Баракати бебаҳо барои халқи Яҳува!
Нашри «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддас
Рӯзи 13-уми моҳи июни соли 2021 «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» ба забони тоҷикӣ дастрас шуд.
«Тарҷумаи Дунёи Нав» бо дақиқу дуруст расондани паёми илоҳӣ ном баровардааст (2 Тимотиюс 3:16). Ин тарҷума аз дигар тарҷумаҳо чӣ фарқ дорад? Онро кӣ тарҷума кардааст? Оё ба дурустии ин тарҷума бовар кардан мумкин аст?
Шумо чӣ гуна тарҷумаи Китоби Муқаддасро дар даст доред?
«Китоби Муқаддас серхаридортарин китоби ҳар сол аст»,— навишта буд профессори тиҷорати байналхалқӣ Деклан Ҳейс. Аммо, афсӯс, на ҳама тарҷумаҳои Китоби Муқаддас аниқу дурустанд. Масалан, ноширони як тарҷумаи Китоби Муқаддас аз он баъзе порчаҳоро, ки ба назарашон дилгиркунанда тофтанд, гирифта партофтанд. Дар тарҷумаи дигаре барои ба хонандагони имрӯз писанд омадан ё хафа накардани онҳо баъзе ҷойҳои матнро дигар карданд.
Аммо аз ҳама бадаш ин аст, ки аксари тарҷумонони Китоби Муқаддас бо номи Худо, Яҳува, чӣ кор карданд. (Шакли дигари номи илоҳӣ «Яҳве» аст.) Дар нусхаҳои қадимтарини Китоби Муқаддас номи илоҳӣ бо чор ҳарфи ҳамсадои ибронӣ навишта шудааст. Он чор ҳарф дар тоҷикӣ ЙҲВҲ талаффуз мешавад. Номи Худо танҳо дар Навиштаҳои Ибронӣ қариб 7000 бор вомехӯрад (2 Мӯсо 3:15; Забур 83:18). Равшан аст ки, Офаридгорамон мехоҳад парастандагонаш ин номро донанду ба забон гиранд!
Лекин асрҳо пеш яҳудиён аз хурофотпарастӣ ба забон гирифтани номи илоҳиро бас карданд. Дертар чунин нуқтаи назар ба динҳои масеҳӣ ҳам роҳ ёфт (Корнома 20:29, 30; 1 Тимотиюс 4:1). Имрӯз аксар тарҷумонони Китоби Муқаддас номи Худо — Яҳуваро, бо калимаи «Худованд» иваз кардаанд. Дар баъзе тарҷумаҳо, масалан дар «Тарҷумаи форсии дарӣ», ҳатто калимаи «ном» аз Юҳанно 17:6 гирифта шудааст: «Ман туро... шиносонидам», ҳол он ки дар матни асл суханони Исо чунин омадаанд: «Ман номи туро... маълум намудам».
Баъзе олимон мегӯянд, ки онҳо номи Худоро бо калимаи «Худованд» иваз карда, ба анъанаи тарҷумонони Китоби Муқаддас пайравӣ намудаанд. Дигарон иқрор мешаванд, ки онҳо ба хотири бештар ба фурӯш рафтани китоб ин корро карданд *. Лекин Исо пайравони одату анъанаҳоеро, ки Худоро беҳурмат месозанд, маҳкум карда буд (Матто 15:6). Ғайр аз ин, дар ягон ҷойи Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки номи Худоро бояд иваз кард. Як фикр кунед: Исои Масеҳ унвонҳои зиёд дорад, масалан «Каломи Худо», «Подшоҳи подшоҳон» ва ғайра (Ошкорсозӣ 19:11–16), лекин ҳеҷ тарҷума номи Исоро бо яке аз ин унвонҳояш иваз накардааст. Пас, чаро иваз кардани номи Худоро раво медонанд?
Ин бисёр масъалаи муҳим аст. Як маслиҳатгари тарҷумаи Китоби Муқаддас дар Ҳиндустон аз Китоби Муқаддас гирифтани номи Худоро нодуруст мешуморад. Ӯ мегӯяд, ки, вақте гап дар бораи Худо меравад, танҳо «Худо» ё «Худованд» ном бурдани ӯ «шавқи ҳиндуҳоро бедор намекунад, онҳо номи Худоро донистан мехоҳанд. Танҳо дар ин ҳол онҳо метавонанд ӯро шиносанд ва ба ӯ наздик шаванд». Ин нукта на фақат дар бораи ҳиндувон дуруст аст. Донистани номи Худо барои ҳамаи одамони худоҷӯ шарт аст, ин қадами аввалест барои шинохти ӯ (2 Мӯсо 34:6, 7). Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад» (Румиён 10:13). Пас, барои парастандагони Худо ба забон овардани номи ӯ ҳатмист!
Тарҷумае, ки Худоро ҷалол медиҳад
Вақте соли 1950 ба забони англисӣ «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Навиштаҳои Юнонӣ аввалин бор нашр шуд, ин барои парастандагони Худо баракати бебаҳо буд. Дар давоми солҳои минбаъда Навиштаҳои Ибронӣ қисм ба қисм ба чоп расид. Соли 1961 Китоби Муқаддас пурра ба забони англисӣ дар як ҷилд нашр шуд. Ҷолиби диққат аст, ки дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» номи илоҳӣ — Яҳува, ки дар Навиштаҳои Ибронӣ қариб 7000 бор вомехӯрад, дар ҳама ҷо барқарор шуд. Дар Навиштаҳои Юнонӣ бошад, ин ном дар 237 ҷо барқарор шуд.
Барқарор кардани номи Яҳува на танҳо Худоро ҷалол медиҳад, боз он ба хонандагон кумак мекунад, ки Навиштаҳоро хубтар фаҳманд. Масалан, дар бисёр тарҷумаҳо ояти Матто 22:44 чунин омадааст: «Худованд ба Худованди ман гуфт». Дар ин ҷо кӣ ба кӣ гап мезанад? Фаҳмидани ин хеле душвор аст. Ин оят иқтибос аз Забур 110:1 аст ва дар матни асли ибронияш номи Худо зикр ёфтааст. Аз ин сабаб дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» Матто 22:44 чунин садо медиҳад: «Яҳува ба Ҳазрати ман гуфт». Акнун хонандагон метавонанд ба осонӣ фаҳманд, ки ин ҷо Яҳува Худо ба Писараш Исо гап мезанад.
Ин тарҷумаро кӣ тайёр кардааст?
«Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо, ки намояндаи ҳуқуқии Шоҳидони Яҳува мебошад, нашр кард. Зиёда аз сад сол Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро чоп карда, дар тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд. «Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро гурӯҳи Шоҳидони Яҳува тайёр кардааст, ки Кумитаи «Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро ташкил медоданд. Азбаски аъзои ин кумита ба худ шуҳрат намеҷустанд, онҳо хоҳиш карданд, ки номашонро, ҳатто баъди маргашон, ошкор накунанд (1 Қӯринтиён 10:31).
Чаро ин Китоби Муқаддас «Тарҷумаи Дунёи Нав» ном дорад? Чуноне ки дар пешгуфтори нашри соли 1950 навишта шуда буд, Шоҳидони Яҳува дилпуранд, ки одамизод «дар остонаи дунёи нав», ки дар борааш дар 2 Петрус 3:13 ваъда дода шудааст, истодааст ва то «аз ин дунёи куҳна ба дунёи нави росткорӣ гузаштанамон» муҳим аст, ки тарҷумаҳои Китоби Муқаддас «ҳақиқати поки Каломи Худоро» дурахшон созанд.
Тарҷумаи дурусту дақиқ
«Тарҷумаи Дунёи Нав» тарҷумаи дақиқу дуруст аст. Нашри англисии он аз забонҳои асл, яъне ибронӣ, арамӣ ва юнонӣ, тарҷума шуда буд ва тарҷумонон аз дастхатҳои боэътимоди Навиштаҳои Иброниву Юнонӣ истифода бурданд. Онҳо бисёр меҳнат карданд, ки матни қадимаро ҳар чӣ аниқтар тарҷума кунанд ва ҳамзамон забонеро истифода баранд, ки хонандаи имрӯза ба осонӣ фаҳмида тавонад.
Аз ин рӯ ҷойи тааҷҷуб нест, ки баъзе олимон «Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро барои аниқу дуруст буданаш таъриф мекунанд. Соли 1989 олими забони ибронӣ Бенҷамин Кедар-Копфштейн, чунин гуфта буд: «Ҳангоми таҳлили забонҳои асли Навиштаҳои Ибронӣ ва тарҷумаҳои он ман зуд-зуд аз нашри “Тарҷумаи Дунёи Нав”-и англисӣ истифода мебарам. Ман ҳар дафъа бовар ҳосил мекунам, ки ин тарҷума натиҷаи заҳмати шахсонест, ки барои беҳтар фаҳмидани матн бисёр кӯшиш кардаанд».
Нашри Китоби Муқаддас ба забонҳои дигар
Баъдтар Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро ба забонҳои дигар тарҷума карданд. Онҳо Китоби Муқаддасро қисман ё пурра ба 205 забон нашр намудаанд. Истифодаи барномаҳои компютерӣ кори тарҷумаро басо сабуктар кард. Шуъбаи хизматрасонӣ ба тарҷумонон ташкил шуд, то кори тарҷумонон осон карда шавад. Тарҷумаи Китоби Муқаддасро Ҳайати Роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува ба воситаи Кумитаи нависандагӣ назорат мекунад. Ин кор чӣ тавр иҷро мешавад?
Пеш аз ҳама, аз байни имондорони масеҳӣ гурӯҳи тарҷумонӣ ташкил дода мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки, вақте тарҷумонон алоҳида неву якҷоя кор мекунанд, тарҷумаашон беҳтару пухтатар мешавад (Масалҳо 11:14). Ҳар як узви гурӯҳ аллакай дар тарҷумаи адабиёти Шоҳидони Яҳува иштирок карда, таҷриба пайдо кардааст. Пеш аз сар кардани тарҷума ба тарҷумонон принсипҳои асосии тарҷумаи Китоби Муқаддас ва барномаҳои махсуси компютерӣ таълим дода мешавад.
Ба гурӯҳи тарҷумонӣ дастур дода мешавад, ки Китоби Муқаддасро аниқ ва ҳамзамон осонфаҳм тарҷума кунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки то ҳадди имкон тарҷума ба матни асл наздик бошад, аммо эҳтиёт мешаванд, ки маънояшро дигар накунанд. Онҳо чӣ тавр ба ин мақсад мерасанд? Биёед инро дар мисоли Китоби Муқаддаси тоҷикӣ, ки нав нашр шуд, дида бароем. Аввал гурӯҳи тарҷумонон барои калимаву ибораҳои асосии «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и англисӣ калимаву ибораҳои мувофиқи тоҷикиро интихоб кард. Онҳо аз як барномаи компютерӣ («Watchtower Translation System») истифода бурда, диданд, ки кадом калимаҳои Китоби Муқаддас ҳамреша ё ҳаммаъноянд ва фаҳмиданд, ки ин ё он калимаи иброниву юнонӣ дар ҷойҳои гуногун ба забони англисӣ чӣ тавр тарҷума шудааст. Ин ба тарҷумонон кумак кард, ки калимаю ибораҳои мувофиқи тоҷикиро интихоб кунанд. Ин корро тамом карда, гурӯҳ ба тарҷумаи Китоби Муқаддас сар кард. Вақте онҳо оят ба оят тарҷума мекарданд, он барнома калимаҳои тоҷикии интихобкардаашонро нишон медод.
Азбаски кори тарҷума эҷодкорӣ металабад, тарҷумонон ҳамон як калимаву ибораҳоро дар ҳама ҷойи матн як хел тарҷума накардаанд, балки кӯшидаанд, ки фикри матни аслро дурусту табиӣ баён кунанд. Равшан аст ки, ин кор заҳматталаб буд. Бешубҳа, нашри «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и тоҷикӣ Каломи Худоро ба таври равшану равон ва осонфаҳму дуруст пешкаши хонанда месозад *.
Масалан, дар ҷое ки баъзе тарҷумаҳо калимаи «баргузидан»-ро истифода бурдаанд, дар ин тарҷума «интихоб кардан» ва «хуш кардан» гуфта шудааст. Ба ин монанд, ба ҷойи «Малакут» «Подшоҳӣ» истифода шудааст, ба ҷойи «Иди Фисҳ» — «Иди Раҳоӣ» (2 Мӯсо 34:25), ба ҷойи «ҳавворӣ» — «расул» (Матто 10:2), ба ҷойи «эҳё» — «зинда шудан», «зинда кардан» (Матто 10:8), ба ҷойи «забҳ кардан» — «сар буридан», «қурбон кардан» ва «куштан» (2 Мӯсо 12:6), ба ҷойи «фидия» — «товон», «бозхарид» (2 Мӯсо 13:13; 21:30) ва ба ҷойи «мамот» — «марг» (Ошкорсозӣ 21:4).
Ҳамчунин дар баъзе тарҷумаҳо калимаҳои ибронии «шео́л» ва юнонии «ҳа́дес» «дӯзах» тарҷума шудаанд, ки ин хатост. Аз ин рӯ дар ин тарҷума ба ҷойи «дӯзах» «гӯр» истифода шудааст, ки фикри дурустро баён мекунад (Забур 16:10; Ошкорсозӣ 1:18). Дар бисёр тарҷумаҳо калимаи юнонии «ставрос» «салиб» (крест) тарҷума шудааст, ҳол он ки он маънои «хода», «чӯб» ва «сутун»-ро дорад. Аз ин рӯ дар ин тарҷума ин калима «сутун» тарҷума шудааст (Матто 27:42; Юҳанно 19:25).
Мо шуморо даъват мекунем, ки «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддасро омӯзед. Шумо онро аз сайтамон ё аз барномаи «JW Library» хонда метавонед. Инчунин шумо метавонед нусхаи чопии онро аз Шоҳидони Яҳува пурсед. Дилпур бошед, ки ин китоб суханони Худоро ба забони шумо аниқу дуруст мерасонад. Ин нашри Китоби Муқаддасро хонда, шумо худатон мефаҳмед, ки он, дар ҳақиқат, баракати бебаҳост!
Хусусиятҳои «Тарҷумаи Дунёи Нав»
Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас: ин қисм оятҳоеро дар бар мегирад, ки ба 20 савол ҷавоб дода, таълимоти асосии Китоби Муқаддасро мефаҳмонанд
Тарҷумаи дақиқ: барои матни ибрӣ, арамӣ ва юнониро ба англисӣ ва аз англисӣ ба забони тоҷикӣ аниқ тарҷума кардан меҳнати зиёд карда шуд
Оятҳои ҳошия: ин оятҳо диққати хонандаро ба оятҳои монанди Китоби Муқаддас равона месозанд
Замимаи А: ин замима дар бораи нашри нав маълумот медиҳад. Масалан, дар он дар бораи нигоҳ доштани номи илоҳӣ ва хусусиятҳои услубиву луғавии ин тарҷума гуфта шудааст
Замимаи Б: ин қисм 15 бахш дошта, харитаву ҷадвалҳои рангаро дар бар мегирад
^ сарх. 9 Масалан, координатори «Тарҷумаи нави байналхалқӣ» менависад: «Яҳува номи махсуси Худост ва мо бояд онро истифода мебурдем. Лекин мо ба ин тарҷума 2 250 000 доллар ҷудо кардем ва, агар номи Худоро иваз намекардем, зарари калон медидем. Масалан, агар таронаи 23-и Забурро “Яҳве чӯпони ман аст” тарҷума мекардем, бешубҳа, пуламон барбод мерафт».
^ сарх. 24 Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тарзи тарҷумаи Китоби Муқаддас ва хусусиятҳои нашри тоҷикӣ ба Замимаҳои А1 ва А2-и «Тарҷумаи Дунёи Нав» нигаред.