Эстер нотарс буд
Боргирӣ:
1. Духтари одияк буд
Эстери майдаяк.
Дар бораи Худо ба вай
ёд медод Мордахай.
Калон шуду ногоҳ
ӯро карданд зани шоҳ —
Ӯ натарсид, хирад пурсид
ва писанд афтид.
(Нақарот)
Мехоҳам бошам доим
чун Эстер — ӯ буд далер.
Ӯ дӯст медошт Яҳуваро,
Ба ӯ мебаст умед.
Мехоҳам бошам доим
ҳам гапгиру ҳам бамеҳр.
Ёд гирам аз Эстер,
Чун ӯ шавам далер.
2. Шӯйи малика Эстер
бо Яҳува набуд,
Лекин баҳурмат буд ӯ
доим ба шӯйи худ.
Ӯ боре ҷон дар каф
халос кард халқашро аз хавф —
Ӯ натарсид, ба кор часпид
ва наҷотро дид.
(Нақарот)
Мехоҳам бошам доим
чун Эстер — ӯ буд далер.
Ӯ дӯст медошт Яҳуваро,
Ба ӯ мебаст умед.
Мехоҳам бошам доим
ҳам гапгиру ҳам бамеҳр.
Ёд гирам аз Эстер,
Чун ӯ шавам далер.