Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хонандагони мо савол медиҳанд...

Оё дар ташкилоти Шоҳидони Яҳува занон ҳам таълим медиҳанд?

Оё дар ташкилоти Шоҳидони Яҳува занон ҳам таълим медиҳанд?

Дар саросари дунё миллионҳо заноне, ки Шоҳиди Яҳуваанд, дар кори таълимдиҳӣ иштирок карда, хушхабари Подшоҳиро ба одамон нақл мекунанд. Дар бораи ин воизони сершумор дар Забур 68:11 чунин пешгӯйӣ шудааст: «Яҳува амр медиҳад, заноне, ки хушхабарро мерасонанд, лашкари бузурганд».

Лекин хизмати онҳо аз хизмати занҳое, ки дар дигар динҳо хизматгузоранд, тамоман фарқ мекунад. Биёед фаҳмем, ки фарқ дар чист.

Масалан, заноне, ки дар дигар дин, махсусан дар дигар динҳои масеҳӣ, хизмати муқаддасро ба ҷо меоранд, дар ҷамоати худ сардориро ба уҳда мегиранд ва асосан пайравони дини худашонро таълим медиҳанд. Лекин заноне, ки Шоҳиди Яҳуваанд, хизмати худро берун аз ҷамоат ба ҷо меоранд, яъне ба хонаи мардум рафта ё дар дигар ҷойҳо бо одамон ҳамсуҳбат шуда, хабари хушро мерасонанд.

Фарқи дигар ин аст, ки дар дигар динҳо, аз ҷумла дар динҳои масеҳӣ, занон сардориро ба уҳда гирифта, таълимоту қоидаҳои динашро ба аъзои калисо ёд медиҳанд. Лекин дар ҷамоати Шоҳидони Яҳува, агар мардони таъмидёфта бошанд, занон таълим намедиҳанд. Дар ҷамоати Шоҳидони Яҳува танҳо мардоне таълим медиҳанд, ки барои омӯзондан таъйин шудаанд (1 Тимотиюс 3:2; Яъқуб 3:1).

Мувофиқи Китоби Муқаддас танҳо мардон дар ҷамоат сардорӣ карда метавонанд. Аҳамият диҳед, ки Павлуси расул ба Титус, ки нозир буд, чӣ гуфт: «Туро, эй Титус, барои он дар ҷазираи Крит мондам, ки... дар ҳар шаҳр пиронро таъйин намоӣ. Мардонеро пир таъйин кун, ки дар онҳо айбе ёфт нашавад, соҳиби як зан бошанд» (Титус 1:5, 6). Павлус ба Тимотиюс низ дастури ба ин монанде дод: «Ҳар касе нозир шудан хоҳад, кори хуберо орзу мекунад. Нозир бояд беайб, соҳиби як зан... бошаду ҳунари омӯзгорӣ дошта бошад» (1 Тимотиюс 3:1, 2).

Чаро дар ҷамоат танҳо мардон сардорӣ карда метавонанд? Павлус гуфт: «Ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ё бар мард ҳукмфармо бошад, балки хомӯш истад, зеро аввал Одам офарида шуд ва баъд аз ӯ Ҳавво» (1 Тимотиюс 2:12, 13). Аз он ки аввал кӣ офарида шуда буд, маълум мешавад, ки мувофиқи хосту нияти Худо кӣ бояд таълим диҳаду сардорӣ кунад.

Хизматгорони Яҳува ба намунаи Сарвари худ, Исои Масеҳ, пайравӣ мекунанд. Луқо, яке аз шогирдони Исо, дар бораи хизмати устодаш чунин навишта буд: «Исо шаҳр ба шаҳр ва қишлоқ ба қишлоқ гашта, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон кардан гирифт». Баъдтар Исо шогирдонашро фиристод, то мисли ӯ хушхабарро ба дигарон расонанд. Ҳамин тавр «онҳо ба роҳ баромаданд ва дар он сарзамин деҳа ба деҳа гашта, дар ҳама ҷо хушхабарро паҳн карданд» (Луқо 8:1; 9:2–6).

Дар замони мо ҳама хизматгорони Яҳува, ҳам марду ҳам зан, дар коре, ки Исои Масеҳ пешгӯйӣ карда буд, боғайратона иштирок мекунанд. Ӯ гуфта буд: «Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд. Пас аз ин анҷом фаро мерасад» (Матто 24:14).