Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хаставу суст нашавед

Хаставу суст нашавед

«Некӣ карда, ноумед нашавем» (ҒАЛ. 6:9).

1, 2. Мулоҳиза оиди ташкилоти оламгири Яҳува ба мо дар чӣ кӯмак мекунад?

 МУЛОҲИЗА оиди он ки мо қисми ташкилоти оламгири Яҳува ҳастем, моро ба ваҷд меорад. Рӯъёҳое, ки дар боби 1-уми китоби Ҳизқиёл ва боби 7-уми китоби Дониёл навишта шудаанд, ба таври олиҷаноб тасвир мекунанд, ки чӣ тавр Яҳува барои иҷро кардани нияташ амал карда истодааст. Исо қисми заминии ташкилоти Яҳуваро роҳбарӣ мекунад, то диққати он ба иҷрои кори мавъиза, таълимдиҳиву рӯҳбаландкунии онҳое, ки дар ин кор иштирок мекунанд ва ривоҷу равнақ ёфтани ибодати Яҳува равона карда шавад. Ин моро бармеангезад, ки ба ташкилоти Яҳува эътимод дошта бошем (Мат. 24:45).

2 Оё мо бо ин ташкилоти беҳамто ҳамқадам ҳастем? Ғайрати мо дар хизмати Худо торафт бештар шуда истодааст ё камтар? Вақте ки мо оиди чунин саволҳо мулоҳиза меронем, мо шояд пай мебарем, ки оҳиста-оҳиста хаставу суст шуда истодаем ё эҳтимол ғайратамон ба андозае кам шудааст. Бо ҳар яки мо чунин шуда метавонад. Дар асри як ба Павлуси ҳавворӣ лозим буд, то масеҳиёнро барангезад, ки оиди намунаи ғайрати Исо мулоҳиза ронанд. Павлус гуфт, ки ин ба онҳо кӯмак мекунад, то «дар ҷонҳои худ хаста ва суст» нашаванд (Ибр. 12:3). Дар мақолаи гузашта мо корҳои олиҷаноберо, ки ташкилоти Яҳува имрӯз карда истодааст, дида баромадем. Чӣ тавре ки намунаи Исо масеҳиёни асри якро рӯҳбаланд мекард, ҳамин тавр имрӯз намунаи ташкилоти Яҳува ба мо кӯмак мекунад, то дар хизмати Худо истодагарӣ кунем ва боғайрат бошем.

3. Барои хаставу суст нашудан мо бояд чӣ кор кунем ва дар ин мақола мо чиро муҳокима хоҳем кард?

3 Лекин, Павлус қайд кард, ки барои дар хизмати Худо хаста ва суст нашудан аз мулоҳиза дида чизи бештаре лозим аст. Ӯ гуфт, ки мо бояд дар «некӣ [кардан]» кӯшиш ба харҷ диҳем (Ғал. 6:9). Пас, аз тарафи мо амал дар талаб аст. Биёед панҷ чизеро дида мебароем, ки ба мо барои истодагарӣ кардан ва ҳамқадами ташкилоти Яҳува будан лозим аст. Сипас мо хулоса бароварда метавонем, ки ба кадоме аз ин чизҳо ба мо ё оилаамон бештар диққат додан лозим аст.

БАРОИ ГИРИФТАНИ РӮҲБАЛАНДӢ ВА ИБОДАТ ҶАМЪ ОЕД

4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҷамъомадҳо қисми муҳими ибодати ҳақиқиянд?

4 Ҷамъомадҳо барои хизматгорони Яҳува ҳамеша чизи муҳим буданд. Дар осмон фариштаҳо дар вақти муайян ба назди Яҳува ҳозир мешаванд (3 Подш. 22:19; Айюб 1:6; 2:1; Дон. 7:10). Дар замонҳои қадим исроилиён бояд ҷамъ меомаданд, то Каломи Худоро «бишнаванд ва таълим гиранд» (Такр. Ш. 31:10–12). Дар асри як яҳудиён одат доштанд, ки ба куништҳо рафта аз Навиштаҳо бихонанд (Луқ. 4:16; Аъм. 15:21). Баъди ташкил шудани ҷамъомади масеҳӣ низ, ба ҷамъомадҳо диққати махсус дода мешуд ва ин то ба имрӯз қисми муҳими ибодати мо аст. Масеҳиёни ҳақиқӣ ба ҳамдигар диққат мекунанд, то «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек» барангезанд. Мо бояд «якдигарро насиҳат диҳем [«рӯҳбаланд кунем», ТДН]», хусусан бо назардошти он ки дар рӯзҳои охир зиндагӣ мекунем (Ибр. 10:24, 25).

5. Чӣ тавр мо дар ҷамъомадҳо якдигарро рӯҳбаланд карда метавонем?

5 Як роҳи муҳиме, ки мо ҳамдигарро рӯҳбаланд карда метавонем — ин дар вохӯриҳои ҷамъомад иштирок кардан аст. Масалан, мо метавонем ба саволи дар поёни сархат овардашуда ҷавоб диҳем, оятҳоро шарҳ диҳем ё воқеаи кӯтоҳеро, ки манфиати бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддасро нишон медиҳад, нақл кунем (Заб. 21:23; 39:10). Албатта, шумо розиед, ки новобаста аз он ки мо чанд сол боз ба ҷамъомадҳо меоем, шунидани шарҳҳои самимии бародарону хоҳаронамон — хоҳ пиронсол бошанд, хоҳ ҷавон — ҳамеша манбаи рӯҳбаландӣ мебошад.

6. Чӣ тавр вохӯриҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки рӯҳан фаъол бошем?

6 Боз аз кадом сабабҳо мо бояд мунтазам бо ҳам ҷамъ оем? Вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки далерона мавъиза кунем ва аз муқобилият ва бепарвоии одамони маҳалламон рӯҳафтода нашавем (Аъм. 4:23, 31). Нутқҳо ва дигар қисмҳои ҷамъомад, ки бар Китоби Муқаддас асос ёфтаанд, моро қувват мебахшанд ва имонамонро қавӣ мегардонанд (Аъм. 15:32; Рум. 1:11, 12). Таълимот ва рӯҳбаландие, ки мо дар ҷамъомадҳо мегирем, ба мо кӯмак мекунанд, ки хушбахтии ҳақиқӣ ҳис кунем ва дар ин рӯзҳои нотинҷ оромӣ дошта бошем (Заб. 93:12, 13). Кумитаи таълимдиҳии Ҳайати роҳбарикунанда омодасозии тамоми барномаҳои рӯҳониро, ки дар саросари ҷаҳон барои таълим додани халқи Яҳува пешбинӣ шудаанд, назорат мекунад. То чӣ андоза миннатдорем мо, ки ҳар ҳафта дар давоми солҳо Яҳува моро ба воситаи вохӯриҳои ҷамъомад таълим медиҳад!

7, 8. а) Мақсади асосии ҷамъомадҳои мо чист? б) Чӣ тавр вохӯриҳо ба шумо аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак мекунанд?

7 Албатта, ҷамъомадҳо ба мо манфиати бисёр меоранд, лекин бо вуҷуди ин мақсади асосии онҳо — ибодат кардани Яҳува мебошад. (Забур 94:6-ро бихонед.) То чӣ андоза имконияти пуршарафест, ҳамду сано хондани Худои бузурги мо! (Қӯл. 3:16). Яҳува сазовори он аст, ки мо мунтазам ба ҷамъомадҳо ташриф орем ва дар онҳо иштирок кунем, зеро ҳамин тавр мо Ӯро ибодат мекунем (Ваҳй 4:11). Ана барои чӣ Каломи Худо моро бармеангезад, ки «ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст» (Ибр. 10:25).

8 Ҷамъомадҳои мо чун тӯҳфа аз ҷониби Яҳува мебошанд. Онҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки то омадани анҷоми ин тартиботи шарирона истодагарӣ кунем. Оё мо ба ҷамъомадҳо чунин муносибат мекунем? Агар ҳа, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳатто дар ин ҳаёти серташвишамон ба ҳама вохӯриҳо ташриф орем (Фил. 1:10). Танҳо чизҳои бениҳоят муҳим сабаби ба вохӯрӣ нарафтани мо шуда метавонанд.

ОДАМОНИ САМИМИРО БИҶӮЕД

9. Мо аз куҷо медонем, ки кори мавъиза муҳим аст?

9 Иштироки пурра дар кори мавъиза ҳамчунин ба мо кӯмак мекунад, ки ҳамқадами ташкилоти Яҳува бошем. Ба ин кор Исо ҳангоми дар рӯи замин буданаш оғоз бахшида буд (Мат. 28:19, 20). Ва аз он вақт инҷониб диққати асосии тамоми ташкилоти Яҳува ба мавъизаи хушхабари Салтанат ва кори шогирдсозӣ равона шудааст. Бисёр воқеаҳое, ки дар рӯзҳои мо рӯй медиҳанд, исботи онанд, ки фариштагон кори мавъизаро дастгирӣ мекунанд ва моро сӯи шахсоне роҳнамоӣ менамоянд, ки ба қабул кардани хушхабар тайёранд (Ваҳй 14:6, 7). Қисми заминии ташкилоти Яҳува маҳз барои дастгирӣ кардани ин кори бениҳоят муҳим барпо шудааст. Оё кори мавъиза дар ҳаёти мо ҷои аввалро ишғол мекунад?

10. а) Фаҳмонед, ки чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба ҳақиқат нигоҳ дошта метавонем. б) Чӣ тавр хизмат ба шумо кӯмак мекунад, ки хаставу суст нашавед?

10 Иштироки боғайратона дар хизмат ба мо кӯмак мекунад, ки муҳаббатамон ба ҳақиқат суст нашавад. Биёед ба суханони Мичел, ки дер боз чун пири ҷамъомад ва пешрави доимӣ хизмат мекунад, аҳамият диҳем. Ӯ мегӯяд: «Ба ман бо одамон дар бораи ҳақиқат гап задан маъқул аст. Ҳангоми хондани ягон мақолаи нави «Бурҷи дидбонӣ» ё «Бедор шавед!» ман дар борааш мулоҳиза мекунам. Хираду фаҳмише, ки дар онҳо дида мешавад ва он ки чӣ тавр мақолаҳо равшану фаҳмо ва аз рӯи мантиқ навишта шудаанд, маро ба ҳайрат меорад. Ин маро бармеангезад, ки ба хизмат равам, то бинам, ки фикри одамон оиди ин мавзӯъ чӣ гуна аст ва чӣ тавр ман шавқи онҳоро ба ҳақиқат бедор карда метавонам. Хизмат ба ман кӯмак мекунад, ки дар роҳи ҳақиқат истодагарӣ намоям. Ман барои мавъиза вақт ҷудо мекунам ва ҳама корҳои дигарамро танҳо пеш ё баъди он ба анҷом мерасонам». Ҳамин тавр, дар хизмати муқаддас банд будан ба мо кӯмак мекунад, ки дар ин рӯзҳои охир истодагарӣ намоем. (1 Қӯринтиён 15:58-ро бихонед.)

АЗ ХӮРОКИ РӮҲОНӢ ИСТИФОДА БАРЕД

11. Чаро ба мо лозим аст, ки аз ғизои рӯҳоние, ки мегирем, пурра истифода барем?

11 Яҳува ба воситаи адабиётҳое, ки ба таври фаровон ба мо дастрасанд, моро қувват мебахшад. Бешубҳа шумо ҳолатеро ба хотир оварда метавонед, ки баъди хондани ягон адабиёт чунин фикр ба саратон омада буд: «Ин маҳз ҳамон чизест, ки ба ман лозим аст! Гӯё Яҳува инро махсус барои ман навиштааст». Ва чунин фикрҳои шумо беасос нестанд. Ба воситаи адабиётҳо Яҳува моро таълим медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад. Ӯ гуфта буд: «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард» (Заб. 31:8). Оё мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ҳамаи адабиётҳоеро, ки мегирем бихонем ва оиди чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем? Ин ба мо кӯмак мекунад, ки дар ин рӯзҳои душвори охирзамон истодагарӣ кунем ва ғайрати худро дар хизмати Худо нигоҳ дорем. (Забур 1:1–3; 118:97-ро бихонед.)

12. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки адабиётҳоямонро қадр кунем?

12 Мо адабиётҳоямонро бештар қадр мекунем, агар оиди меҳнате, ки барои омода сохтани онҳо карда мешавад, мулоҳиза ронем. Барои тайёр кардани адабиётҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида мешаванд ва Кумитаи нависандагии Ҳайати роҳбарикунанда онҳоро назорат мекунад. Ба ин корҳо гузаронидани таҳқиқот, навиштани мақола, ислоҳ кардани матн, интихоб намудани расму тасвирҳо ва тарҷумаи адабиётҳое, ки чоп мешаванд ё дар вебсайти расмиамон ҷойгир карда мешаванд, дохил мешаванд. Филиалҳое, ки адабиётҳоро чоп мекунанд, хӯроки рӯҳониро ба ҷамъомадҳои дуру наздик мефиристанд. Ҳамаи ин корҳо бо кадом мақсад иҷро карда мешаванд? Барои он ки халқи Яҳува ғизои фаровони рӯҳонӣ дошта бошад (Иш. 65:13). Биёед аз хӯроки рӯҳоние, ки мо ба воситаи ташкилоти Яҳува мегирем, пурра истифода барем (Заб. 118:27).

ТАРТИБОТИ ЯҲУВАРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

13, 14. Кӣ дар осмон тартиботи Яҳуваро дастгирӣ мекунад ва чӣ тавр мо ин корро карда метавонем?

13 Дар рӯъё Юҳаннои ҳавворӣ дид, ки Исо чун савораи аспи сафед барои мағлуб кардани онҳое, ки бар муқобили Яҳува исён мебардоранд, ба ҷанг мебарояд (Ваҳй 19:11–15). Донистани он ки фариштагони содиқ ва тадҳиншудагоне, ки аллакай мукофоти осмониашонро гирифтаанд, аз паси Исо истода ӯро дастгирӣ мекунанд, имони моро қавӣ мекунад (Ваҳй 2:26, 27). То чӣ андоза намунаи олиҷаноб мегузоранд онҳо дар дастгирӣ кардани тартиботи Яҳува!

14 Мисли ин, аъзоёни анбӯҳи бузург бародарони тадҳиншудаи Исоро, ки ҳоло дар заминанд ва дар ташкилоти Яҳува роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, пурра дастгирӣ мекунад. (Закарё 8:23-ро бихонед.) Чӣ тавр шахсан мо нишон дода метавонем, ки тартиботи Яҳуваро дастгирӣ мекунем? Яке аз роҳҳо ин итоат кардан ба бародарони масъул аст (Ибр. 13:7, 17). Зоҳир кардани чунин итоаткорӣ бояд аз ҷамъомадҳоямон сар шавад. Оё сӯҳбатҳои мо оиди пирон дигаронро бармеангезанд, ки нисбати ин бародарон ва коре, ки онҳо иҷро мекунанд, эҳтиром дошта бошанд? Оё мо фарзандонамонро ташвиқ мекунем, ки ин бародарони содиқро ҳурмат кунанд ва барои ҳидояту роҳнамоӣ ба онҳо муроҷиат намоянд? Ғайр аз ин, оё мо ҳамроҳи оилаамон дар бораи он фикр мекунем, ки чӣ тавр бо хайрияҳои худ кори умумиҷаҳониро дастгирӣ карда метавонем? (Мас. 3:9; 1 Қӯр. 16:2; 2 Қӯр. 8:12). Оё мо бо омодагӣ дар рӯбучин ва таъмири Толори Салтанат иштирок мекунем? Агар дар байнамон чунин эҳтирому ягонагӣ ҳукмфармо бошад, Яҳува ба мо рӯҳулқудсашро ба таври фаровон ато мекунад. Ин рӯҳ ба мо қувват мебахшад, то дар ин рӯзҳои охир истодагарӣ карда тавонем (Иш. 40:29–31).

ТАВРЕ ЗИНДАГӢ КУНЕД, КИ БА ХУДО ПИСАНД БОШАД

15. Чаро мо бояд барои дуруст рафтор кардан доимо мубориза барем?

15 Ниҳоят, барои истодагарӣ кардан ва бо ташкилоти Яҳува ҳамқадам будан ба мо лозим аст, то мувофиқи хабаре, ки ба дигарон мерасонем, зиндагӣ кунем. Барои ин мо бояд бифаҳмем, ки оё рафтори мо ба Худо писанд аст ё не (Эфс. 5:10, 11). Аз боиси Шайтон, ҷаҳони шарири вай ва нокомилии худамон ба мо дуруст рафтор кардан душвор аст. Ва ба баъзе аз шумо, бародарону хоҳарони азиз, лозим меояд, ки барои нигоҳ доштани муносибатҳои бо Яҳува доштаатон ҳар рӯз сахт мубориза баред. Ин шуморо дар назари Ӯ қиматбаҳо мегардонад. Ҳеҷ гоҳ суст нашавед! Мувофиқи иродаи Яҳува зиндагӣ кардан ба мо қаноатмандии зиёд мебахшад ва ибодатамонро пурарзиш мегардонад (1 Қӯр. 9:24–27).

16, 17. а) Чӣ бояд кард, агар мо гуноҳи ҷиддие содир карда бошем? б) Мо аз мисоли Аниса чӣ дарси ибрат гирифта метавонем?

16 Лекин, чӣ бояд кард, агар мо гуноҳи ҷиддие содир карда бошем? Ҳеҷ гоҳ барои пинҳон кардани гуноҳатон кӯшиш накунед, зеро ин вазъиятро танҳо бадтар мекунад. Ба хотир оред, ки Довуд ҳангоми пинҳон кардани гуноҳаш чӣ ҳис мекард. Ӯ гуфта буд: «Устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсид» (Заб. 31:3). Бале, пинҳон кардани гуноҳҳо танҳо сабаби он мегардад, ки мо аз ҷиҳати эмотсионалӣ ва рӯҳонӣ хаставу суст мешавем. Аз тарафи дигар, «касе ки [дар гуноҳҳояш] иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад» (Мас. 28:13).

17 Биёед мисоли хоҳар Анисаро * дида мебароем. Вақте ки Аниса ҷавон буд, ӯ чун пешрави доимӣ хизмат мекард. Лекин чунин шуд, ки ӯ дар баробари ба Яҳува хизмат намуданаш ба корҳои бад даст зад. Ин ба ӯ таъсири хеле бад расонд ва дар натиҷа виҷдонаш ӯро азоб медод. Ӯ мегӯяд: «Ман бадбахт будам ва доимо рӯҳафтодагӣ ҳис мекардам». Боре дар ҷамъомад оятҳои Яъқуб 5:14, 15 муҳокима шуданд ва Аниса фаҳмид, ки ба вай ёрдами пирон лозим аст. Ин ӯро барангехт, ки ба онҳо муроҷиат кунад. Гузаштаро ба хотир оварда ӯ мегӯяд: «Ин оятҳо чун доруе мебошанд, ки аз тарафи Яҳува барои рӯҳан шифо додани ходимонаш навишта шудаанд. Бо вуҷуди талхиаш ин дору шифо мебахшад. Мувофиқи ин оятҳо амал карда ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ сиҳат шудам». Аз он вақт якчанд сол гузашт ва ҳоло Аниса бо қуввати тару тоза ва виҷдони пок аз нав ба Яҳува боғайратона хизмат мекунад.

18. Мо ба кардани кадом кор хоҳиши сахт дорем?

18 То чӣ андоза зиндагӣ кардан дар ин рӯзҳои охир ва қисми ташкилоти оламгири Яҳува будан имтиёзи бузург аст! Биёед ҳеҷ гоҳ ба чизҳои доштаамон чун ба як чизи муқаррарӣ нанигарем. Ба ҷои ин, мо бояд ҳамроҳи аъзоёни оилаамон дар ҷамъомади худ доимо Худоро ибодат кунем, дар маҳалламон одамони самимиро ҷустуҷӯ кунем ва хӯроки рӯҳониамонро қадр намоем. Мо ҳамчунин бояд бародарони масъулро дастгирӣ намоем ва мувофиқи хабаре, ки ба дигарон мерасонем, зиндагӣ кунем. Ин тавр рафтор карда мо на танҳо ҳамқадами ташкилоти Яҳува мемонем, балки ҳамчунин дар кардани корҳои нек хаставу суст намешавем.

^ сарх. 17 Ном иваз шудааст.