Гузаштан ба маводи асосӣ

Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас

Дар ин видеонаворҳои кӯтоҳ гуфта шудааст, ки китобҳои Китоби Муқаддас чӣ тавр навишта шудаанд ва дар бораи чӣ мебошанд. Ин видеонаворҳо ба шумо ёрдам мекунанд, ки хониш ва омӯзиши Китоби Муқаддас бароятон боз ҳам шавқовар гардад.

Шиносоӣ бо китоби Ададҳо

Фаҳмед, ки барои чӣ бояд ба Яҳува итоат кунем ва ба онҳое, ки дар байни халқаш роҳбариро ба ӯҳда гирифтаанд, эҳтиром нишон диҳем.

Шиносоӣ бо китоби Такрори Шариат

Фаҳмед, ки чаро қонунҳое, ки Яҳува ба исроилиён дод, муҳаббати бепоёни Ӯро нисбати халқаш нишон медиҳанд.

Шиносоӣ бо китоби Юшаъ

Бинед, ки чӣ тавр халқи Исроил заминеро, ки Худо ба онҳо дод, забт намуда байни ҳам тақсим карданд.

Шиносоӣ бо китоби Доварон

Ин китоб, баъди он ки Яҳува мардони далеру боимонро истифода бурда халқи Исроилро аз дасти ситамгарон халос кард, номгузорӣ шуд.

Шиносоӣ бо китоби Рут

Китоби Рут дар бораи муҳаббати фидокоронае мебошад, ки келине ба хушдоманаш нишон дод. Онҳо ҳар ду шавҳарони худро аз даст дода буданд. Дар ин китоб ҳамчунин нақл карда мешавад, ки чӣ тавр Яҳува ҳар дуи онҳоро баракат дод.

Шиносоӣ бо китоби 1 Подшоҳон

Бо таърихи халқи Исроил шинос шуда фаҳмед, ки чӣ тавр ҷойи доваронро подшоҳон гирифтанд.

Шиносоӣ бо китоби 2 Подшоҳон

Шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр Довуд ба туфайли фурӯтанӣ ва имонаш яке аз қаҳрамонҳои машҳур ва дӯстдоштаи Китоби Муқаддас гашт.

Шиносоӣ бо китоби 3 Подшоҳон

Фаҳмед, ки чӣ тавр дар вақти ҳукмронии Сулаймон Исроил гул-гул шукуфта дар осудагӣ зиндагӣ мекард ва чӣ хел зери ҳукмронии ду подшоҳӣ, яъне Исроил ва Яҳудо, вақтҳои душвор фаро расид.

Шиносоӣ бо китоби 4 Подшоҳон

Фаҳмед, ки чӣ тавр осият ба подшоҳии шимолии Исроил зарар расонд ва чӣ хел Яҳува касонеро, ки ба ӯ содиқона хизмат мекарданд, баракат медод.

Шиносоӣ бо китоби 1 Воқеанома

Дар бораи авлоди Довуд, подшоҳи Исроил, маълумот гиред. Ҳамчунин дар бораи ҳаёти ӯ аз аввали подшоҳӣ то дами маргаш фаҳмед.

Шиносоӣ бо китоби 2 Воқеанома

Фаҳмед, ки чӣ тавр таърихи подшоҳони Яҳудо муҳимияти ба Худо вафодор буданро нишон медиҳад.

Шиносоӣ бо китоби Эзро

Яҳува ваъдаи худро иҷро карда халқашро аз Бобил озод мекунад ва ибодати ҳақиқиро дар Ерусалим барқарор менамояд.

Шиносоӣ бо китоби Наҳемё

Дар китоби Наҳемё барои ҳамаи онҳое, ки имрӯз Худои ҳақиқиро мепарастанд, дарсҳои муҳим оварда шудааст.

Шиносоӣ бо китоби Эстер

Воқеаҳои замони Эстер шуморо дилпур сохта метавонанд, ки Яҳува қудрати наҷот додани халқашро дорад.

Шиносоӣ бо китоби Айюб

Ҳамаи касоне, ки Яҳуваро дӯст медоранд, бо озмоиш дучор хоҳанд шуд. Нақл дар бораи Айюб моро дилпур месозад, ки мо метавонем беайбиамонро нигоҳ дошта ҳукмронии Яҳуваро тарафдорӣ намоем.

Шиносоӣ бо китоби Забур

Китоби Забур ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунад, ба дӯстдорони Ӯ кӯмак карда, тасаллӣ мебахшад ва нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин дунё ба воситаи Салтанаташ тағйир меёбад.

Шиносоӣ бо китоби Панднома

Дар ин китоб роҳнамоии Худоро дар ҳар соҳаи ҳаёт, аз масъалаҳои корӣ сар карда, то оиладорӣ, ёфтан мумкин аст.

Шиносоӣ бо китоби Суруди Сурудҳо

Чаро муҳаббату вафодории Шуламит нисбати чӯпонбача чун «алангаи илоҳӣ» тасвир шудааст?

Шиносоӣ бо китоби 1 Қӯринтиён

Дар ин нома, ки зери илҳоми Худо навишта шудааст, Павлус ба масеҳиён маслиҳат медиҳад, ки ягонагиро нигоҳ доранд, аз бадахлоқӣ дур шаванд, аз рӯйи муҳаббат амал намоянд ва ба эҳёшавии Исо бовар кунанд.

Шиносоӣ бо китоби 2 Қӯринтиён

Яҳува «Худои ҳар тасалло» хизматгоронашро тасаллӣ дода қавӣ мегардонад.

Шиносоӣ бо китоби Ғалотиён

Номаи Павлус ба ғалотиён чуноне ки дар замони навишта шуданаш буд, ҳамчунон дар рӯзҳои мо низ корбурд аст. Он ба масеҳиёни ҳақиқӣ ёрдам мекунад, ки ба Худо содиқ монанд.

Шиносоӣ бо китоби Титус

Павлус дар номаи худ ба Титус оиди ҳал кардани камбудии ҷамъомади Крит менависад ва талаботҳоеро номбар мекунад, ки барои пири ҷамъомад шудан лозиманд.

Шиносоӣ бо китоби Филемӯн

Ин номаи кӯтоҳ бошад ҳам, хеле таъсирбахш буда хислатҳои хоксорӣ, некӯкорӣ ва бахшанда буданро ёд медиҳад.

Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас

Бинед, ки чӣ тавр ҳар як китоб бо мавзуи асосии Китоби Муқаддас, яънe чӣ тавр Исои Масеҳ ба воситаи Подшоҳии Худо номи Яҳуваро ҷалол медиҳад, алоқаманд аст.

Шояд маълумоти зерин низ ба шумо маъқул шавад

КИТОБҲО ВА БРОШУРАҲО

Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он

Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас кадом аст?