Китоби Муқаддас дар бораи исқоти ҳамл чӣ мегӯяд?
Ҷавоби Китоби Муқаддас
Ҳарчанд дар Каломи Худо ибораи “исқоти ҳамл” вонамехӯрад, вале дар бисёр оятҳои он нуқтаи назари Худо нисбати ҳаёти одам, аз ҷумла тифли таваллуднаёфта оварда шудааст.
Ҳаёт атои Худо аст (Ҳастӣ 9:6; Забур 36:9). Худо ҳаёти инсонро, аз ҷумла ҳаёти тифлеро, ки дар батни модар аст, гаронбаҳо меҳисобад. Аз ин рӯ, агар ягон кас дидаву дониста тифли батнро кушад, қотил ҳисоб меёбад.
Дар Шариати Худо ба халқи Исроил зикр шудааст: «Агар одамон дастбагиребон шаванд ва зани ҳомиладорро бизананд ва ӯ бача афтонад, вале зарари дигаре ба ӯ нарасад, — айбдор бо ҷаримае ҷазо дода мешавад, вақте ки шавҳари зан онро аз вай талаб кунад ва онро вай бояд мувофиқи ҳукми доварон адо намояд. Ва агар зараре ба ӯ расад, он гоҳ ҷон дар ивази ҷон бидеҳ» (Хуруҷ 21:22, 23) a.
Ҳаёти инсон аз кадом вақт оғоз меёбад?
Вақте зан ҳомиладор мешавад, дар назари Худо ҳаёти тифл аллакай оғоз меёбад. Дар Китоби Муқаддас Худо чандин маротиба тифли батнро чун инсон тасвир мекунад. Аз мисолҳои зерин дидан мумкин аст, ки дар назари Худо байни ҳаёти тифле, ки дар батни модар аст ва кӯдаки таваллудшуда фарқе нест.
Зери илҳоми Худо шоҳ Довуд ба Худо гуфт: «Ҷанинамро чашмони Ту дидааст» (Забур 139:16). Барои Худо Довуд аллакай пеш аз таваллуд шуданаш шахсияти зинда буд.
Инчунин Худо пеш аз таваллуд шудани пайғамбар Ирмиё, медонист, ки ба ӯ супориши махсусе медиҳад. Худо ба пайғамбар гуфт: «Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ, туро тақдис намудам, туро барои халқҳо набӣ таъин кардам» (Ирмиё 1:5).
Яке аз нависандагони Китоби Муқаддас Луқо, ки табиб буд, вақте ӯ тифли батн ва кӯдаки навзодро тасвир мекунад, ҳамон як калимаи юнониро истифода мебарад (Луқо 1:41; 2:12, 16).
Оё Худо шахсеро, ки исқоти ҳамл кардааст, мебахшад?
Худо онҳоеро, ки исқоти ҳамл кардаанд, мебахшад. Агар чунин шахсон аз ҳозир ба ҳаёт аз нуқтаи назари Худо нигоҳ кунанд, набояд ҳисси гунаҳгорӣ онҳоро азоб диҳад. «Худованд раҳим ва бахшанда аст... Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст» (Забур 103:8–12). Яҳува b ҳамаи онҳоеро, ки аз гуноҳҳои кардаашон, аз ҷумла исқоти ҳамл, самимона тавба мекунанд, мебахшад (Забур 86:5).
Агар ҳаёти модар ё тифли батнаш зери хатар бошад, исқоти ҳамл кардан мумкин аст?
Мувофиқи нуқтаи назари Китоби Муқаддас дар бораи ҳаёти тифли батн, ҳатто агар ба саломатии модар ё тифл хатар таҳдид кунад, исқоти ҳамл кардан раво нест.
Вале, чӣ бояд кард, агар ҳангоми таваллуд шудани кӯдак фавран қарор қабул кардан лозим шавад, ки киро наҷот додан даркор — ҳаёти модар ё кӯдакро? Дар ин сурат, онҳое, ки масъулиятро ба дӯш доранд, бояд шахсан қарор бароранд, ки киро наҷот медиҳанд.
a Аз баъзе тарҷумаҳо маълум мешавад, ки дар ин қонун, ки ба халқи Исроил дода шуда буд, гап дар бораи муҳим будани ҳаёти модар меравад, на тифли батн. Аммо дар матни ибронӣ гап дар бораи ҳодисае меравад, ки бо марги модар ё марги тифли батнаш меанҷомад.
b Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува ин номи Худо аст (Ваҳй 4:11; Забур 83:18).