Кӯмаки Шоҳидони Яҳува ҳангоми обхезӣ дар Венгрия аз назар пӯшида намонд
Моҳи июни соли 2013 дар Аврупои Марказӣ бар асари борони сахт оби дарё аз маҷрояш ба соҳил баромада боиси обхезӣ гардид. Зеро дар Венгрия сатҳи оби дарёи Дунай аз меъёри баландтарини худ гузашт.
Дар минтақаи обхезӣ ҳолати фавқуллода эълон карда шуд. Вазорати захираҳои инсонии Венгрия ба филиали маҳаллии Шоҳидони Яҳува муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои обхезӣ кӯмак кунад. Бинобар ин филиал ҷамъомади минтақаҳои дарёи Дунайро водор кард, ки ба ҳукумат барои пешгирӣ намудани обхезӣ дасти ёрӣ дароз кунанд.
Ҷамъомад ин ташаббусро бо ҷону дил дастгирӣ карда дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иштирок намуд. Аз 72 ҷамъомад зиёда 900 Шоҳиди Яҳува дар қатори дигар одамон меҳнат намуданд. Аз онҳо хоҳиш карданд, ки лавҳачаи сарисинагии навиштаҷоти «Шоҳидони Яҳува»-ро дошта бошанду дар он ном ва шаҳрашонро нависанд.
Дар яке аз шаҳрҳо намояндаи Салиби Сурх дар Венгрия ба ҷамъомади Шоҳидони Яҳува нома фиристод, ки дар он чунин омадааст: «Ба шумо барои намунаи беҳтарини ягонагӣ ва омодагиатон миннатдорӣ ва эҳтироми худро баён мекунем. Чунки шумо ба дур будани роҳ нигоҳ накарда ба ёрдами мо омадед. Ман мехоҳам, ки тамоми шаҳр дар бораи шумо фаҳмад».
Раиси ташкилот оид ба кӯмак дар вақти обхезӣ, ки ҳамчунин аъзои парлумони Венгрия мебошад, ба филиали Шоҳидони Яҳува мактуби миннатдорӣ фиристод.