Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар ҳаққи пиронсолон ғамхорӣ кунед

Дар ҳаққи пиронсолон ғамхорӣ кунед

«Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем» (1 ЮҲ. 3:18).

1, 2. a) Бисёр оилаҳо бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва чӣ гуна саволҳо ба миён меоянд? б) Чӣ тавр волидон ва фарзандон ба душвориҳои даврони пиронсолӣ ва дигаргуниҳои бо он алоқаманд тайёр шуда метавонанд?

ВАҚТЕ шумо дарк мекунед, ки волидонатон — шахсони як вақтҳо бақувват ва мустақил, дигар ба худашон ғамхорӣ карда наметавонанд, ин дарднок буда метавонад. Шояд модар ё падаратон афтида, ягон ҷояшонро шикастанд, фаромӯшхотир гаштаанду роҳро гум мекунанд ё духтурон ягон бемории ҷиддиашонро дарёфт кардаанд. Инро як тарафи мушкилӣ гӯем, аз дигар тараф, ба худи пиронсолон иқрор шудан ба он ки онҳо ҷисман мисли пештара нестанд ё дигар вазъиятҳо акнун мустақил будани онҳоро маҳдуд мекунад, душвор буда метавонад (Айюб 14:1). Барои ба онҳо ёрӣ додан чӣ кор кардан мумкин аст? Мо чӣ тавр нисбати онҳо ғамхорӣ карда метавонем?

2 Дар як мақолае, ки ба мавзӯи ғамхорӣ ба пиронсолон бахшида шудааст, гуфта мешавад: «Ҳарчанд муҳокима кардани мушкилиҳои бо давраи пирӣ алоқаманд душвор аст, оилаҳое, ки роҳи ҳалли онҳоро пешакӣ муҳокима мекунанду якҷоя ба як қарор меоянд, дар оянда кадом мушкилие пеш наояд, онро ба осонӣ ҳал мекунанд». Мо бояд дарк кунем, ки душвориҳои даврони пиронсолӣ ҳатман ба миён меоянд. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки ҳамакаса, бо аҳли оила пешакӣ ба онҳо тайёр шавем. Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр аъзоёни оила дар рӯҳияи меҳру муҳаббат бо якдигар ҳамкорӣ карда метавонанд, то ҳалли баъзе душвориҳоро пешакӣ барои худ муайян кунанд.

ТАЙЁРӢ БА АЙЁМИ ПИРӢ

3. Вақте ки волидони пиронсол ба кӯмаки иловагӣ мӯҳтоҷ мешаванд, оила чӣ кор карда метавонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

Вақте фаро мерасад, ки аксарияти одамони пиронсол дигар наметавонанд пурра ба худашон ғамхорӣ кунанд ва ба нигоҳубин мӯҳтоҷ мешаванд. (Воиз 12:1–7-ро бихонед.) Ҳангоме ки ин рӯй медиҳад, волидони пиронсол ва фарзандонашон бояд якҷоя қарор кунанд, ки чӣ тавр ба волидон ба таври беҳтар ғамхорӣ намоянд ва онҳо чӣ имкониятҳо доранд. Оқилона мебуд, ки аҳли оила ҷамъ омада муҳокима кунанд, ки чӣ гуна кӯмак лозим аст, онро чӣ тавр расонанд ва ҳар як кас чӣ вазифаро иҷро карда метавонад. Дар он муҳокима ҳама аъзои оила, хусусан худи волидони пиронсол бояд ҳиссиёти худро озодона баён кунанд ва воқеъбин бошанд. Муайян кардан лозим аст, ки оё кӯмаки лозима ба волидон дар хонаи худашон расонда мешавад ё шояд он ҷо мондани онҳо боиси хавотирӣ мебуд *. Маслиҳат кунед, ки ҳар як аъзои оила чӣ кор карда метавонад, то ки эҳтиёҷоти волидон ба таври хуб қонеъ гардад (Мас. 24:6). Масалан, аъзоёни оила метавонанд байни худ маслиҳат кунанд, ки кадоме аз онҳо оиди ниёзҳои ҳаррӯзаи волидон ғамхорӣ мекунад ва кадоме шояд бо пардохт кардани хароҷотҳои бо доруву дармон алоқаманд кӯмак мерасонад. Ҳар як кас бояд донад, ки ӯ кадом корро иҷро мекунад, вале бо гузашти вақт вазифаҳо метавонанд иваз шаванд ва шояд аъзоёни оила дида мебароянд, ки кадом масъулиятҳоро бо навбат иҷро хоҳанд кард.

4. Аъзоёни оила аз куҷо кӯмак ҷуста метавонанд?

Вақте ки шумо ба падар ё модаратон нигоҳубин карданро сар мекунед, вақт ёфта дар бораи бемории он кас маълумоти ҳар чӣ зиёдтар пайдо кунед. Агар он кас ба касалии торафт авҷгиранда гирифтор бошанд, аз духтурон фаҳмед, ки дар оянда чӣ рӯй доданаш мумкин аст (Мас. 1:5). Ба ташкилотҳои давлатӣ, ки ба пиронсолон хизмат мерасонанд, муроҷиат кунед. Маълумот пайдо кунед, ки барои таъмин кардани нигоҳубини хубтари волидонатон ё барои сабуктар кардани вазифаи шумо чӣ гуна барномаҳои аз тарафи давлат муқарраршуда мавҷуданд. Вақте шумо оиди ин мушкилии дар оилаатон пайдошуда фикр мекунед, шуморо шояд ҳиссиёти нохуше, ба монанди зиқӣ, ҳайратзадагӣ ва изтироб фаро гирад. Дарди дилатонро ба дӯсти бовариноки худ баён кунед. Пеш аз ҳама, дилатонро ба Яҳува холӣ кунед. Ӯ метавонад ба шумо оромӣ бахшад, то ки ба ҳар гуна вазъият тоб оред (Заб. 54:23; Мас. 24:10; Флп. 4:6, 7).

5. Чаро дар бораи нигоҳубини пиронсолон пешакӣ маълумот ҷамъ овардан аз рӯи хирад аст?

5 Баъзе пиронсолон ва аъзоёни оилаи онҳо хирадмандона рафтор карда, оиди ҷои зисти пиронсолон пешакӣ фикр мекунанд — масалан, дар бораи қулай будани зиндагии волидон бо духтар ё писарашон. Ҳамин тавр оилаҳо ба «заҳмат ва ҷафо»-е, ки пиронсолӣ бо худ меорад, тайёр шуда метавонанд (Заб. 89:10). Бисёри оилаҳо дар бораи ин чизҳо пешакӣ маслиҳат намекунанд ва вақте ки чунин проблема сар мезанад, онҳо маҷбур мешаванд, ки қарорҳои душворро саросемавор қабул кунанд. Як мутахассис мегӯяд, ки ин маврид қариб ҳамеша «вақти ноқулайтарин аст барои қабули чунин қарорҳо». Вақте ягон қарорро ҳар чӣ тезтар қабул кардан лозим меояд, аъзоёни оила метавонанд асабӣ гарданд ва байнашон ҳамдигарнофаҳмӣ ва ҷанҷол сар занад. Аз тарафи дигар, вақте мо пешакӣ корҳои худро ба нақша мегирем, бароямон ба дигаргунии ногаҳонӣ дуруст муносибат кардан осонтар мегардад (Мас. 20:18).

Аъзоёни оила метавонанд бо ҳам ҷамъ омада, ниёзҳои волидон ва имкониятҳои худро муҳокима намоянд (Ба сархатҳои 6–8 нигаред)

6. Чаро сӯҳбат оиди дар куҷо ва чӣ тавр зистани волидони пиронсол манфиатнок буда метавонад?

6 Шояд бо волидон оиди тағйир додани шароити хонаашон ё эҳтимолияти ба ҷои дигар кӯчидани онҳо сӯҳбат кардан барои шумо душвор бошад. Вале бисёриҳо мегӯянд, ки чунин сӯҳбатҳо баъдтар манфиат оварданд. Чаро? Зеро чунин сӯҳбатҳо ба аъзоёни оила имкон медиҳанд, ки муносибатҳои наздик ва ҳамдигарфаҳмиро нигоҳ дошта, нақшаҳои амалӣ кашанд. Онҳо фаҳмиданд, ки пешакӣ гӯш кардани нуқтаи назари якдигар ва дар фазои меҳрубониву муҳаббат муҳокима намудани масъалаҳои душвор, қабул кардани қарорҳоро дар вақти даркорӣ осонтар мегардонад. Шояд пиронсолон мехоҳанд то он вақте ки қувваташон мерасад, худашон дар бораи худ ғамхорӣ карда, дар хонаи худ бимонанд. Ба ҳар ҳол хуб мебуд, ки ҳангоми сӯҳбат бо фарзандон онҳо гӯянд, ки дар мавриди пайдо шудани эҳтиёҷот кадом намуди кӯмакро авло медонанд.

7, 8. Кадом масъалаҳоро аъзоёни оила бояд муҳокима кунанд ва чаро?

7 Волидон, дар давоми чунин сӯҳбатҳо ба оилаи худ гӯед, ки чӣ гуна хоҳишу дархостҳо доред, чӣ қадар хароҷотро худатон пӯшонида метавонед ва кадом пешниҳодҳоро беҳтар мешуморед. Донистани ин чизҳо ба фарзандонатон кӯмак мерасонад, то дар ҳолатҳое, ки шумо фикри худро баён карда наметавонед, қарори дуруст қабул кунанд. Эҳтимол, онҳо мехоҳанд, ки дар вақти рӯй додани чунин ҳолат хоҳишҳоеро, ки шумо доштед, ба инобат гиранд ва соҳибихтиёрии шуморо то ҳадди имкон нигоҳ доранд (Эфс. 6:2–4). Масалан, оё шумо мехостед, ки яке аз фарзандонатон шуморо таклиф кунад, ки ба хонаи ӯ кӯчед, ё шумо чизи дигареро интизоред? Воқеъбин бошед ва аз ёд набароред, ки фикру ақидаи дигар аъзоёни оила метавонад аз фикру ақидаи шумо фарқ кунад ва барои дигар кардани тарзи фикрронии шумо ё фарзандонатон вақт лозим аст.

8 Ҳама бояд дарк кунанд, ки агар корҳои бо нигоҳубин алоқамандро пешакӣ ба нақша гиранд ва ошкоро муҳокима кунанд, проблемаҳоро пешгирӣ кардан мумкин аст (Мас. 15:22). Бо фарзандони худ оиди кӯмаки тиббӣ ва роҳҳое, ки беҳтар мешуморед, гап занед. Дар рафти чунин сӯҳбатҳо қайдҳои дар Ваколатномаи дахолати тиббӣ навишташуда, ки Шоҳидони Яҳува аз он истифода мебаранд, бояд муҳокима карда шаванд. Шумо ҳуқуқ доред, ки оиди намудҳои муолиҷаи дастрас маълумот гиред, тарзи пешниҳодгаштаи табобатро қабул кунед ё рад намоед. Ваколатномаи тиббии пешакӣ пуркардашуда нишон медиҳад, ки мавқеи шумо дар ин бобат чӣ гуна аст. Барои худ шахсеро чун намояндаи ваколатдори тиббӣ интихоб кунед (дар он ҷойҳое, ки ин аз рӯи қонун имконпазир асту пазируфта мешавад), то дилпур бошед, ки агар лозим шавад, ӯ ба ҷои шумо қарорҳои дуруст қабул кунад. Дар вақти зарурӣ нусхаи Ваколатномаи дахолати тиббӣ бояд дар дасти худи шахсони пиронсол, касони нигоҳубинкунанда ва намояндагони ваколатдори тиббӣ бошад. Баъзе пиронсолон нусхаи чунин ваколатномаро ба васиятнома ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳимашон, ба монанди ҳуҷҷатҳо оиди суғурта, пулу моликият ва ғайра, ҳамроҳ карда мемонанд.

МУТОБИҚ ШУДАН БА ВАЗЪИЯТҲОИ ТАҒЙИРЁФТА

9, 10. Кай волидон ба ёрдами бештари фарзандон мӯҳтоҷ мегарданд?

9 Дар бисёр мавридҳо волидон ва фарзандон мехоҳанд, ки то даме ки қуввату маҳдудиятҳои волидон имкон медиҳад, соҳибихтиёрии онҳо нигоҳ дошта шавад. Онҳо шояд ҳоло худашон аз ӯҳдаи хӯрокпазӣ, рӯбучин, дору қабул кардан ва бе ягон душворӣ муошират намудан баромада метавонанд. Барои ҳамин, ба фарзандон шарт нест, ки ба корубори ҳаррӯзаи онҳо аз ҳад зиёд дахолат кунанд. Лекин бо гузашти вақт, агар роҳгардии волидон душвор гардад, масалан, ба бозору мағоза худашон рафта натавонанд, ё аз ҳад фаромӯшхотир гарданд, ба фарзандон лозим аст, ки чунин дигаргуниҳоро ба назар гиранд ва мувофиқи он амал кунанд.

10 Пиронсолон метавонанд зиқии бардавом ҳис кунанд ё парешонҳол шаванд. Инчунин шояд аз сабаби пирӣ оҳиста-оҳиста гӯшҳои онҳо вазнин, чашмонашон хира ва хотираашон суст гардад ва пешобашонро дошта натавонанд. Агар баъзеи чунин мушкилиҳо ба миён оянд, муолиҷаи тиббӣ кӯмак карда метавонад. Бо баробари пайдо шудани чунин дигаргуниҳо дар вазъи саломатӣ ҳар чӣ тезтар ба духтур муроҷиат кунед. Ба фарзандон шояд лозим меояд, ки ин ва дигар масъалаҳои шахсии волидонро ба ӯҳдаи худ гиранд. Фарзандон дилпур буда метавонанд, ки ба волидони худ ба таври беҳтарин ғамхорӣ карда истодаанд, агар дар мавридҳои зарурӣ аз номи онҳо гап зананд, дар корҳои бо ҳуҷҷатҳо алоқаманд ёрӣ диҳанд, ба ҷойҳои лозима онҳоро бо мошин баранд ва ғайраҳо (Мас. 3:27).

11. Чӣ кор кардан мумкин аст, то волидон ба дигаргуниҳо ба осонӣ одат кунанд?

11 Агар душвории бо саломатӣ алоқаманди волидон муваққатӣ неву доимӣ бошад, шояд ба шумо лозим ояд, ки ба тарзи нигоҳубин кардани онҳо дигаргуниҳо дароред ва ҷои зисташонро қулайтар созед. Дар хотир доред, ки чӣ қадаре ки тағйирот камтар бошад, онҳо ба он осонтар мутобиқ мешаванд. Агар шумо аз волидонатон дур зиндагӣ кунед, шояд барои онҳо кифоя бошад, ки ягон ҳамимон ва ё ҳамсоя мунтазам онҳоро хабар гирад ва сипас оиди аҳволи волидонатон ба шумо хабар диҳад. Фаҳмидан лозим аст, ки оё онҳо танҳо дар хӯрок пухтан ва рӯбучин ба кӯмак ниёз доранд. Мумкин, агар дар шароити хона каме дигаргунӣ дароред, роҳравӣ, ҳаммомкунӣ ва дигар корҳо барои онҳо осонтар ва бехавфтар гардад. Шояд волидон танҳо ба он эҳтиёҷ доранд, ки дар хонаи худашон зиндагӣ кунанду ягон аъзои оила омада, ба онҳо ёрдам диҳад. Лекин, агар дар хонаашон танҳо истодани онҳо боиси хавотирӣ бошад, шояд лозим аст, ки фарзанд ё хеши дигаре ҳамроҳашон зиста, онҳоро нигоҳубин кунад. Вазъият чӣ хеле ки набошад, аҳли оила бояд дар бораи он фикр кунад, ки бо кадом роҳҳо ба волидони пиронсол ғамхорӣ мекунад *. (Масалҳо 21:5-ро бихонед.)

ЧӢ ТАВР БАЪЗЕҲО ДУШВОРИҲОРО ПАСИ САР МЕКУНАНД

12, 13. Чӣ тавр фарзандони калоне, ки аз волидонашон дур зиндагӣ мекунанд, ҳурмату иззат кардани волидон ва дар ҳаққашон ғамхорӣ карданро давом медиҳанд?

12 Мо мехоҳем, то волидонамон дар ҷои бехатар ва бароҳат зиндагӣ кунанд, зеро мо онҳоро дӯст медорем. Донистани он ки ба волидонамон ғамхорӣ карда истодаем, ба мо хотирҷамъӣ мебахшад. Вале аз сабаби дигар ӯҳдадориҳо бисёр фарзандони бакамолрасида дар наздикии волидон зиндагӣ намекунанд. Дар чунин мавридҳо баъзеҳо рухсатии худро истифода бурда, ба хабаргирии онҳо мераванд ва дар корҳои хона, ки ба худи волидон вазнинанд, ёрӣ медиҳанд ва ҳамин тавр ба онҳо ғамхорӣ мекунанд. Фарзандон метавонанд ба волидони худ мунтазам — агар имконияташон бошад, ҳар рӯз занг зананд, нома нависанд ё бо воситаи Интернет муошират кунанд. Бо ин роҳҳо онҳо муҳаббати худро ба волидонашон нишон медиҳанд (Мас. 23:24, 25).

13 Ҳатто шумову оилаатон аз волидон дур зиндагӣ кунед ҳам, шумо бояд донед, ки волидонатон ҳар рӯз ба чӣ гуна ғамхорӣ ниёз доранд. Агар шумо дар наздикии онҳо зиндагӣ накунед ва волидони шумо Шоҳидони Яҳува бошанд, шумо метавонед ба пирони ҷамъомади онҳо занг зада, аз онҳо маслиҳат пурсида истед. Пеш аз ҳама, дар бораи волидонатон дуо гӯед. (Масалҳо 11:14-ро бихонед.) Ҳатто агар волидонатон Шоҳидони Яҳува набошанд ҳам, «падари худ ва модари худро иззат» кунед (Хур. 20:12; Мас. 23:22). Фаҳмост, ки ҳамаи оилаҳо қарори якхела қабул намекунанд. Баъзеҳо чора меандешанд, то падар ё модари пиронсолашон ба хонаи онҳо ё ба маҳалли ба онҳо наздиктар кӯчида биёяд. Лекин ин на ҳамеша имконпазир аст. Баъзе волидон шояд алоҳида зиндагӣ карданро беҳтар меҳисобанд. Онҳо намехоҳанд, ки ба гардани фарзандони бакамолрасидаашон ва оилаи онҳо бор шаванд. Шояд баъзе пиронсолон қудрати пардохт кардани хизмати шахси нигоҳубинкунандаро доранд, аз ин рӯ онҳо дар хонаи худ зистанро беҳтар медонанд (Воиз 7:12).

14. Фарзанде, ки дар нигоҳубини волидон қисми асосии масъулиятро ба ӯҳда дорад, бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ шуда метавонад?

14 Дар бисёри оилаҳо масъулияти нигоҳубини волидон аз афташ бештар ба дӯши писар ё духтаре, ки аз дигар фарзандон дида ба онҳо наздиктар зиндагӣ мекунад, меафтад. Лекин онҳо — нигоҳубинкунандагони асосӣ, бояд бо баробари ғамхорӣ ба волидон нисбати ниёзҳои оилаи худашон низ беэътиноӣ накунанд. Вақт ва қуввати ҳар як шахс маҳдуд аст. Инчунин вазъияти шахси нигоҳубинкунанда метавонад тағйир ёбад. Он гоҳ зарурият пайдо мешавад, ки вазифаҳои доштаи аъзоёни оила аз нав дида баромада шаванд. Шояд яке аз онҳо масъулияти аз ҳад зиёдро ба ӯҳда дорад. Пас, оё дигар фарзандон метавонанд кӯмаки бештар расонанд? Масалан, инро бо роҳи бо навбат нигоҳубин кардани волидон кардан мумкин аст.

15. Ба шахсе, ки нигоҳубинкунандаи асосӣ аст, чӣ тавр кӯмак карда мумкин аст, то ӯ аз ҳад зиёд хаставу рӯҳафтода нагардад?

15 Вақте ки ба волидони пиронсол беист нигоҳубин кардан лозим меояд, ин ба шахси нигоҳубинкунанда вазнин меғалтад (Воиз 4:6). Фарзандони ғамхору меҳрубон мехоҳанд, ки барои волидонашон ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд, вале парасториву нигоҳубини беист метавонад касро хаставу бемадор кунад. Шахсони нигоҳубинкунандае, ки дар чунин ҳолатанд, бояд воқеъбин бошанд ва аз дигарон кӯмак пурсанд. Агар дигарон вақт аз вақт ба онҳо кӯмаку дастгирии худро расонанд, ин метавонад бори масъулияташонро сабуктар гардонад ва хастагии аз ҳад зиёдро пешгирӣ кунад.

16, 17. Ҳангоми нигоҳубини волидони пиронсол фарзандон бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва онҳоро чӣ тавр ҳал мекунанд? (Инчунин ба чорчӯбаи «Ғамхорӣ кардан бо ҳисси сипосгузорӣ» нигаред.)

16 Дидани оқибатҳои дардовари пиронсолӣ дар волидони азизамон барои мо ғамгинкунанда аст. Бисёри касоне, ки волидонашонро нигоҳубин мекунанд, баъзан ғамгинӣ, хавотирӣ, ноумедӣ, асабоният, ҳисси гунаҳкорӣ ё ҳатто қаҳру ғазаб ҳис мекунанд. Баъзан падар ё модари пиронсол метавонад номеҳрубонона гап занад ё носипос бошад. Агар бо шумо чунин рӯй диҳад, кӯшиш кунед, ки наранҷед. Як мутахассиси соҳаи равоншиносӣ чунин мегӯяд: «Роҳи беҳтарини ғолиб омадан бар ҳар гуна ҳиссиёт, хусусан бар он ҳиссиёте, ки шуморо нороҳат месозанд, ин ба доштани чунин ҳиссиёт иқрор шудан аст. Аз рад кардани ҳиссиёти худ ё барои он худро сахтгирона айбдор кардан даст кашед». Дар бораи ҳиссиёти худ бо ҳамсаратон, дигар аъзои оила ё дӯсти боваринокатон гап занед. Чунин сӯҳбатҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки ҳиссиёти худро фаҳмед ва мувозинатро аз даст надиҳед.

17 Дар баъзе мамлакатҳо, вақте ки аъзоёни оила дигар имконияти дар хона ба падар ё модари пиронсолашон нағз нигоҳубин карданро надоранд, онҳо ба чунин қарор омада метавонанд, ки волиди азизашон дар хонаи пиронсолон зиндагӣ кунад, то ба он кас ба таври лозима нигоҳубин кунанд. Як хоҳари масеҳӣ модарашро дар хонаи пиронсолон қариб ҳар рӯз хабар мегирифт. Вай дар бораи оилаи худ чунин нақл мекунад: «Мо имконият надоштем ба модарам тамоми 24 соат ба таври ба ӯ лозима нигоҳубин кунем. Розӣ шудан ба нигоҳубин дар хонаи пиронсолон бароямон осон набуд. Аз ҷиҳати эмотсионалӣ ин хеле ва хеле душвор буд. Лекин, дар моҳҳои охири ҳаёти ӯ ин қарори беҳтарин буд ва ӯ инро қабул кард».

18. Касоне, ки ба волидони худ нигоҳубин мекунанд, аз чӣ дилпур буда метавонанд?

18 Нигоҳубин кардани волидони пиронсол метавонад душвор бошад ва қуввати эмотсионалии зиёдро талаб кунад. Дар бобати нигоҳубин ва ғамхорӣ ба пиронсолон ягон қоидаи аниқ вуҷуд надорад: қароре, ки як оила оиди ин чиз мебарорад, наметавонад барои ҳама оилаҳо мувофиқ ояд. Лекин ба туфайли банақшагирии оқилона, ҳамкории хуби аъзоёни оила ва пеш аз ҳама, бо дуоҳои самимӣ шумо аз ӯҳдаи ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми наздикони пиронсоли худ баромада метавонед. Ин корро ба ҷо оварда, шумо қаноатмандӣ ҳис хоҳед кард, зеро медонед, ки ба волидонатон ба таври лозима ғамхориву таваҷҷӯҳ зоҳир карда истодаед. (1 Қӯринтиён 13:4–8-ро бихонед.) Аз ҳама муҳимаш, дилпур бошед, ки Яҳува шуморо барои иззату ҳурмат кардани волидонатон баракат медиҳад ва ба ақлу дили шумо оромӣ мебахшад (Флп. 4:7).

^ сарх. 3 Чиро беҳтар донистани волидон ва фарзандон аз маданияти ҳар ҷо вобаста аст. Дар баъзе ҷойҳо муқаррарист, ки волидон бо фарзандону наберагони худ якҷоя зиндагӣ кунанд. Дар дигар ҷойҳо бошад, қобили қабул аст ва ҳатто авло дониста мешавад, ки волидони пиронсол алоҳида, дар хонаи худ, ё дар ҷойҳои нигоҳубини пиронсолон зиндагӣ кунанд.

^ сарх. 11 Агар волидони шумо ба ҳар ҳол дар хонаи худашон зиндагӣ кунанд, чора андешед, то дар дасти касони боваринок, ки онҳоро хабар гирифта меистанд, калиди он хона бошад, то дар ҳолати фавқулодда онҳо даромада тавонанд.