Гузаштан ба маводи асосӣ

Қайдҳои ҳуқуқӣ

Қайдҳои ҳуқуқӣ

Хуш омадед!

Ин вебсайт ба шумо ёрдам мекунад, ки дар бораи Худо, Китоби Муқаддас ва Шоҳидони Яҳува бисёртар маълумот гиред. Шумо метавонед ҳар маводи дилхоҳатонро хонед, тамошо кунед ё боргирӣ намоед. Мо мехоҳем, ки ҳама хоҳишмандон имконияти аз сайт истифода бурданро дошта бошанд, аммо аз шумо хоҳиш мекунем маводҳои сайти моро дар дигар сайтҳо нагузоред ва дар барномаҳои компютерӣ истифода набаред. Агар шумо маълумоти аз сайти мо фаҳмидаатонро ба дигарон расондан хоҳед, метавонед онҳоро мувофиқи «Шартҳои истифодабарӣ»-е, ки дар поён оварда шудаанд, ба ин сайт равона кунед.

 Ҳуқуқи муаллифӣ

© 2024 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania. Ҳамаи ҳуқуқҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Вебсайти мазкур аз тарафи ҷамъияти Watchtower Bible and Tract Society of New York, Inc (Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисола) омода шудааст ва дастгирӣ карда мешавад. Дар ҳолати дигар хел қайд нашудан, ҳамаи матнҳо ва маълумотҳои дигари дар сайт буда, моликияти зеҳнии ҷамъияти Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania, Inc. мебошад.

 Тамғаҳои молӣ

Adobe, рамзи Adobe, Acrobat ва рамзи Acrobat тамғаҳои молии ширкати Adobe Systems Incorporated мебошанд. iTunes ва iPod тамғаҳои молии ширкати Apple Inc. мебошанд. Microsoft, рамзи Microsoft ва ҳамчунин барнома ва маҳсулоти ширкати Microsoft аз ҷумла Microsoft Office ва Microsoft Office 365 тамғаҳои молии Microsoft Inc. Android тамғаи молии ширкати Google LLC мебошад. Тасвири роботи Android мувофиқи шартҳое, ки дар литсензияи Creative Commons «Бо нишондоди муаллиф» версияи 3.0 истифода бурда мешавад ва нусха ё шакли дигари тамғае мебошад, ки аз тарфаи ширкати Google сохта шудааст (https://creativecommons.org/licenses/by/3.0/us/). Ҳамаи дигар тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои молии бақайдгирифташуда моликияти соҳибони тааллуқдоштаи худ ҳастанд.

 «Шарти истифодабарӣ» ва ҳуқуқ барои истифодаи сайт

Ин «Шарти истифодабарӣ» барои аз ин сайт истифода бурдан қоидаҳоро муқаррар мекунад. Аз ин сайт истифода бурда шумо нишон медиҳед, ки ба пуррагӣ бо ин «Шарти истифодабарӣ» аз ҷумла бо «Шарти истифодабарии иловагӣ» (дар якҷоягӣ онҳо «Шарти истифодабарӣ»-ро ташкил медиҳанд) розӣ ҳастед. Агар шумо бо ин «Шарти истифодабарӣ» ё ягон қисми он норозӣ бошед, пас аз ин сайт истифода набаред.

Ин сайтро ба таври дуруст истифода бурдан, чиро дар бар мегирад? Мувофиқи маҳдудиятҳои дар поён овардашуда амал намуда, шумо метавонед:

  • расм, адабиёти электронӣ, мусиқӣ, сурат, матн ва видеоҳоеро, ки бо ҳуқуқи муаллиф ҳимоя шуда дар ин сайт гузошта мешаванд, барои истифодаи шахсӣ, на бо мақсади тиҷоратӣ тамошо, боргирӣ ва чоп кунед.

  • пайвандҳоро ба нусхаҳои адабиёти электронӣ, видео ва аудиоҳоеро, ки аз ин сайт боргирӣ кардан мумкин аст, ба дигарон фиристед.

Шумо наметавонед:

  • расм, адабиёти электронӣ, тамғаи молӣ, мусиқӣ, сурат, видео ва мақолаҳои ин сайтро дар интернет (дар дигар сомонаҳо ва сервисҳое, ки файлҳову видеоҳоро доду гирифт мекунанд ва шабакаҳои иҷтимоӣ) гузоред.

  • расм, адабиёти электронӣ, тамғаи молӣ, мусиқӣ, сурат, матн, видеоҳои ин сайтро ба воситаи ягон барномаи фароҳамовардашуда ё чун қисми он (аз ҷумла чунин маводро дар ягон сервер захира намуда дар барномаи фароҳамовардашуда истифода бурдан) паҳн кунед.

  • бо мақсади тиҷорат ё пулкоркунӣ (ҳатто агар ягон фоида набошад ҳам), ягон расм, адабиёти электронӣ, тамғаи молӣ, мусиқӣ, сурат, матн ё видеоҳои ин сайтро аз нав нашр кунед, такроран иҷро намоед, нусхабардорӣ кунед, паҳн намоед ё бо дигар роҳҳо истифода баред.

  • бо мақсади паҳн кардан, ягон барномаи компютерӣ ё барномаву тарзҳои махсусеро истифода баред, ки барои ҷамъоварӣ, нусхабардорӣ, боргирӣ, кушода додани маълумот, HTML, суратҳо ё матни ин сайт омода гаштаанд. (Ин паҳн кардани барномаҳои бепул, ки бо мақсади тиҷорат сохтанашудаанду барои боргирӣ кардани файлҳои электронӣ (мисли EPUB, PDF, MP3, AAC, MOBI, and MP4) аз қисми оммавии ин сайт истифода мешаванд, манъ намекунад.)

  • Нодуруст истифода бурдани ин сайт ё хизматрасонии он, масалан ба кори сайт дахолат кардан ё ба сайт ва хизматрасонии он бо дигар тарз ворид шудан.

  • Истифодаи ин сайт бо он тарзе, ки метавонад ба он зарар оварад ё кори ин сайтро вайрон карда, ворид шудан ба онро мушкил гардонад; истифодаи ин сайт ба тарзи ғайриқонунӣ, ғайриҳуқуқӣ, фиребгарона, бо мақсад ё фаъолияти зиёнрасонӣ.

  • Истифодаи ин сайт ё ягон расм, адабиётҳои электронӣ, тамғаҳои молӣ, мусиқӣ, суратҳо, матн ё видеоҳои онро бо ҳар гуна мақсади хариду фурӯш.

Бахши тиббӣ

 «Бахши тиббӣ»-и ин вебсайт танҳо барои маълумот омода гардидааст ва маслиҳатҳои тиббиро дар бар намегирад ва он набояд чун маслиҳати тиббӣ, ташхисӣ ё табобат истифода бурда шавад. «Бахши тиббӣ» ягон тафтишоти махсус, духтурон, маҳсулот, муолиҷа, ақидаҳо ё дигар маълумотеро, ки дар ин қисм оварда шудааст, тавсия намедиҳад.

Ҳамеша бо ягон саволи худ дар бораи ҳолати саломатиатон ё тарзи муолиҷа ба духтур ё дигар шахси соҳибихтисоси тандурустӣ муроҷиат кунед.

Дар ин вебсайт кӯшиш карданд, ки дар «Бахши тиббӣ» маълумоти аниқ ва охиронро илова кунанд. Аммо маълумоте, ки дар ин «Бахши тиббӣ» дастраси шумо мегардад, чуноне ки дарёфт шуд пешкаш карда мешавад ва ягон намуди кафолатро дар худ доро намебошад. Ин вебсайт, дар бахши мазкур, ягон кафолатҳои баръало дидашаванда ё дар назар дошташударо, аз ҷумла кафолати бо фурӯшравӣ алоқаманд ва барои ягон мақсад мутобиқат будан ва дигар намуди кафолатро ба зиммаи худ намегирад. Ин вебсайт ба эътимоднокӣ, дақиқ, саривақтӣ, фоиданокӣ ё пурра будани ягон маълумоте, ки тавассути «Бахши тиббӣ» дарёфт мешавад, кафолат намедиҳад. Ин вебсайт барои ягон хатогиҳо ё норасоиҳо дар маводҳои ин бахш масъулиятнок нест. Дар мавриди бовар кардан ё накардан ба ягон маълумоте, ки дар «Бахши Тиббӣ» оварда шудааст, танҳо худатон ҷавобгар мебошед. Ин вебсайт дар ягон ҳолат барои ҳар гуна даъвоҳо ё зарар (аз ҷумла ҳар гуна зарари тасодуфӣ ва иловагӣ, зарари шахсӣ/марги ғайриқонунӣ, аз даст додани фоида ё зарар дар натиҷаи гум кардани маълумот ё зарар ба фаъолияти соҳибкорӣ), ки дар натиҷаи истифода ё истифода бурда натавонистани «Бахши тиббӣ», ба амал меоянд, ҷавобгар нест. Ҳатто дар он мавридҳое, ки ин гуна даъвоҳо ё зарарҳо бо кафолат, шартнома, ҳуқуқвайронкунӣ ё ягон дигар назарияи ҳуқуқӣ асоснок гардида бошад ва ё ин вебсайт оиди имконияти ба миён омадани ин гуна даъвоҳо ё зарарҳо огоҳ карда шуда бошад ҳам.

Кафолат надодан ва маҳдудиятҳои ҷавобгарӣ

 This website and all information, content, materials, and other services made available to you through the website are provided by Watchtower on an “as is” basis. Watchtower makes no representations or warranties of any kind, express or implied.

Watchtower does not warrant that the website is free of viruses or other harmful components. Watchtower will not be liable for any damages of any kind arising from the use of any service, or from any information, content, materials, or other services made available to you through the website, including, but not limited to direct, indirect, incidental, punitive, and consequential (including loss of profits) damages.

Вайрон кардани «Шарти истифодабарӣ»

 Агар шумо бо ягон тарз ин «Шарти истифодабарӣ»-ро вайрон кунед (ҳатто агар он ба дигар ҳуқуқҳои Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, ки дар ин «Шарти истифодабарӣ» оварда шудаанд, осеб наорад ҳам), Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ метавонад чораҳои муносиб андешида, воридоти шуморо ба ин сайт муваққатан ё ба таври доимӣ манъ кунад, IP-адреси компютери шуморо бандад, ба интернет провайдератон бо хоҳиши манъ кардани воридоти шумо ба ин сайт ё андешидани чораҳои юридикӣ муқобили шумо, муроҷиат намояд.

Даровардани тағйирот

 Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ метавонад дар вақти дилхоҳ ин «Шарти истифодабарӣ»-ро тағйир диҳад. «Шарти истифодабарӣ»-и тағйирёфта аз вақти дар сайт гузошта шуданаш, расмӣ хоҳад гашт. Лутфан, доимо ин саҳифаро дида истед, то ки бо шартҳои тағйирёфта шинос шавед.

Қонун ва доираи ҳуқуқ

 Ин «Шарти истифодабарӣ» мувофиқи қонунҳои Иёлоти Ню-Йорк (И.М.А) бе назардошти зиддият ба ҳуқуқ идора карда мешаванд. Ҳар як даъвои судиеро, ки бо ин «Шарти истифодабарӣ» алоқаманданд, ба Суде (суди иёлот ё суди федералӣ), ки ҳукмаш ба тамоми иёлоти Ню-Йорк (И.М.А) ҳаққи баррасӣ дорад, муроҷиат бояд кард.

Шарти истисно

 Агар баъзе аз ин «Шартҳои истифодабарӣ», бо қарори суди комилҳуқуқ бекор, ғайри қобили амал ё ғайриқонунӣ дониста шавад, бақияи ин шартҳо амал карданро идома хоҳанд дод. Агар Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ яке аз ин «Шартҳои истифодабарӣ»-ро иҷро накунад, ин маънои онро надорад, ки вай аз ҳуқуқи қонунии худ дар ин асос даст кашидааст.

Шартнома

 Ин «Шарти истифодабарӣ» байни шумо ва Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ шартномае оиди истифодаи шумо аз ин сайт мебошад ва тамоми шартномаҳои пештараро, ки ба истифодаи ин сайт тааллуқ доранд, иваз мекунад.