ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Одобу ахлоқ куҷо шуд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Беодобӣ имрӯз як чизи муқаррарӣ гаштааст. Беморон ба духтурон дод мезананд, мизоҷон кормандони тарабхонаро таҳқир мекунанд, мусофирон ба стюардессаҳо дағалӣ менамоянд, бачагон муаллимонро масхара мекунанд ва ҳатто ба онҳо таҳдиду ҳуҷум менамоянд. Бисёри сиёсатмадорон ба ҷанҷолу кашмакашиҳо дахолат мекунанд, баъзеяшон бошанд, кӯшиш мекунанд, ки худро пеши мардум боодоб нишон диҳанд.
Китоби Муқаддас одобнома нест, вале дар бораи одобу ахлоқ маслиҳатҳои боэътимод медиҳад. Дар он ҳамчунин фаҳмонида шудааст, ки барои чӣ имрӯз ахлоқи одамон паст рафта истодааст.
Чаро одамони хушодоб кам шудаанд?
Хушмуомилагӣ, ахлоқи хуб ва риояи қоидаҳои одобу рафтор, қариб ки аз байн рафтааст. Ин душворӣ дар тамоми ҷаҳон ба назар мерасад.
Ба наздикӣ донишкадаи Гэллапа мардуми Амрикоро дар бораи одобу ахлоқ назарпурсӣ кард. Мувофиқи он шумораи одамони беодоб дар Иёлоти Муттаҳида имрӯз назар ба 22 соли охир бештар шудааст.
Дар 28 кишвари ҷаҳон назарпурсӣ доир гардид, ки дар он беш аз 32 000 нафар иштирок намуд. Шасту панҷ фоизи иштирокчиён гуфтанд, ки вақтҳои охир одамон қоидаҳои одии одобу ахлоқро камтар риоя мекунанд.
Ин гуна рафтори одамон дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд.
«Дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд, зеро одамон худбин, пулпараст, лофзан, ҳавобаланд, куфргӯ, беитоат ба падару модар, кӯрнамак, ваҳшӣ, душмани некӣ [мешаванд]» (2 Тимотиюс 3:1–3).
Дар бораи иҷрошавии ин пешгӯйӣ аз мақолаи «Оё дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки ахлоқи одамон дар рӯзҳои мо чӣ гуна мешавад?» маълумоти бештар гирифта метавонед.
Роҳнамои боваринок
Дар дунёи имрӯза меъёрҳои одобу ахлоқ торафт беқадр шуда истодаанд. Аммо миллионҳо одамон ба хулосае омаданд, ки Китоби Муқаддас дар масъалаи одобу ахлоқ роҳнамои беҳамто мебошад. Маслиҳатҳои он «доимо, то абад [ва] бовариноканд» (Забур 111:8). Ана якчанд мисол:
Маслиҳати Китоби Муқаддас: «Чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр кунед» (Матто 7:12).
Маънидод. Мо бояд ба одамон меҳрубон бошем ва ҳурмату иззаташон кунем, чунки мо ҳам мехоҳем дигарон бо мо айнан ҳамин тавр рафтор кунанд.
Маслиҳати Китоби Муқаддас: «Бинобар ин, ҳоло ки дурӯғро аз худ дур кардаед, ба ҳамдигар рост гӯед, зеро мо аъзои якдигарем» (Эфсӯсиён 4:25).
Маънидод. Мо бояд ҳамеша дар рафтору гуфтор ростқавл бошем.
Агар дар ин бора бештар фаҳмидан хоҳед, лутфан, бо маълумоти зерин шинос шавед:
«Бурҷи дидбонӣ» бо номи «Чӣ хубу чӣ бад буданашро аз куҷо фаҳмем?»
Мақолаи «Чӣ тавр Китоби Муқаддас кумак мерасонад, ки дар сулҳу салоҳ бошем?»