХУДО ВАСЕЪ ПАҲН ШУДААСТ
Номае, ки Худо ба одамон фиристодааст, хеле муҳим мебошад. Барои ҳамин Ӯ мехоҳад, ки «ҳар миллат, қабила, забон ва халқ» онро хонад ва фаҳмад (Ваҳй 14:6). Бо кӯмаки Худо Навиштаҳои Муқаддас ҳоло пурра ё қисман ба беш аз 3000 забон дастрас мебошанд. Ягон китоби дигар дар рӯйи замин ба ин қадар забонҳои зиёд паҳн нашудааст.