Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Барои дуо ҳушёр бошед»

«Барои дуо ҳушёр бошед»

«Бомулоҳиза ва барои дуо ҳушёр бошед» (1 ПЕТ. 4:7).

1, 2. а) Чаро «барои дуо ҳушёр» будан муҳим аст? б) Мо бояд оиди дуо ба худ кадом саволҳои муҳимро диҳем?

 «ЛАҲЗАИ аз ҳама душвортарини шаб барои бедормонӣ ин вақти пеш аз дамидани субҳ аст»,— мегӯяд шахсе ки пеш шабона кор мекард. Дигар шахсоне, ки шаби дароз бедор мемонанд, эҳтимол бо ин суханон розиянд. Инро бо замоне, ки мо зиндагӣ дорем, муқоиса кардан мумкин аст. Ҳоло мо дар қарибии анҷоми ҷаҳони Шайтон мебошем. Он мисли лаҳзаи ториктарини шаб аст ва масеҳиён бояд бо тамоми қувват ҳушёру бедор монанд (Рум. 13:12). Дар ин лаҳзаи охирин хоб рафтан хеле хатарнок аст! Ба мо зарур аст, ки ба насиҳати Навиштаҳо гӯш дода, «бомулоҳиза ва барои дуо ҳушёр» бошем (1 Пет. 4:7).

2 Азбаски мо дар кадом вақт зистанамонро дарк мекунем, хуб мебуд, ки аз худ бипурсем: «То чӣ андоза ман барои дуо гуфтан ҳушёрам? Оё ман бо ҳар навъ дуо ба Яҳува муроҷиат мекунам ва оё пайваста дуо мегӯям? Оё дар ҳаққи дигарон дуо гуфтан барои ман одат шудааст ё ман танҳо дар бораи хоҳишу ниёзҳои худам дуо мегӯям? Ва дуо барои наҷот ёфтани ман чӣ нақши муҳим мебозад?»

ПАЙВАСТА БО ҲАР НАВЪ ДУО БА ЯҲУВА МУРОҶИАТ КУНЕД

3. Баъзе навъҳои дуоро номбар кунед.

3 Дар номаи худ ба эфсӯсиён Павлуси ҳавворӣ гуфт, ки «бо ҳар дуо» ба Яҳува муроҷиат кунанд (Эфс. 6:18). Дар дуоҳои худ мо шояд зуд–зуд барои қонеъ гардондани ниёзҳоямон ва бартараф кардани душвориҳоямон аз Яҳува кӯмак пурсем. Шунавандаи дуо бо меҳрубонӣ дуову илтиҷои моро оиди ёрӣ гӯш мекунад (Заб. 64:3). Лекин мо бояд ҳамчунин ба дигар навъҳои дуо, ба монанди дуои ҳамду сано, шукргузорӣ ва зориву илтиҷо диққат диҳем.

4. Чаро мо бояд дар дуоҳоямон доимо Яҳуваро ҳамд гӯем?

4 Барои Яҳуваро ҳамду сано гуфтан сабабҳои зиёд вуҷуд доранд. Масалан, вақте ки мо дар бораи «қудрати Ӯ» ва «бузургии азамати Ӯ» фикр мекунем, диламон моро бармеангезад, ки Ӯро мадҳу ситоиш кунем. (Забур 150:1–6-ро бихонед.) Дар шаш ояти таронаи 150-уми Забур ба Яҳува бо 11 тарзи гуногун ҳамду сано гуфта шудааст! Дар таронаи дигаре забурнавис аз эҳтироми чуқур нисбати Худо чунин сароид: «Рӯзе ҳафт карат Туро мадҳ менамоям барои довариҳои одилонаи Ту» (Заб. 118:164). Яҳува бешубҳа сазовори мадҳу ситоиш аст. Барои ҳамин, оё мо набояд Ӯро дар дуоҳоямон «рӯзе ҳафт карат», яъне тез–тез ҳамд гӯем?

5. Чӣ тавр дар дуо зоҳир кардани рӯҳияи миннатдорӣ моро ҳимоя мекунад?

5 Шукргузорӣ дигар навъи муҳими дуо мебошад. Павлус масеҳиёни шаҳри Филиппиро чунин насиҳат кард: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед» (Фил. 4:6). Вақте ки мо дар дуо аз таҳти дил ба Яҳува шукргузорӣ мекунем, ин моро муҳофизат мекунад. Шукргузорӣ кардан хусусан аз он сабаб муҳим аст, ки мо дар рӯзҳои охир, дар байни одамони «кӯрнамак», яъне ношукр зиндагӣ дорем (2 Тим. 3:1, 2). Дар ҳақиқат, дар ин ҷаҳон рӯҳияи ношукр будан ҳукмфармост. Агар мо эҳтиёткор набошем, чунин рӯҳия ба осонӣ ба мо низ таъсир карда метавонад. Дар дуо ба Худо шукргузорӣ намудан ба қаноатмандӣ мусоидат мекунад ва намегузорад, ки мо «шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие» гардем (Яҳд. 16). Ғайр аз ин, вақте ки сардорони оила ҳамроҳи наздиконашон дар дуо шукргузорӣ менамоянд, бо ин онҳо дар дили зану фарзандонашон рӯҳияи миннатдориро инкишоф медиҳанд.

6, 7. Ба Худо зориву илтиҷо кардан чӣ маъно дорад ва оиди чӣ мо аз Яҳува илтиҷо карда метавонем?

6 Зориву илтиҷо ба Худо — дуои гарму самимиест, ки гӯянда аз ҳиссиёти чуқури худ онро ба забон меорад. Мо оиди чӣ аз Яҳува илтиҷо карда метавонем? Мо албатта ҳангоми дучор шудан бо таъқибот ё бемории шифонопазир бо илтиҷо дуо гуфта метавонем. Фаҳмост, ки дар чунин ҳолатҳо дуоҳои мададхоҳонаи мо ба зориву илтиҷо табдил меёбанд. Вале оё инҳо ягона мавридҳое мебошанд, ки мо бояд ба Яҳува зориву илтиҷо кунем?

7 Оиди дуои намунавии Исо фикр кунед ва аҳамият диҳед, ки ӯ дар бораи номи Худо, Салтанати Ӯ ва иродаи Ӯ чӣ гуфт. (Матто 6:9, 10-ро бихонед.) Ин ҷаҳон сар то по олудаи бадӣ мебошад ва ҳокимиятҳои одамӣ ҳатто ниёзҳои аввалиндараҷаи шаҳрвандони худро қонеъ гардонида наметавонанд. Пас, мо бешубҳа бояд оиди он илтиҷо кунем, ки номи Падари осмониамон муқаддас гардад ва Салтанати Ӯ заминро аз ҳукмронии Шайтон озод кунад. Ҳамчунин оиди он илтиҷо кардан бамаврид аст, ки иродаи Ӯ, чуноне ки дар осмон аст, дар замин низ иҷро шавад. Аз ин рӯ, биёед ҳушёр монда, бо ҳар навъ дуо ба Яҳува муроҷиат кунем.

ПАЙВАСТА ДУО ГӮЕД

8, 9. Чаро мо набояд Петрус ва дигар ҳаввориёнеро, ки дар боғи Ҷатсамонӣ хобашон бурд, сахтгирона танқид кунем?

8 Ҳарчанд Петруси ҳавворӣ масеҳиёнро насиҳат дод, ки «барои дуо ҳушёр» бошанд, лекин худаш боре аз ин ҷиҳат сустӣ карда буд. Ӯ яке аз шогирдоне буд, ки дар боғи Ҷатсамонӣ ҳангоми дуо гуфтани Исо хобаш бурд. Ҳатто баъди он ки Исо ба шогирдонаш «бедор бошед ва дуо гӯед» гуфта таъкид кард, хоби онҳо бурд. (Матто 26:40–45-ро бихонед.)

9 Лекин ба ҷои танқид кардани Петрус ва дигар ҳаввориён, хуб мебуд дар ёд дорем, ки эҳтимол онҳо он рӯз аз кору тараддуди бисёр, сахт монда шуда буданд. Онҳо барои Фисҳ ҳама чизро тайёр карданд ва шом онро қайд намуданд. Сипас Исо ба маросими наве оғоз бахшида, ба шогирдонаш нишон дод, ки Ёдбуди марги ӯро минбаъд чӣ тавр бояд қайд кунанд (1 Қӯр. 11:23–25). Ва баъд онҳо «ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд» ва аз кӯчаҳои танги Ерусалим масофаеро тай карда, ба боғи Ҷатсамонӣ рафтанд (Мат. 26:30, 36). Шояд вақте ки онҳо ба боғ расиданд, аллакай нисфи шаб буд. Агар мо он шаб дар боғи Ҷатсамонӣ мебудем, шояд хоби мо ҳам мебурд. Исо ба ҷои танқид кардани ҳаввориёни хасташудааш, меҳрубонона эътироф кард, ки «рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».

Гарчанд Петрус пешпо хӯрд, ӯ «барои дуо ҳушёр» буданро ёд гирифт (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред)

10, 11. а) Петрус аз воқеае, ки дар боғи Ҷатсамонӣ рӯй дод, чӣ дарс гирифт? б) Мисоли Петрус ба шумо чӣ гуна таъсир мерасонад?

10 Воқеаи дар боғи Ҷатсамонӣ рӯйдода ба Петрус бетаъсир намонд. Ӯ аз таҷрибаи талхи худ дарс гирифт, ки чаро ҳушёриро набояд аз даст дод. Пештар аз ин воқеа Исо гуфта буд: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод». Ба ин Петрус ҷавоб дод: «Агар ҳама дар ҳаққи Ту ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам». Исо дар ҷавоб гуфт, ки Петрус ӯро се маротиба инкор хоҳад кард. Петрус бошад, худбоварона гуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам» (Мат. 26:31–35). Вале қатъи назар аз ин, чӣ тавре ки Исо пешгӯӣ карда буд, Петрус пешпо хӯрд. Вақте ки ӯ бори сеюм Исоро инкор намуд, ӯ аз азоби виҷдон «зор–зор гирист» (Луқ. 22:60–62).

11 Петрус албатта аз хатои кардааш дарс гирифта, бар майли худбовариаш ғолиб омад. Бешубҳа, дар ин кор ба ӯ дуо кӯмак кард. Ҷолиби диққат аст, ки насиҳати «барои дуо ҳушёр» буданро Петрус додааст. Оё мо ба ин насиҳат, ки ӯ зери илҳоми илоҳӣ дода буд, гӯш медиҳем? Беш аз ин, оё мо пайваста дуо мегӯем ва бо ин нишон медиҳем, ки аз Яҳува вобаста мебошем? (Заб. 84:9). Биёед инчунин насиҳати зерини Павлуси ҳаввориро дар хотир нигоҳ дорем: «Ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад» (1 Қӯр. 10:12).

ХУДО БА ДУОҲОИ НАҲЕМЁ ҶАВОБ ДОД

12. Наҳемё ба мо аз кадом ҷиҳат намунаи хуб гузоштааст?

12 Мисоли Наҳемёро дида мебароем. Ӯ дар асри панҷуми то эраи мо дар дарбори шоҳи Форс Артаҳшасто чун соқӣ хизмат мекард. Наҳемё аз он ҷиҳат ба мо намунаи хуб гузошт, ки аз таҳти дил дуо мегуфт. Якчанд рӯз вай рӯза дошта, дар ҳаққи яҳудиёни дар Ерусалимбуда «ба ҳузури Худои осмон дуо» гуфт (Наҳ. 1:4). Ва вақте подшоҳ дид, ки Наҳемё зиқ аст, аз вай пурсид: «Чаро чеҳраат ғамгин аст?» Баъди вазъияти Ерусалимро фаҳмондани Наҳемё шоҳ гуфт: «Пас ту чӣ металабӣ?» Наҳемё дарҳол ба Худои осмон дуо гуфт (Наҳ. 2:2–4). Дар натиҷа чӣ шуд? Яҳува ба дуои ӯ ҷавоб дод ва ба воқеаҳо тавре роҳбарӣ кард, ки бар манфиати халқаш буд (Наҳ. 2:5, 6). Тасаввур кунед, ки ин то чӣ андоза имони Наҳемёро мустаҳкам намуд!

13, 14. Барои имони худро мустаҳкам нигоҳ доштан ва ба Шайтон муқобилият кардан мо бояд чӣ кор кунем?

13 Монанди Наҳемё пайваста дуо гуфтан ба мо кӯмак мерасонад, ки имонамонро мустаҳкам гардонем. Шайтон бераҳм аст ва аксар вақт ба мо ҳангоми суст буданамон зарба мезанад. Масалан, агар мо бемор ё зиқ бошем, дар мо чунин ҳиссиёт пайдо шуда метавонад, ки он чанд соате ки мо ҳар моҳ дар хизмат сарф мекунем, дар назари Худо хеле каманд. Баъзеи мо шояд аз фикру хаёлҳои ғамгинкунанда, масалан, аз боиси воқеаҳое, ки пеш дар ҳаётамон рӯй дода буданд, азоб мекашем. Шайтон моро ба он фикр тела додан мехоҳад, ки мо беқадр ҳастем. Ӯ бисёр вақт маккорона ҳиссиёти моро истифода бурда, мехоҳад имонамонро суст гардонад. Лекин, агар мо «барои дуо ҳушёр» бошем, имонамонро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонем. Дар ҳақиқат, «сипари имон» ба мо ёрӣ медиҳад, ки «ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш» кунем (Эфс. 6:16).

«Барои дуо ҳушёр» будан ба мо кӯмак мерасонад, ки ба душвориҳои гуногун ғолиб оем (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред)

14 Агар мо «барои дуо ҳушёр» бошем, ҳангоми ногаҳон ба озмоиши имон дучор шудан, ба васваса дода намешавем ва беайбиамонро аз даст намедиҳем. Дар вақти бо озмоишҳо ва таъқиботҳо рӯ ба рӯ гаштан, биёед намунаи Наҳемёро ба хотир орем ва дарҳол ба Худо бо дуо муроҷиат кунем. Танҳо бо кӯмаки Яҳува мо метавонем дар васвасаҳо истодагарӣ кунем ва ба озмоиши имон тоб орем.

ДАР ҲАҚҚИ ДИГАРОН ДУО ГӮЕД

15. Оиди дар ҳаққи дигарон дуо гуфтан мо бояд ба худ кадом саволҳоро диҳем?

15 Исо дар ҳаққи Петрус аз Худо илтиҷо кард, то ки ин ҳаввориаш имони худро аз даст надиҳад (Луқ. 22:32). Аз ин ҷиҳат масеҳии содиқи асри як Эпафрос ба Исо пайравӣ мекард ва бо саъю кӯшиши зиёд дар ҳаққи бародарони шаҳри Қӯлассо дуо мегуфт. Павлус дар бораи Эпафрос навишт: «Ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед» (Қӯл. 4:12). Хуб мебуд, ки аз худ пурсем: «Оё ман бо ҷидду ҷаҳд дар ҳаққи бародарияти умумиҷаҳонӣ дуо мегӯям? То чӣ андоза ман зуд–зуд дар ҳаққи ҳамимононе, ки аз боиси офатҳои табиӣ азоб мекашанд, дуо мегӯям? Кай бори охир ман дар бораи онҳое, ки дар ташкилоти Яҳува масъулиятҳои вазнинро бар ӯҳда доранд, бо ғайрати зиёд дуо гуфта будам? Оё ман ба наздикӣ дар ҳаққи он аъзоёни ҷамъомад, ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуда истодаанд, дуо гуфта будам?»

16. Оё дуоҳои мо дар бораи дигарон дар ҳақиқат аҳамият доранд? Фаҳмонед.

16 Вақте ки мо ба Худо дар ҳаққи дигарон дуо мегӯем, ин ба онҳо дар ҳақиқат кӯмак расонда метавонад. (2 Қӯринтиён 1:11-ро бихонед.) Гарчанд Яҳува ӯҳдадор нест, ки мувофиқи дуоҳои такрор ба такрори ходимони зиёдаш амал кунад, лекин Ӯ ба ғами якдигар шарик будани онҳоро ба назар гирифта, мувофиқи иродаи худ ба дуоҳояшон ҷавоб медиҳад. Аз ин рӯ, мо бояд ба имтиёз ва масъулияти дар ҳаққи дигарон дуо гуфтан ҷиддӣ назар кунем. Ба монанди Эпафрос ба мо лозим аст, ки дар ҳаққи бародарону хоҳарони масеҳиамон бо ҷидду ҷаҳд дуо гуфта, ҳамин тавр муҳаббат ва ғамхории самимонаи худро нисбати онҳо нишон диҳем. Чунин рафтор намуда, мо хурсандии худро дучанд мегардонем, зеро «додан аз гирифтан беҳтар аст» (Аъм. 20:35).

НАҶОТИ МО НАЗДИКТАР АСТ

17, 18. Чӣ тавр «барои дуо ҳушёр» будан ба мо кӯмак хоҳад кард?

17 Павлус гуфт, ки «шаб гузашту рӯз наздик омад», лекин пеш аз ин суханон, ӯ чунин навишт: «Шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст» (Рум. 13:11, 12). Дунёи нави ваъдакардаи Худо наздик аст ва наҷоти мо низ назар ба он ки мо фикр мекунем, наздиктар аст. Мо набояд рӯҳан хоб равем ва набояд гузорем, то чизҳои ин ҷаҳон ҳушу ёди моро ба худ ҷалб намоянд ва вақтеро, ки мо бо Яҳува танҳо монда, дуо мегӯем, бидузданд. Ба ҷои ин, биёед «барои дуо ҳушёр» бошем. Чунин рафтор ба мо кӯмак мерасонад, ки рӯзи Яҳуваро интизор шуда, бо «рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ» зиндагӣ кунем (2 Пет. 3:11, 12). Ин тарзи ҳаёт нишон медиҳад, ки мо рӯҳан ҳушёрем ва дар ҳақиқат боварӣ дорем, ки ин тартиботи Шайтон ҳатман ба охир мерасад. Аз ин рӯ, биёед «пайваста дуо» гӯем (1 Тас. 5:17). Инчунин биёед ба Исо пайравӣ намуда, барои дар танҳоӣ дуо гуфтан имконият ҷӯем. Агар мо дар дуоҳои шахсиамон саросема нашуда, дарозтар дуо гӯем, мо ба Яҳува бештар наздик мешавем (Яъқ. 4:7, 8). Чӣ баракатест ба Яҳува наздик будан!

18 Дар Навиштаҳо омадааст: «Дар айёме ки Ӯ [Исо] дар ҷисм буд, ба [Худо] ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд» (Ибр. 5:7). Исо бо фиғони пурзӯр ва зориву илтиҷо дуо мегуфт ва тавонист садоқатмандии худро ба Худо то охири ҳаёти заминиаш нигоҳ дорад. Дар натиҷа Яҳува Писари маҳбубашро аз нав эҳё кард ва ба ӯ ҳаёти бефанои осмонӣ ато намуд. Мо низ қатъи назар аз он ки дар оянда бо кадом васвасаҳо ва озмоишҳо дучор мешавем, метавонем ба Падари осмониамон содиқ бимонем. Дар ҳақиқат, агар «барои дуо ҳушёр» бошем, мо атои ҳаёти ҷовидонаро соҳиб шуда метавонем.