Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оилаҳои масеҳӣ, ба намунаи Исо пайравӣ кунед!

Оилаҳои масеҳӣ, ба намунаи Исо пайравӣ кунед!

Оилаҳои масеҳӣ, ба намунаи Исо пайравӣ кунед!

«Масеҳ ... ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед» (1 ПЕТ. 2:21).

1. а) Дар офариниш Писари Худо чӣ нақше бозид? б) Исо нисбати инсоният чӣ эҳсосоте дорад?

ҲАНГОМИ офариниши осмону замин Писари нахустзодаи Худо назди Ӯ «меъмори моҳир» [ТДН] буд. Писари Худо ҳамчунин ҳангоми офарида шудани олами гуногуни набототу ҳайвонот ва ҳангоми дар рӯи замин омода сохтани Биҳишт чун хона барои одамон бо Падар ҳамкорӣ мекард. Писари Худо, ки ӯ баъдтар чун Исо машҳур гашт, ба одамон муҳаббати бузург дошт. «Хурсандии [ӯ] бо писарони одам буд» [ТДН] (Мас. 8:27–31; Ҳас. 1:26, 27).

2. а) Яҳува ба инсонияти нокомил чӣ дод? б) Яке аз соҳаҳои ҳаёт, ки Китоби Муқаддас оиди он панду насиҳат медиҳад, кадом аст?

2 Баъд аз гуноҳ кардани нахустин ҷуфти инсонӣ кафорати одамизоди гунаҳкор қисми муҳими мақсади Яҳува гашт. Барои имконпазир шудани ин кафорат Яҳува қурбонии фидияи Масеҳро фароҳам овард (Рум. 5:8). Беш аз ин, Яҳува барои инсоният Каломаш — Китоби Муқаддасро дод. Дастуроту ҳидояти он ба одамон кӯмак менамояд, ки қатъи назар аз нокомилияти баирсбурдаашон хушбахтона зиндагӣ кунанд (Заб. 118:105). Масалан, дар Каломи худ Яҳува панду насиҳатҳо медиҳад, ки онҳо оиларо хушбахт ва пайвандҳои онро мустаҳкам мегардонанд. Дар бораи издивоҷ китоби Ҳастӣ мегӯяд, ки мард «бо зани худ хоҳад пайваст; ва [онҳо] як тан хоҳанд буд» (Ҳас. 2:24).

3. а) Исо дар бораи издивоҷ чиро таълим медод? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Дар давоми хидмати заминиаш Исо таъкид мекард, ки издивоҷ пайванди ҷовидонӣ аст. Ӯ ҳамчунин принсипҳоеро таълим медод, ки бакорбарии онҳо ба аъзоёни оила кӯмак мекунад, то бо тарзи фикррониву рафтори ба издивоҷ ва хушбахтии оила таҳдидкунанда мубориза баранд (Мат. 5:27–37; 7:12). Дар ин мақола муҳокима хоҳем кард, ки чӣ тавр таълимоти Исо ва намунае, ки ҳангоми дар замин буданаш гузоштаааст, ба шавҳарон, занон, волидон ва фарзандон барои бурдани ҳаёти хушбахтона ва қонеъкунанда кӯмак карда метавонад.

Чӣ тавр шавҳари масеҳӣ зани худро эҳтиром мекунад

4. Байни нақши Исо ва нақши шавҳарони масеҳӣ чӣ умумияте вуҷуд дорад?

4 Мувофиқи нияти Худо шавҳар сарвари оила аст, ҳамон тавре ки Исо — Сарвари ҷамъомад. Павлуси расул гуфт: «Шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо [«ҷамъомад», ТДН] ва Наҷотдиҳандаи бадан аст; эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо [«ҷамъомад», ТДН] муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд» (Эфс. 5:23, 25). Дар ҳақиқат, муносибати Исо ба пайравонаш нишон медиҳад, ки шавҳарони масеҳӣ бо ҳамсарони худ бояд чӣ гуна муносибат кунанд. Биёед дида бароем, ки Исо ҳокимияти худододашро чӣ гуна истифода мекард.

5. Исо ҳокимияташро дар муносибат бо шогирдонаш чӣ гуна истифода мекард?

5 Исо «ҳалим ва фурӯтан» буд (Мат. 11:29). Дар мавридҳои зарурӣ ӯ ҳамчунин қотеона амал менамуд. Вай ҳеҷ гоҳ ба иҷрои масъулиятҳояш хунукназарӣ намекард (Марқ. 6:34; Юҳ. 2:14–17). Ӯ ба шогирдонаш меҳрубонона панду насиҳат медод, ҳатто агар ин корро борҳо кардан лозим меомад (Мат. 20:21–28; Марқ. 9:33–37; Луқ. 22:24–27). Бо вуҷуди ин, Исо шогирдонашро ҷанг намекард ё шаъни онҳоро паст намезад. Ҳамчунин ӯ дар шогирдонаш эҳсосотеро бедор намекард, ки гӯё онҳоро дӯст намедорад ё онҳо ноӯҳдабароянду чизҳои таълимдодаашро иҷро карда наметавонанд. Баръакс, ӯ шогирдонашро таҳсин мегуфт ва онҳоро ба дуруст рафтор кардан ташвиқ менамуд (Луқ. 10:17–21). Пас, тааҷҷубовар нест, ки Исо бо муомилаи пурмуҳаббату меҳрубононааш сазовори эҳтироми онҳо гашт.

6. а) Аз тарзи муомилаи Исо бо шогирдонаш шавҳарон чӣ омӯхта метавонанд? б) Петрус шавҳаронро ба чӣ ташвиқ кард?

6 Намунаи Исо ба шавҳарон нишон медиҳад, ки сарварии масеҳӣ на ҳукмфармоии дағалона аст, балки он ҳурмату эҳтиром ва муҳаббати фидокоронаро дар бар мегирад. Петруси расул шавҳаронро ташвиқ мекунад, ки ба муҳаббати Исо пайравӣ намуда, занони худро «мӯҳтарам» доранд. (1 Петрус 3:7–ро бихонед.) Пас, чӣ тавр шавҳар метавонад ҳокимияти худро истифода барад ва ҳамзамон бо ҳамсари худ чун бо касе, ки сазовори эҳтиром аст, муносибат кунад?

7. Чӣ тавр шавҳар зани худро эҳтиром карда метавонад? Мисол оред.

7 Яке аз роҳҳои эҳтиром кардани ҳамсар ин аст: шавҳар ҳангоми қабули қарорҳое, ки ба тамоми аъзоёни оила дахл доранд, бояд нуқтаи назар ва эҳсосоти зани худро ба инобат гирад. Шояд дар оила оиди кӯчидан, иваз кардани ҷои кор ё ташвишҳои рӯзмарра — масалан, оиди дар куҷо истироҳат кардан, буҷаи оилавиро бо назардошти баландшавии нарху наво тағйир додан — қарор қабул кардан лозим бошад. Азбаски ин гуна қарорҳо ба тамоми оила дахл доранд, ба шавҳар гӯш кардани фикру ақидаи ҳамсараш муфид ва нишонаи меҳрубонӣ аст. Ин гуна рафтор кӯмак менамояд, ки шавҳар қарори оқилона ва ҳаматарафа санҷидашуда қабул кунад. Ҳамчунин дар ин сурат барои зан дастгирӣ кардани шавҳар осонтар мегардад (Мас. 15:22). Шавҳарони масеҳие, ки занонашонро иззату ҳурмат мекунанд, на танҳо ба муҳаббату эҳтироми онҳо, балки аз ҳама муҳимаш ба илтифоти Яҳува, сазовор мегарданд (Эфс. 5:28, 29).

Чӣ тавр зан ба шавҳари худ эҳтироми амиқ зоҳир мекунад

8. Чаро ба намунаи Ҳавво набояд пайравӣ кард?

8 Исо ба занони масеҳӣ дар итоат ба ҳокимият намунаи комил аст. Чӣ тавр фарқ мекунад муносибати ӯ ба ҳокимият аз муносибати нахустин зан! Ҳавво ба занон намунаи хуби ибрат нест. Ӯ сарвари аз тарафи Худо таъиншудае дошт, ки тавассуташ Яҳува ба вай дастурот медод. Лекин Ҳавво ба ин тартибот беэътиноӣ кард. Ӯ дастуротеро, ки тавассути Одам дода шуда буд, қабул накард (Ҳас. 2:16, 17; 3:3; 1 Қӯр. 11:3). Рост аст, ки Ҳавво фиреб хӯрд. Чӣ гуна? Ӯ овозе шунид, ки ба вай гуфтани чизеро, ки «Худо медонад» ваъда дод. Аммо Ҳавво бояд бо шавҳараш маслиҳат мекард, ки ба ин овоз гӯш кунад ё не. Ба ҷои ин, ӯ бар шавҳари худ сарварӣ карданро раво донист (Ҳас. 3:5, 6; 1 Тим. 2:14).

9. Исо дар итоаткорӣ чӣ намунае гузоштааст?

9 Лекин Исо дар итоат ба Сарвари худ намунаи комил гузоштааст. Рӯҳия ва тарзи ҳаёти ӯ нишон медиҳанд, ки вай «фикри ба Худо баробар буданро намекард» [ТДН]. Баръакс, ӯ «Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад» (Фил. 2:5–7). Имрӯз низ Исо чун Подшоҳи ҳукмрон чунин рӯҳия зоҳир мекунад. Ӯ дар ҳама чиз ба Падар фурӯтанона итоат менамояд ва сарварии Ӯро дастгирӣ мекунад (Мат. 20:23; Юҳ. 5:30; 1 Қӯр. 15:28).

10. Чӣ тавр зан сарварии шавҳарашро дастгирӣ карда метавонад?

10 Занони масеҳӣ бояд ба Исо пайравӣ намуда, сарварии шавҳаронашонро дастгирӣ кунанд. (1 Петрус 2:21; 3:1, 2–ро бихонед.) Як мисолеро дида мебароем. Писар барои кардани коре, ки иҷозати волидонро талаб мекунад, аз модар рухсат мепурсад. Азбаски ин масъаларо волидон пештар муҳокима накарда буданд, дуруст аст, ки модар аз писараш бипурсад: «Оё ту инро аз падар пурсидӣ?» Агар писар напурсида бошад, зан пеш аз чизе гуфтан бояд ин масъаларо бо шавҳараш муҳокима намояд. Беш аз ин, зани масеҳӣ набояд назди фарзандон ба шавҳараш гапгардонӣ кунад ё нуқтаи назари ӯро зери шубҳа гузорад. Агар зан бо ягон ақидаи шавҳараш розӣ набошад, ӯ бояд инро ба ҳамсараш дар танҳоӣ гӯяд (Эфс. 6:4).

Исо — намуна барои волидон

11. Исо ба волидон чӣ намунае гузошт?

11 Гарчанде Исо зану фарзанд надошт, ӯ барои волидони масеҳӣ намунаи хуби ибрат аст. Чаро? Ӯ муҳаббатомез ва пурсаброна бо гуфтору рафтори худ шогирдонашро таълим медод. Вай ба онҳо чӣ гуна иҷро кардани супориши додаашро нишон медод (Луқ. 8:1). Муносибат ва муомилаи Исо бо шогирдонаш нишон медоданд, ки онҳо бо якдигар бояд чӣ гуна муносибат кунанд. (Юҳанно 13:12, 15–17-ро бихонед.)

12, 13. Барои чун шахсони худотарс ба воя расидани фарзандон волидон бояд чӣ кор кунанд?

12 Фарзандон одатан аз волидон ибрат мегиранд — ҳам дар корҳои нек ва ҳам дар корҳои бад. Пас волидон, аз худ бипурсед: «Фарзандонамон аз он ки мо чӣ қадар вақтро барои вақтхушиҳову тамошои телевизион, ҳамчунин барои омӯзиши Китоби Муқаддас ва иштирок дар хидмати мавъиза сарф мекунем, чӣ меомӯзанд? Дар оилаи мо чӣ дар ҳақиқат аввалиндараҷа аст? Оё мо ба фарзандонамон намунаи хуби ибрат ҳастем ва оё тарзи ҳаёт ва қарорҳои мо нишон медиҳанд, ки ибодати ҳақиқӣ дар ҳаётамон дар ҷои аввал аст?». Агар волидон хоҳанд, ки фарзандонашон чун шахсони худотарс ба воя расанд, аҳкоми Худо бояд аввал дар дили худи онҳо бошад (Такр. Ш. 6:6).

13 Агар волидон дар ҳаёти ҳаррӯза барои ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас кӯшиш кунанд, ин аз назари фарзандон пӯшида намемонад. Ҳар он чи ки волидон мегӯянду таълим медиҳанд, ба фарзандон таъсир хоҳад кард. Лекин агар фарзандон бинанд, ки волидон ба онҳо як меъёрҳоро таълим медиҳанду худашон аз рӯи меъёрҳои дигар рафтор мекунанд, онҳо шояд ба хулосае оянд, ки принсипҳои Китоби Муқаддас на он қадар муҳим ё корояманд. Дар натиҷа, фарзандон ба фишори ин ҷаҳон тоб оварда наметавонанд.

14, 15. Волидон бояд фарзандонашонро ба қадр кардани чӣ гуна арзишҳо ташвиқ намоянд ва яке аз роҳҳои он кадом аст?

14 Волидони масеҳӣ мефаҳманд, ки тарбияи фарзандон ин на танҳо қонеъ кардани ниёзҳои моддии онҳо аст. Аз ин рӯ, агар волидон фарзандонро фақат ба шитофтан сӯи мақсадҳои бо беҳбудии моддӣ алоқаманд ташвиқ кунанд, онҳо дар ҳақиқат кӯтоҳандешона рафтор мекунанд (Воиз 7:12). Исо ба шогирдонаш таълим медод, ки аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯянд (Мат. 6:33). Волидони масеҳӣ низ бояд ба Исо пайравӣ намуда, дар фарзандонашон хоҳиши сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитофтанро инкишоф диҳанд.

15 Масалан, волидон метавонанд ғамхорӣ намоянд, то фарзандонашон барои муошират бо ходимони пурравақт имкониятҳои бештар дошта бошанд. Барои наврасон шиносоӣ бо пешравон, нозири ноҳиявӣ ва ҳамсараш рӯҳбаландкунанда буда метавонад. Миссионерон, ходимони Байт–Ил, иштирокчиёни барномаи умумиҷаҳонии сохтмонӣ дар бораи шодиву хурсандие, ки онҳо дар хидмат ба Яҳува эҳсос мекунанд, бо шавқу завқи зиёд нақл карда метавонанд. Бешубҳа, ин хоҳару бародарон аз хидмати худ воқеаҳои аҷоиберо нақл хоҳанд кард. Намунаи хидмати фидокоронаи онҳо кӯмак мекунад, ки фарзандони шумо қарорҳои оқилона қабул кунанд, назди худ мақсадҳои шоёни таҳсин гузоранд ва донишу маълумоте гиранд, ки барои пурравақт хидмат карданашон имконият медиҳад.

Фарзандон, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба намунаи Исо пайравӣ намоед?

16. Чӣ гуна Исо волидони заминӣ ва Падари осмониашро ҳурмату эҳтиром мекард?

16 Фарзандон, Исо барои шумо ҳам намунаи барҷастаи ибрат аст. Исо зери парастории Юсуф ва Марям буд ва ба онҳо итоат менамуд. (Луқо 2:51-ро бихонед.) Ӯ мефаҳмид, ки қатъи назар аз нокомилиашон, Худо ба онҳо масъулияти бар вай парасторӣ карданро додааст. Аз ин сабаб ӯ онҳоро ҳурмату эҳтиром менамуд (Такр. Ш. 5:16; Мат. 15:4). Вақте ки Исо ба воя расид, ӯ ҳамеша корҳои ба Падари осмониаш писандро мекард. Ин маънои ба васвасаҳо муқобилият карданро дошт (Мат. 4:1–10). Шумо ҷавонон, шояд баъзан бо васвасаи ба волидонатон итоат накардан дучор шавед. Пас, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба намунаи Исо пайравӣ намоед?

17, 18. а) Ҷавонон дар мактаб бо чӣ гуна фишор дучор мешаванд? б) Дар хотир доштани чӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки ба озмоишҳо тоб оранд?

17 Эҳтимол барои аксарияти ҳамсинфонатон меъёрҳои Китоби Муқаддас камаҳамиятанд ё умуман аҳамияте надоранд. Онҳо шояд шуморо ба амалҳои шубҳаомез водор созанд ва агар накунед, шуморо масхара кунанд. Агар шумо бо ҳамсинфонатон дар корҳои нодуруст иштирок накунед, оё онҳо ба шумо лақаб мегузаранд? Шумо ба ин чӣ тавр муносибат мекунед? Шумо медонед, ки агар ба тарс дода шуда, аз паси аксарият равед, шумо волидон ва Яҳуваро меранҷонед. Ҳамроҳшавӣ ба ҳамсинфон ба худи шумо чӣ гуна таъсир мекунад? Эҳтимол шумо дар пеши худ мақсадҳое гузоштаед, ба мисли пешрав шудан, хидмат чун ходими ёвар, хидмат дар маҳалле ки ба воизони Салтанат ниёзи бештар дорад ё хидмат дар Байт–Ил. Оё муошират бо ҳамсинфонатон кӯмак мекунад, ки шумо ба ин мақсадҳо бирасед?

18 Оё шумо, ҷавонони масеҳӣ, бо ҳолатҳое, ки имонатонро месанҷанд, дучор мешавед? Дар ин ҳолатҳо шумо чӣ гуна рафтор мекунед? Дар бораи Исо, ки барои шумо намуна аст, андеша намоед. Ӯ ба васваса дода намешуд ва он чиро ки дуруст меҳисобид, бо иродаи қавӣ ҳамонро мекард. Донистани ин шуморо қувват мебахшад, то ба ҳамсинфонатон кушоду равшан фаҳмонед, ки шумо дар коре, ки нодуруст меҳисобед, ба онҳо ҳамроҳ намешавед. Мисли Исо, имконияти ҷовидона дар хурсандиву итоаткорӣ ба Яҳува хидмат карданро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор диҳед (Ибр. 12:2).

Калиди хушбахтии оила

19. Чӣ калиди хушбахтии ҳақиқист?

19 Яҳува Худо ва Исои Масеҳ ба инсоният чизҳои некӯтаринро хоҳонанд. Ҳатто ҳоло нокомил бошем ҳам, мо ба дараҷае хушбахтӣ эҳсос карда метавонем (Иш. 48:17, 18; Мат. 5:3). Исо ҳақиқатҳоеро, ки асоси хушбахтии инсониятро ташкил медиҳанд, таълим медод. Ӯ ҳамчунин роҳи беҳтарини ҳаётро ба мо нишон дод. Ғайр аз ин, вай дар бурдани зиндагии боэътидол ва ба ҳама чиз доштани нигоҳи оқилона намунаи ибрат аст. Пайравӣ ба намунаи Исо барои ҳама аъзоёни оила судманд мебошад. Пас, эй шавҳарон, занон, волидон ва фарзандон, ба намунаи Исо пайравӣ кунед! Зиндагӣ мувофиқи таълимоти Исо ва пайравӣ ба намунаи ӯ — дар ҳақиқат калиди хушбахтии оила аст ва ҳаётро қонеъкунанда мегардонад.

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Шавҳарон ҳокимияти аз тарафи Худо гирифтаашонро бояд чӣ гуна истифода кунанд?

• Занон чӣ гуна ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд?

• Аз тарзи муносибати Исо ба шогирдонаш волидон чӣ меомӯзанд?

• Аз намунаи Исо ҷавонон чӣ омӯхта метавонанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]