Харитаи Китоби Муқаддас
Бо ёрии харитаи Китоби Муқаддас ки «Ба Замини неку нигаред» ном дорад, омӯзиши шахсиатонро рангоранг кунед. Дар Китоби Муқаддас номи бисёр ҷойҳо, шаҳрҳо ва давлатҳо вомехӯрад. Ҳангоми хониши Китоби Муқаддас аз ин харита истифода бурдан ба шумо кумак мекунад, ки воқеаро зинда гардонед. Он ҷойҳоро аз харита ёбед ва дар бораи ин ё он рӯйдод маълумоти бештар гиред.
«Ба Замини неку нигаред» харитаю ҷадвалҳои рангаи ҷойҳоеро дар бар мегирад, ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас навишта шудааст. Дар он ҳамчунин ҷадвалу ишорачаҳое ҳастанд, ки омӯзиши Китоби Муқаддасатонро шавқовартар мегардонанд.
Ин харитаи Китоби Муқаддас ба шумо кумак мекунад, ки
бо сафарҳои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб шинос шавед,
фаҳмед, ки исроилиён аз Миср баромада, то Замини ваъдашуда чӣ қадар роҳро тай карданд,
макони ҷойгиршавии Исроилро бо замини душманонашон муқоиса кунед,
бинед, ки Исо дар давоми хизматаш ба куҷоҳо сафар карда буд,
фаҳмед, ки қаламрави империяҳое, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, аз ҷумла Бобил, Юнон ва Рум, то чӣ андоза бузург буд.
Шумо метавонед харитаи Китоби Муқаддасро ба забони русӣ онлайн хонед.