Гузаштан ба маводи асосӣ

Анҷумани тагалогӣ дар Рум — ин як вохӯрии оилаи калон буд!

Анҷумани тагалогӣ дар Рум — ин як вохӯрии оилаи калон буд!

Филиппин ватани мардуми тагалог аст. Ҳазорҳо Шоҳидони Яҳува, ки ба забони тагалогӣ гап мезананд, беш аз 10 000 километрро тай карда ба пойтахти Итолиё шаҳри Рум сафар карданд. Ин анҷумани махсус, ки аз 24 то 26-уми июли соли 2015 давом кард, одамони зиёдро ҷамъ овард.

Аз рӯи як ҳисобот ҳоло дар Аврупо зиёда аз 850 000 филиппинҳо зиндагӣ мекунанд. Ба забони тагалогӣ қариб 60 ҷамъомади Шоҳидони Яҳува ва гурӯҳҳои хурде ҳастанд, ки ба филиппинҳои маҳаллӣ хушхабарро мавъиза мекунанд.

Дар ин анҷумани серӯза, дар Рум ҳамаи ин ҷамъомадҳову гурӯҳҳо ҷамъ омаданд. Ин аввалин анҷуман ба забони модарии онҳо буд. Бародар Марк Сандерсон, аъзои Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува ҳар рӯз бо нутқи ҷамъбастӣ баромад мекард. 3 239 нафар иштирокчиён бо ҳаяҷон нутқи бародар Маркро, ки пештар дар Филиппин хизмат карда буд, гӯш карданд.

«Ба дилам сахт таъсир расонд»

Оё ба шахс фарқ дорад, ки анҷуманро ба забони модариаш гӯш кунад ва ё ба забони дигар? Модари танҳое бо номи Ева чунин мегӯяд: «Ман забони англисиро он қадар хуб намедонам. Барои ҳамин раҳмати калон, ки анҷуман ба забони тагалогӣ гузашт. Таълимоти Китоби Муқаддас ба дилам сахт таъсир расонд». Ева бо ду фарзандаш дар Испания зиндагӣ мекунад. Барои ба Итолиё сафар кардан онҳо қарор карданд, ки чун пештара ҳар ҳафта неву танҳо дар як моҳ як бор дар ягон қаҳвахона хӯрок мехӯранд ва ҳамин тавр пулҳои худро ҷамъ мекунанд. Ева мегӯяд: «Ин қурбонӣ арзанда буд, чунки ман ҳамаи фикрҳои ин анҷуманро фаҳмидам!»

Ясмин, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, барои ба анҷуман рафтан аз ҷои кораш ҷавоб гирифт. Ӯ мегӯяд: «Дар аввал ба ман гуфтанд, ки туро ҷавоб дода наметавонем, чунки кор бисёр аст. Аммо ман оромиро аз даст надода, ба Яҳува дуо гуфтам ва боз ба назди сардор даромадам. Мо корро тавре ташкил кардем, ки ман ба анҷуман рафта тавонам. Чӣ қадар аҷоиб буд вақт гузарондан бо бародару хоҳарони филиппинӣ, ки аз тамоми Аврупо ҷамъ омада буданд!»

Албатта, филиппинҳои дар Аврупобуда, на танҳо ватани худро, ҳамчунин ёру дӯстони ба дигар минтақаҳои Аврупо муҳоҷир шудаашонро ёд мекунанд. Ин анҷуман ба онҳо имконият дод, ки ба дидори ҳамдигар расанд. Лекин акнун онҳо на ҳамчун дӯстон, балки чун бародару хоҳарони рӯҳонӣ вохӯрданд (Матто 12: 48-50). Фабрис чунин мегӯяд: «Одамони шиносро дида дилам аз шодӣ пур мешуд!» Дар охири анҷуман як хоҳар бо овози баланд гуфт: «Ин як вохӯрии оилаи калон буд!»